Якшанбе, 22.06.2025, 12:43
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Фалсафа

В категории материалов: 7
Показано материалов: 1-7

 Масъалаҳои асосии баҳси фалсафӣ
Фалсафа - ин ҷаҳонбинии аз ҷииати назарияви асосноккардашуда мебошад. Ин системаи умумитарини нуқтаи назархо ба олам ва мавқеи инсон дар он аст. Фалсафа шаклҳои гуногуни муносибати инсонро ба олам муайян мекунад. Фалсафа таълимоти корбаст кардашуда, аз љињати назарияви асоснок кардашудаи ҳикмат аст.
Дар ҷаҳонбинии фалсафави доимо ду нуқтаи назари ба ҳам зид вуҷуд дошт, ки яке ба олами беруна равона шуда, тасаввуротро оид ба олам ба вуҷуд меорад, дигаре ба ботини одам равона шудаасту кўшиши худшиноси, фањмиши ҷою мақоми инсон дар олам аст.
Дар ин ҷо одам на чун ашё, на чун ҷузъи олам, балки чун њастии махсус арзи вуљуд мекунад.           
Муносибати олами беруна, олами модди ба олами руњии инсон, ба ботини он яке аз масъалањои муњимтарини фалсафа мебошад.
Ин формулаи умумї ва обстрактии ҳар як масъалаи фалсафї мебошад, бино бар ин онро масъалаи асосии фалсафа меноманд. Чї тавре, ки Ф.Энгелс ќайд мекунад масъалаи бузургтарин ва асосии фалсафа ин масъалаи «муносибати тафаккур ба ҳасти» мебошад. Моҳияти асосии ин масъаларо чунин савол ташкил медињад: Чї якум аст? Рўш ё табиат? Модда ё шуур? Ин муносибати инсон чун ягона мавҷудоти соҳибшуур ба олами объективї мебошад. Тарафи дигари ин масъала ба донисташавандагии олам вобаста аст. Ба ин савол ҷавоб дода истода файласуфон ба ду гурўҳи калон људо шуданд: онњое, ки рўҳ, ғоя, аќли кулл то табиат вуљуд дошту табиатро офаридааст – яъне ғоя якӯм аст мегуфтанд «идеалист», онҳое ки табиат, модда якӯм буда, дар натиљаи инкишофаш шуурро ба вуљуд овардааст мегуфтанд, «материалист» номида шуданд.
Хамин тариќа, дар фалсафа ду равияи ба ҳам зид - идеализм ва материализм пайдо шуданд. Њар яки ин равияи фалсафї, вобаста ба инкишофи ҷамъият, инкишофи иќтисодї – иљтимої ва сиёсї  ё худ таназзули љамъият, ривољ меёфтанд  ё ки таназзул мекарданд. Агар дар давраи антиќї ҳар ду равия баробар пеш рафта бошанд, дар асрҳои миёна, фалсафаи материалистї таназзул карду идеализм ривољ ёфт. Дар давраи нав, давраи капитализм фалсафаи материалистї ҳукмрон гашт.
Файласуфон инчунин ба масъалаҳои дониш, ҳаќиќат, адолат, хушбахтии инсон руй оварда ин масъалаҳоро низ муҳим арзёбӣ менамоянд. Масалан, файласуфи фаронсави Албер Камю менависад, ки «Оё ҳаёти инсон, бо ранxу азобе, ки барои гузаронидани он сарф мешавад, меарзид ё не, масъалаи асосии фалсафа аст». ({ол он, ки Албер Камю маш[уртарин файласуфи гуманисти асри ХХ, дорандаи xоизаи Нобели мебошад).
Тарафи дуюми масъалаи асосии фалсафаро бо саволи олам донисташаванда аст ё не ифода кардан мумкин аст. Дар натиљаи љавоб додан ба ин савол чунин равияҳои фалсафї монанди агностисизм, скептисизм ва оптимизм ба вучуд омаданд.
Агностисизм (А – ҳиссачаи инкори, гносеус – дониш, маърифат), - таълимотест дар бораи донистанашаванда будани олам.
Скептисизм (шаккокия), таълимотест, ки ба донисташаванда будани олам шубҳа мекунад.
Оптимистон (некбинон) оламро донисташаванда меҳисобанд.
 

 
Фалсафа | Просмотров: 2196 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Ҷаҳонбини ва шаклҳои асосии он.
 
Ҷаҳонби системаи ақидаҳои ҷомеъ дар бораи олами объективи ва мавқеи инсон дар он, муносибати одамон ба воқеият, инчунин эътиқоду идеал ва принсипҳои маърифату фаъолияти инсон мебошад, ки дар зимни ақидаҳои мазкур шакл гирифтаанд.
Ҷаҳонбини дар асоси донишҳои табиатшиноси, иҷтимоию таърихи, техникию фалсафи, инчунин, идеологи ташаккул меёбад.
Ҷаҳонбини аз рўи мазмуну моҳияташ илми ва ғайриилми материалистї ва идеалисти, дини ва атеисти, инқилобї ва иртиҷои (иртиҷоъ – баргаштан, ба ҳоли аввал бозгаштан) мешавад. Ҳар як шахс дорои Ҷаҳонбинист, ки он дар асоси эътиқод, дониш ва таљрибаи зиндаги шакл мегирад. Инсоният дар тўли таърихи дарозаш якчанд зинаи ташаккулёбии ҷаҳонбиниро тай кардааст. Одатан ҷаҳонбинии асотири, дини ва илми ё фалсафиро фарқ мекунанд.
Асотир - шакли шуури ҷамъияти, тарзи фаҳмиши олам мебошад, ки дар зинањои ибтидоии инкишофи  љамъият пайдо шудааст. Ҳамаи халќҳои  ҷаҳон асотир доранд. Инҳо ќиссаҳо – афсонаҳои  наслҳои ќадим мебошанд, ки дар бораи худоён, ќаҳрамонҳо, подшоњон ва офариниши оламу пайдоиши одам наќл  менамоянд. Асотирњои халќњои тараќќиёфта ба ќиссањои бо њам алоќаманд људо шуда,  як системаи томро ташкил медињанд. Ин асотирњо дар шакли бадеї, - дар «Илиадаи» Гомери  Юнонї, «Рамаяна»-и Ҳиндуёни Қадим ва «Шоњномаи»-и  халќњои  форсу-тољик, - то замони мо омада расидаанд.
Асотирњо – шакли ќадимтарини маданияти маънавии одамон буда, дар  худ  љанинњои  донишњои илмї, эътиќодҳои  динї, назарияњои  ахлоќию сиёсї ва фалсафиро таљассум менамоянд. Асотир  чун  шакли универсалии шуур  баромад намуда,  ҳиссу дарки олам, фањмиши одамони замони ибтидоиро дар бораи табиату ҷамъият дар бар  мегирад.
Асотир ҷаҳонфаҳмии яклухт буда, дар он дониши илмї, эътиќодҳои динї ва фалсафа якбора вуљуд доранд.
Бо ёрии асотир халќ гузашта, њозира ва ояндаашро ба њам мепайвандад, алоќаи маънавии наслњоро ба вуљуд меоварад.
Дар асотир  ягонагии табиату ҷамъият талќин карда мешавад  Бо таназзули љамъияти ибтидої асотир ањамияти худро гум кард.  Вале масъалањоро оиди пайдоиши олам, одам, асрори ҳаёту марг аз худ боќї гузошт, ки ин масъалаҳоро ворисони асотирњо, яъне дину фалсафа, њҳар яке бо тарзи худ ҳаллу фасл кардани мешаванд. 
Дин - яке аз  шаклњои шуури љамъиятї, чунин шакли љањонбиниест, ки дар он  азхудкунии олам ба ду људо  мешавад:  яке олами воќеї, ки онро бо эњсос дарк мекунанд, ва олами дигар, олами фавќуттабиа, ки дарки он мумкин нест. Асоси љањонбинии диниро эътиќод ба мављуд  будани он дунё ва миранда будани љисму абадияти рўњ ташкил медињад.
Эътиќод - тарзи мављудоти шуури динї аст. Он њолати махсуси руњї аст, ки њолати ботинии инсонро нишон медињад. Шакли зоњирии эътиќод расму одат ва анъанањои динї монанди: намоз, рўза, муќаддасот ва ѓайра мебошад. Тасаввуроти динї бо урфу одат ва анъанањо зич алоќаманд буда, мањсули инкишофи дуру дарози љамъияти инсонї мебошад. Шаклњои хеле гуногуни дин мављуд хастанд.
Динњои буддої, насронї, ислом, - динњои љањонї буда, пайравони зиёде доранд.
Дин - эътиќоди аз љињати  иљтимої ташаккулёфтаи љомеаи инсонї – шакли итоату тавозўъ (фурӯтанӣ, хоксорӣ) ба «ќуввањои олї» аст, аз ин рў дорои ќиммати бузурги иљтимої мебошад. Дин шакли муайяни зуњуроти маданияти руњї мебошад, шакли идеологиест, ки табиату вазифањои иљтимоиро дорост.  Дин њамроњи љамъият инкишоф меёбад, таъѓир меёбад, дигаргун мешавад.     
  Эътиќоди самимии ба ќувваи олї, ба покии ахлоќ, некию накукорї овардашуда ба дин хусусияти дурахшону хурсандиоварро медињад ва ба шаклёбии  ќимматњои олии ахлоќию маънавии умумиинсонї оварда мерасонад. Дар айни замон, мутаассифона, дар љањонбинии динї фанатизм, таассуб, бадбинию душманї ба намояндагони динњои дигар љой дорад. 
Умумияти дин ва фалсафа дар он аст, ки  њар ду њам шакли љамъиятию таърихии љањонбинӣ мебошанд, масъалањои умумии фањмиши олам ва таъсиррасониро ба шуур, ахлоќ ва рафтору кирдори инсон њал мекунанд. Фарќияти бузурге низ дар байни онњо мављуд аст, ин њам бошад барои фалсафа озодфикрї  характернок  асту барои дин догма. Фалсафа ба љињатњои аќлї – интеллектуалии  ҷаҳонбини сару кор дорад,  ў инсонро дар доираи аќлї – дониши илмї мешиносад  Фалсафа њикматдўстї аст, вазифаи ў ҷустуҷўи хирад, ҳаќиќат ва њикмат мебошад.
Фалсафа аз ибтидо њаммаънои калимањои илм, хирад ва дониши назариявї буд.
Файласуф  он шахсе ҳисоб мешуд, ки ба пуррагї донишњои замони худро азхуд карда бошад ва ба он такя намуда оламро, њаётро ба одамон фаҳмонад. Файласуфон на танҳо ба тадќиќи илмҳои мушаххас машғул буданд. Онҳо инчунин андешаю аќидаҳои худро оиди олам, одам, маќсади њаёти инсон, неку бад ва ѓайра, ки оянда асоси тафаккури фалсафї шудаанд,  тадќиќу тањлил ва ҳллу фасл менамуданд.
                   
 
Фалсафа | Просмотров: 1787 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (2)

                               Таърифи фанни фалсафа. Фалсафа чун илм ва ҷаҳонбини.
Истилоҳи фалсафа аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш ҳикматдӯсти (филео – муҳаббат ва софия - ҳикмат), яъне меҳру муҳаббат ба илму дониш, ба ҳикмат мебошад. Ин истилоҳ аввалин бор аз тарафи файласуфи Юнони Қадим Пифагор истифода бурда шудааст. Ў шахсонеро, ки ба омўзиши илм шавқ доштанду донишандӯзиро дӯст медоштанд файласуф номидааст.
Дигар файласуфи Юнони Қадим Гераклит низ дар асарҳояш истилоҳи фалсафаро бо ҳамин маъно истифода бурдааст. Ӯ шахсонеро, ки ба таҳқиқи табиати ашёҳо ва табиат машғул буданд файласуф номидааст.
Истилоҳи фалсафаро чун муҳаббат ба ҳикмат ва ба ҳақиқат, ба маънои томи илмиаш аввалин бор файласуфони мактаби илмии Суқрот истифода бурдаанд. Суқрот, муввофиқи ахбороти Афлотун, фалсафа гўён љустуљўи ҳақиқат ва кўшишу ғайрати инсонро дар омўхтани дониш мефаҳмид.
Афлотун ва Арасту бошанд истилоҳи фалсафаро чун номи илм истифода бурдаанд, масалан «геометрия ва дигар фалсафаҳо» - менависад – Афлотун. Фалсафа гўён Арасту маҷмўаи илмҳоеро мефаҳмид, ки табиат, ҷомеа, инсон ва тафаккурро меомўзанд. Масалан фалсафаи Арасту аз мантиқ, физика (дар ин љо тамоми он илмҳое дар назар дошта мешуданд, ки табиатро меомўзанд), метафизика, математика, забоншиноси, илми ахлоқ, сиёсатшиноси, ҳуқуқ, поэтика, зебоишиносї ва санъати суханварї иборат буд.
Ҳамин тариқа дар он замон тамоми илмҳо ба ҳайъати фалсафа дохил мешуданд. Маљмўаи ин илмҳо фалсафа номида мешуданд. Вале бо мурури замон бо инкишоф ва васеъшавии ҳаљми илмҳо онҳо паси ҳам аз ҳайъати фалсафа баромада мустақил шуданд.
Фалсафа аз нуқтаи назари марксизм илмест, ки дар бораи куллитарин қонунҳои объективии инкишофи табиат, љамъият ва тафаккури инсон баҳс мекунад. Фалсафа ин шакли шуури ҷамъияти, таълимот дар бораи принсипҳои умумии ҳастї ва маърифат, оиди муносибати инсон ба олам ва муайян намудани қадр ва мавқею мақоми инсон дар олам мебошад.
Тамоми ҳақиқати объективї, олами моддї ва маънавї, худи инсон ва шуури он предмети омўзиши фалсафа мебошанд. Фалсафа дар тадқиқотҳои худ аз хулосаҳои илҳои мушаххас истифода мебарад.
Фалсафа як шакли ҷаҳонбинии инсон мебошад.
 
Фалсафа | Просмотров: 1131 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Саҳми Роҷер Бэкон дар инкишофи афкори фалсафаи асрҳои миёна
Роҷер Бэкон (1214–1292). Тахаллусаш  «доктори ҳайратовар».
Ба фалсафаи Арасту таваҷҷӯҳи хоса дошт, алалхусус ба «Физика» - и Арасту.

Асарҳои Р.Бэкон: «Рисолаи калон», «Рисолаи хурдтар», «Рисолаи сеюм», «Компендий ба фалсафа» ва «Компендий ба теология».

Таваҷҷӯҳи асосии Бэкон ба тадқиқотҳои илмӣ-табиатшиносӣ равона гардида буд. Аз ин рӯ, мутафаккир Фомаи Аквиниро барои маънидодкуниҳои ғайриилмии эҷодиёти Арасту танқид менамояд.
Маърифат  ҳамчун раванди гузариш аз оқибат ба сабаб
Роҷер Бэкон ба омӯзиши таҷрибавии табиат, тадқиқотҳои мустақилонаи ҳодисаҳои олам, ва, ба вуҷуд овардани таълимотҳои нави илмӣ, даъват мекард. Методҳои маърифатии ба таҷриба ва математика асосёфтаро ҳимоя мекард. Мақсади илм – афзун гардонидани ҳукмронии инсон аз болои табиат аст, таъкид менамояд ӯ.

Қисми муҳимми фалсафаи Бэкон – назария маърифати ӯ буд ва таъиноти ин назария  иборат аст аз асоснок кардани зарурияти инкишофи ҳамаи илмҳои табиатшиносӣ.
Ба ақидаи ӯ 3 тарзи маърифат вуҷуд доранд:

– эътиқод ба нуфуз (авторитет),
– фикрронӣ ва
– таҷриба.

Эътиқод ба нуфуз ҳама вақт ба таҷрибаи муайян асос ёфтааст, фикрронӣ низ ба миқдори муайяни фактҳо асос меёбад, аз ин рӯ, манбаи асосии дониш барои инсон дар ҳамаи ҳолатҳо таҷриба, амалия аст. Таҷриба асоси ҳама гуна дониш ва илмҳо, инчунин, дониши математикиро ташкил медиҳад.
 
Далелҳои дар таҷриба санҷида ношуда ягон арзише надоранд.
Дониши таҷрибавӣ – он донишест, ки тавассути узвҳои эҳсосоти инсон ба даст меояд. Агар  эҳсосотҳо набошанд, илм ҳам нест.
 
Ба ақидаи мутафаккир ба ғайр таҷрибаи ҳиссӣ, инчунин, таҷрибаи дохилӣ низ мавҷуд аст. Файласуф ҳама вақт ба он чизе, ки аз тарафи Худо офарида шудааст, такя карда маърифат мекунад. Аз ин рӯ, файласуф омӯзишро аз муроқибаи олами беруна оғоз карда то ба сабаби аввалӣ/ибтидоии ҳодисаҳо мерасад. Аслан таҷрибаи қаблӣ, ибтидоӣ (праопыт) мавҷуд аст, ки он ба ҳар инсон дастрас нест. Худованд чунин таҷрибаро ба шахсони алоҳида, ба монанди пайғамбарон ва шахсони муқаддас дастрас менамояд.
 
Ба туфайли ин таҷриба пайғамбарон ва шахсони муқаддас тамоми ҳақиқатро бевосита дарк/дарёфт менамоянд ва онро дар китобҳои осмонӣ ба қалам медиҳанд.

Дониш натиҷаи яке аз 3 намуди таҷриба мебошад:

1) Худованд донишро Худаш дар таҷрибаи қаблӣ медиҳад,
2) ё ин дониш дар таҷрибаи дохилӣ ба даст меояд,
3) ё дар таҷрибаи беруна ба даст меояд.

Бо сабаби он, ки дониш аз худи Худованд бармеояд, вай наметавонад бо эътиқод зид бошад, аз ин рӯ, илм наметавонад ба дин зид бошад. Илм барои маърифати Худо кӯмак менамояд. Дониш бошад барои ба тартиб даровардани донишҳои динӣ зарур аст, онҳоро ба низом медарорад ва бо далелҳои худ асоснок мекунад. Дониш бояд эътиқодро мустаҳкам намояд.

«Дониши ҳақиқӣ бояд аз табиат гирифта шавад»
 
1. Ба ақидаи Бэкон, илм дар бораи суханҳо – диалектика – аҳамияте надорад; нақши асосиро илмҳои табиатшиносӣ мебозанд (кашфиёте дар соҳаи оптика ба Бэкон тааллуқ дорад). Дониши ҳақиқӣ бояд аз табиат гирифта шавад ва ин ақида қариб 300 сол қабл аз Френсис Бэкон баён карда шудааст.

2. Асари «Рисолаи калон» ба муаммоҳои гуногун бахшида шудааст. Дар ибтидо ӯ сабабҳои иштибоҳҳои инсонҳоро нишон додааст. Баъд мутафаккир муаммои умумии ба он давра хосро ба миён мегузорад: муносибати фалсафа ва теология. Қисми зиёди асар ба таҳлили муаммоҳои илмӣ-табиатшиносӣ бахшида шудааст. Бэкон тадқиқотҳоро аз математика ва физика оғоз карда бо муаммоҳои этикӣ ҷамъбаст менамояд (муаммои наҷот додани руҳ). Роджер Бэкон бо ақидаи Фомаи Аквинӣ дар  бораи зарурияти маърифат ҳамфикр буд ва таъкид мекард, ки донишҳои инсонӣ решаҳои заруриро дар олами воқеӣ доранд. Вале, дар муқоиса бо Фомаи Аквинӣ, Роҷер Бэкон итминон дошт, ки дониш аҳамияти бештари амалӣ доранд – беҳтар кардани шароити зиндагонии одамон.

Дар ин асар мутафаккир пешгӯиҳои аҷиб кардааст. Масалан, ӯ менависад, ки замоне мерасад одамон парвоз ва шино хоҳанд кард, борҳои бузургҷусса ва вазнинро бо ёрии таҷҳизотҳои махсус бардошта метавонистагӣ мешаванд, дар масофа сӯҳбат хоҳанд кард. Ӯро кашфкунандаи порох меҳисобанд. Ӯ на танҳо бо фалсафа машғул буд, балки вақти зиёди худро ба гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ ва тадқиқотҳо бахшида буд.

Мақсади асосӣ ва вазифаи фалсафа ва илм, ба ақидаи Бэкон, рушди 3 соҳаи илм бояд маҳсуб гардад:

– математика,
– физика ва
– этика.

1) Математика дорои аҳамияти бузург аст, яке аз муҳимтарин илмҳост.Нақши он дар маърифати олам ва  барои мавҷудияту рушди илмҳои дигар ҳалкунанда аст. Математика – ягона илмест, ки донишҳояш равшан ва асоснок ҳастанд.

2) Физикаро Роҷер Бэкон ба якчанд фанҳои алоҳида ҷудо кардааст, аз он ҷумла ба оптика, астрономия, алхимия, тиб, техника ва ғайра. Бар хилофи Арасту, Роҷер Бэкон мантиқро тамоман қабул надошт. Мантиқ, ба ақидаи ӯ, имконияти афзун гардонидани донишро намедиҳад, илмест, ки танҳо имконияти дуруст баён кардани ақидаҳоро медиҳад ва, аз ин рӯ, танҳо илм дар бораи суханварӣ аст, ба монанди риторика ва грамматика.

3) Роҷер Бэкон муаммоҳои умумифалсафиеро, ки дар он замон муҳим буданд, сарфи назар накардааст. Масалан, муаммои универсалияҳоро ҳал карда, Бэкон ба мавқеи реализми маҳдуд наздик мешавад. Ба ақидаи мутафаккир универсалияҳо дар ашёҳои воқеӣ мавҷуд ҳастанд ва то ашёҳо мавҷуд будани онҳо имконнопазир аст (Фомаи Аквинӣ).

 
Фалсафа | Просмотров: 527 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

. Воқеъгароён ва Номгароён
 
Воқеъгароён: Универсалияҳо ҳамчун ҳодисаҳои воқеӣ вуҷуд доранд.
Анселми Кентерберигї (1033-1109) аз пайравони Августини Хушҳол ва яке аз асосгузорони схоластика ба ҳисоб меравад. Ў низ чун Августин низоми байни  эътиқод ва ақлро  тарғиб мекард. Ба фикри ў бояд тафаккур ба эътиқод тобеъ бошад.
Амали ақлї бояд танҳо дар доираи догмаҳои динӣ  арзи вуљуд намояд.
Дар асараш «Монологиум» Анселми Кентерберигї маҳз ба ҳамин мантиқ такя намуда масъалаи мављудоти Худовандро исбот  карданӣ мешавад. Ба ақидаи ӯ  дар паси ҳастии  тасодуфона ва фонии олам, қуввае меистад, ки абадї, зарурї ва ҳамаро фарогиранда аст. Ин қувва танҳо Худо буда метавонад. Инро, аз рўи гуфти ў, таљриба исбот менамояд.
Исботи дигари мављудоти Худованд дар асари Анселми Кентерберигї «Прослогион» оварда шудааст, ва ў онро «исботи онтологї» меномад. Ин исбот, ба қавли Анселм, на ба таљриба, балки ба ақл такя мекунад. Ў мегўяд, ки ҳатто агар девонае фикрҳои атеистона баён намояд ва ҳастии Худоро инкор кунад, дар ҳамин лахза ҳам ў дар бораи худо фикр мекунад ва ҳамин фикркунии ў ҳам исботи мављудоти Худованд аст. Ҳамин тариқа, фикр дар бораи Худо, дар доираи «исботи онтологї», исботи мављудоти воқеии Худованд аст, зеро ғояҳо нисбат ба ашёҳо воқеитаранд, қайд мекунад Анселми Кентерберигї.
 
Номгароён (аз калимаи лотинии “nomеn” - номҳо): Универсалияҳо танҳо номи холӣ ҳастанд, танҳо мафҳум  ҳастанд.
Намояндаи номгароёни ашаддї Иоанн Росселин (1050—1110) буд, ки универсалияҳоро (куллиётро) танҳо ном, суханҳои пучу беҳуда меҳисобид. Худо барои насрониён дар се симо (Худо падар, Худо писар ва Рўҳи муқаддас) вуљуд дорад. Росселин бошад мегуфт, ки агар худои ягона дар се симо вуљуд дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки на як Худо дар се симо, балки се Худои мустақил вуљуд дорад.
Росселин ягонагии калисоро инкор намуда мегўяд, ки дар ҳақиқат гурўҳи шахсони алоҳида вуљуд доранд, ки бо номи калисо маълуманд.
Номиналистон мегуфтанд, ки кулл баъди ашё вуҷуд дорад, реалистон даъво мекарданд, ки кулл то ашё вуҷуд дорад.
Пйер Абеляр бошад (1079—1142)  мегўяд, ки кулл ҳамроҳи ашё вуљуд дорад. Пйер Абелярро номиналисти маҳдуд меноманд. Кулл, ба фикри ў, на ашё, на сухани пуч, балки мафҳумест, ки умумиятро дар ашё мефаҳмонад, масалан, агар мо растанї гўем, мо моҳияти умумиеро дар назар дорем, ки ба ҳамаи растаниҳо хосанд. Барои мо умумият чун мафҳум, чун моҳияти сухан вуљуд дорад, ки мафҳуми умумиро дар намудҳои бешумор ифода менамояд.
 
Номиналисти дигар Фомаи Аквинї (1225-1224), файласуф ва  илоҳиётшиноси Неаполї, кӯшиш кардааст то тамоми нуқтаи назари ба ҳам зидро оиди универсалияҳо ба як хулосаи умумї оварад. Ў қайд намудааст, ки:
  1. Кулл, то ашё, чун моҳияти идеалии он, дар хаёли Худованд буд.
  2. Кулл ҳамроҳи ашё, чун шакли субстансионалии он вуљуд дорад.
3. Кулл дар хаёли инсон чун љамбасти хусусиятҳои умумии ашё вуљуд дорад.
Мақсади асосии Фомаи Аквинӣ дар илм ва фалсафа фаҳмидани зоти худованд аст. Соли 1273 ў асари худ «Маљмўаи илоҳиётшиносї»-ро менависад, ки он маҳсули меҳнати беш аз даҳсолааш буд. Ў қайд мекунад, ки «Мехоҳам то моҳияти Худованд ва рўҳро фаҳмам, илм ҳамин аст, на дигар чиз». Дар љои дигар менависад «Дар бораи тан фикр мекунам, то ки чї будани рўҳро фаҳмам, дар бораи рўҳ фикр мекунам, то Худоро фаҳмам».
Фалсафаи Фомаи Аквинї идеализми объективие мебошад, ки зимни шарҳи динии таълимоти Арасту ва ба дини масеҳї мутобиқ гардонидани он пайдо шудааст. Ў аз ғояҳои материалистонаи Арасту сарфи назар карда, танҳо унсурҳои идеалистонаи онҳоро қабул намудааст. Дар натиља ў таълимоти соф идеалистонаи модда ва суратро ба вуљуд овард, ки дар он модда бе сурат вуљуд дошта наметавонад, вале сурат метавонад бе модда вуљуд дошта бошад. Ба таври умум томизми Фомаи Аквинї созише байни таълимоти Арасту ва дини масеҳї мебошад.
Хусусияти муҳимми фалсафаи Фомаи Аквинї ба дин тобеъ кардани фалсафа аст. Этикаи Фомаи Аквинї дар заминаи этикаи Арасту пайдо шуда, ӯ таълимотҳои «қонунии динӣ» - ро, ки бо «амри Худо» ба вуљуд омадааст, тарғиб менамояд.
Соли 1879 системаи фалсафаи схоластикии Фомаи Аквинї ягона фалсафаи ҳақиқии католитсизм эълон карда шуд.
 
Ҳаёти номиналисти дигар Иоанн Дунс Скот (1270—1308) хеле кўтоҳ вале пурмаҳсул буд. Ӯ дар сини 23-солагї профессори Донишгоҳи Оксфорд ва, баъдтар, Париж гардидааст. Скот системаи томи схоластикї ба вуљуд наоварда бошад ҳам, чун донандаи хуби фалсафаи Арасту, Фомаи Аквиниро танқид кардааст. Дар асараш «Тафсири Арасту» ӯ қайд мекунад, ки созиш байни машшоия ва масеҳия номумкин аст. Таълимоти Арасту ва дини масеҳї ба ҳам зид мебошанд.
Скот ақида дошт, ки танхо фардҳо, љисмҳо ҳақиқати объективї ҳастанд ва мустақилона вуљуд доранд. Ба ратсионализми Фомаи Аквинї Скот волюнтаризми (дар ин ҷо ба маънои ирода, қувваи асосии инкишофи ҳастї) Августинро зид мегузорад.
Иродаи Худованд қатъӣ, ҳамаро фарогиранда, нахустирода аст, иродаи одам бошад ба иродаи Худованд бояд  тобеъ бошад. Дар масъалаи ирода ва ақл бошад, ӯ ақида дошт, ки ирода бар ақл бартарї дорад, интихоби инсон байни неку бад, на ба ақл, балки ба ирода вобаста аст.
 
        Ба таври умумӣ моҳияти баҳси байни реализм ва номинализм дар ақидаҳои зерин баён мегардад мегардад:
 
Масъалаи универсалияҳо (номҳои умумї) ин масъалаи таносуби алоҳида ва умумї, фарду кулл, якто ва бисёр аст. Мафҳуми «универсалия»-ро ба фалсафа файласуфи лотинї Боэтсий барои ифодаи умумиятҳо дохил  намудааст. Моҳияти масъала дар он аст, ки оё универсалияҳо дар ҳақиқат вуљуд доранд ё ки ин танҳо ном аст? Ин масъала барои дини насронї масъалаи принсипиалӣ маҳсуб мегардад.
1. Агар  Худо ҳамчун ибтидои умумии олам танҳо аҳамияти номиналї дошта бошад, вай танҳо ном аст, чунки, ба қавли номиналистон, универсалияҳо чун мафҳумҳои куллї ба таври воқеӣ вуљуд надоранд. Ва хулоса бармеояд, ки сухан дар бораи мављудияти воқеии  Исои Масеҳ сухани пуч аст, на ҳақиқати воқеї, яъне танҳо ном аст.
2. Ва, аз тарафи дигар, агар Исои Масеҳ чун одами алоҳида, писари шахси воқеӣ Марям эътироф карда шавад, он вақт моҳияти худовандї доштани ӯ гум мешавад.
Вале, ба ҳар ҳол, калисои католикӣ доимо реализмро дастгирї мекард, на номинализмро.
Вале дар асрҳои XI—XII номиналистон  зиёд шуданд, ба фикри номиналистон танҳо љисмҳои алоҳида дар ҳақиқат вуљуд дошта, универсалияҳо, яъне куллиёт, дар ҳақиқат вуљуд надоранд, танҳо ном ҳастанду бас. Номиналистон ба таъқиботи калисои католикї дучор мешуданд, зеро ақидаи онҳо мухолифи догмаҳои динї буд.
 
Фалсафа | Просмотров: 490 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Таълимоти фалсафии Августини Хушҳол
 
Аврелий Августин (354—430) дар шаҳри Тагастеи  Африқои Шимолї таваллуд шудааст. Дар љавонї ў пайрави Монї буд, баъд дини насрониро қабул менамояд ва то охири умр ба он содиқ мемонад. Аз соли 395 то охири умраш ў усқуфи (епископ) шаҳри Гиппон буд.
        Баъд аз рўҳонии насронї шуданаш Августин миқдори зиёди асарҳои динї – фалсафї эъљод кардааст. Яке аз асарҳои муҳимтаринаш «Дар бораи шаҳри Худованд» буд, ки дар он ў зарурати мављудоти калисои насрониро чун воситачии байни диндорон ва Худованд нишон додааст.
«Дар кори то диндорон расонидани ваҳйи Худованд, фармоишот ва асрори ў калисои насронї чун мақомоти олї хизмат мекунад», менависад ў, бинобар ин диндорон ҳуқуқ надоранд, ки худашон мустақилона, бе кўмаки калисо китобҳои муқаддасро  тафсир намоянд.
 Августин «Шаҳри Худованд»-ро бо «Шаҳри заминї», яъне калисо ва давлати диниро бо давлати дунявї муқобил гузошта бартарияти  калисо ва давлати диниро исбот карданї мешавад. Асоси давлати диниро муҳаббат ба Худо, асоси давлати дунявиро муҳаббат ба худ ташкил медиҳад. Давлати динї ба муҳаббату адолат ва давлати дунявї ба зулму адоват асос ёфтааст, бинобар ин давлати динї аз давлати дунявї болотар меистаду беҳтар аст.
Бояд қайд кард, ки масъалаи сарнавишт ва иродаи озод яке аз душвортарин масъалаҳо барои тамоми динҳои монотеистї маҳсуб  мегардад. Агар сарнавишт ҳукмрони инсон бошад, ногузир хулоса мебарояд, ки ҳам некӣ ва ҳам бадие, ки инсон дар ҳаёташ содир мекунад, аз ў вобаста нест, аз сарнавишт аст. Вале агар ҳисобида шавад, ки сарнавишт, қазою қадар вуљуд надорад ва инсон дар рафтораш озод аст, он гоҳ иқтидори Худованд гўё маҳдуд мешавад.
Августин ин масъаларо чунин ҳал менамояд: Озодии ирода, озодии ҳақиқї ин хизмати содиқона ба дин ва худованд аст, ин озодї бо зарурат пайваст мебошад. Вале инсон (чун Одаму Ҳавво) ба «иродаи озод»-аш такя карда гумроҳ ва гунаҳкор шуданаш мумкин аст. Августин дар ин масъала озодиро ба зарурат муқобил мегузорад, бартарии заруратро (яъне итоат ба иродаи Худованд) нисбат ба озодї асоснок кардани мешавад. Зарурат амри тақдир, интихоби дуруст ва озодонаи одамон аст. Эътиқод ин таљассуми олии ирода аст. Ақл моро сўи фаҳмиши иродаи Худованд мебарад. Эътиқод бе ақл вуљуд надорад, бинобар ин Августин формулаи «Эътиқод мекунам, то ки фаҳмам»-ро пешниҳод менамояд ва бо ин кораш ба сўи ратсионализм роҳ мекушояд.
 
Фалсафа | Просмотров: 931 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Хусусиятҳои фалсафа дар асрҳои миёна дар мамлакатҳои Ғарб
Фалсафаи асримиёнагии мамлакатҳои Ғарб асрҳои VV-ро дар бар мегирад. Хусусияти асосии фалсафа дар Асрҳои Миёна дар Аврупо аз он иборат буд, ки он пурра характери динї – схоластикї дошт ва ба дин тобеъ буд. Ба қавли файласуфони Давраи Нав фалсафаи асримиёнагї хизматгори дин буд.
Дар Аврупо дар Асрҳои Миёна ҳукмронии мутлақи дини насронї, хусусан шохаи католикии он, таъмин карда шуда буд, сохти феодалї ва идеологияи он аз тарафи дин ҳимоя карда мешуд. Аз ин рў, фалсафаи  ин давра  характери динї дошта, масъалаҳои вобаста ба дин асоси тадқиқоти файласуфони ин давраро ташкил мекарданд. Дар донишгоҳҳо асосан фиқҳ ва теология омўхта мешуд. Илм ва маориф пурра дар дасти калисои католикї буданд.
Дар таърихи фалсафаи асримиёнагї ду давра - патристика (асрҳои VI-Х) ва схоластикаро (асрҳои XI-ХV) фарқ  мекунанд.
Патристика – Юнонӣ, Лотинӣ, маънояш падар. Фалсафа ва мафкураи насрониён то асри VI.  Ин маљмўаи назарияҳои теологї, фалсафї ва иљтимої-ахлоқии мутафаккирони асрҳои VI-X мебошад.
Схоластика – схола, олимона, мактаб. Вазифааш тасдиқи ақидаҳои бо истифода аз донишҳои ратсионалӣ. Ин кор тавассути муроҷиат кардан ба мантиқи Арасту ба амал бароварда мешуд. Схоластика пурра ба масъалаҳои динї – теологї машғул буда, ба догмаҳои динї пурра вобаста буд.
Мафҳуми "схоластика" аз калимаи schola (школа) бармеояд, зеро, ки ин типи фалсафа дар тӯли якчанд сол дар мактабҳо ва Донишгоҳҳои Аврупо омӯзонида мешуд. Схоластика на ба сифати илм, ки бо ҷустуҷӯи эҷодӣ машғул аст, фаҳмида мешуд, балки предмети омӯзишии моҳияти догматикӣ дошта фаҳмида мешуд.
Мақсадаш - асосноккунии фалсафии таълимотҳои динӣ ва догмаҳо Масчид (аз ин ҷост, ки ба унвони “Фалсафа – хизматгори дин” соҳиб гардид.
 
 
Фалсафа | Просмотров: 582 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025