Якшанбе, 22.06.2025, 10:52
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Маърӯзаҳо ва иншоҳо

В категории материалов: 10
Показано материалов: 1-10

Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиханд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.
3. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойхои зайл афрохта мешавад:
дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) – доимӣ; дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрхо, нохияҳо, гузаронда мешаванд – дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис; дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои бинохои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст; дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онхо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, – мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинохои раъйдиҳӣ – дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ; дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ; дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдихии (гумрукии) Сархади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.
4. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Мачлисхои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад.
5. Ҳангоми мотам бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чӯбдасти (меҳвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад.
Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани парчам ҳангоми мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад.
6. Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоие, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир мешавад.
7. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доимо дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бехурматӣ содир нашавад.
8. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онхо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба ҳамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад.
9. Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
10. Тартиби тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонроҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов
ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999  № 892

 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 576 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

ТОЧИКИСТОН!!!
Точикистон сарзамини тазодҳои табиии шигифтангез мебошад. Силсилакўҳҳои  баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои минтақаи Осиёи Марказй ҳастанд, дараҳои зебоманзар, водиҳои гарми дорои вазъи иқлимии мўътадил, ки дар онҳо киштзорҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳои баландкўҳе, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нест - ин ҳама дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидааст.Масоҳати Чумҳурии Точикистон 143,1 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолии он бештар аз шаш миллион нафар мебошад. Аз шимол ба чануб 350 километр ва аз ғарб ба шарқ 700 километр имтидод дорад. Тўли умумии марзҳои чумҳурй бештар аз 3 ҳазор километр аст. Аз чумла 1030 километр бо Давлати Исломии Афғонистон, 230 километр бо Чумҳурии Мардумии Чин марзи муштарак дорад ва аз тарафи шимолу ғарб бо кишварҳои Ўзбекистону Қирғизистон ҳамчавор мебошад.
 Шаҳрҳои муосир ва хонаҳои истиқоматиро бе таъмини шароити рифоҳй аз қабили оби гарм, марказҳои гармидиҳй ва учоқҳои газ наметавон тасаввур намуд. Сабк ва тарҳҳои мемории муосир ҳамакнун, чи шаҳрҳои бостонии Хучанд, Панчакент, Истаравшан (Ўротеппа), Кўлоб ва чи шаҳрҳои нав аз қабили Хоруғ, Қайроқум, Норак, Роғун, Сарбанд ва амсоли онҳоро оро додаанд.
Шаҳри Душанбе, пойтахти Чумҳурии Точикистон бузургтарин шаҳри кишвар буда, теъдоди аҳолии он беш аз ним миллион нафар мебошад.
Шаҳри Қайроқум бо қолинҳо ва фаршҳои марғуби худ хеле машҳур аст. Шаҳри Норак низ зебост. Шаҳри Норак бо банди об ва нерўгоҳи барқи обии беназири худ машҳур мебошад. Т
очикистон аз лиҳози захираҳои нерўи барқи обй дар чаҳон яке аз чойҳои аввалро соҳиб мебошад. Баъди ба охир расидани сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии Сангтўда ва Роғун дар дарёи Вахш Чумҳурии Точикистон на танҳо эҳтиёчоти дохилии худро ба нерўи барқ таъмин мекунад, балки метавонад ба бозори чаҳонй низ онро барорад.
Муддати беш аз 20 сол аст, ки нерўгоҳи барқи обии Норак - ин мўъчизаи нерўофарин маҳалҳои аҳолинишини водии ҳисор, корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода, мучтамаъи тавлидии барқ ва кимиёии Ёвонро бо нерўи барқи арзон таъмин мекунад. 
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонун) Чумҳурии Точикистон ҳокимияти давлатй шакли президентй дошта, Президенти Чумҳурии Точикистон сарвари давлат ва ҳокимияти ичроия (ҳукумат) мебошад. 6 ноябри соли 1999 дар натичаи интихоботи умумихалқй Эмомалй Раҳмонов ба мўҳлати 7 сол Президенти Чумҳурии Точикистон интихоб гардид.
Мачлиси Олй - парламенти Чумҳурии Точикистон мақоми олии намояндагй ва қонунгузор мебошад. Мачлиси Олй аз ду мачлис - Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон иборат буда, мўҳлати ваколати он 5 сол аст.
Мачлиси намояндагон дар асоси интихоботи умумии бевосита ва овоздиҳии пинҳонй интихоб гардида ба таври доимй ва касбй амал мекунад.
Баъди фурўпошии давлати абадқудрати Иттифоқи Советй дар сарзамини собиқ шўравй як қатор давлатҳои мустақил арзи вучуд намуданд.
9 сентябри соли 1991 Чумҳурии Точикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Барои нахустин бор баъди 1100 соли таъсиси давлати Сомониён точикон дубора соҳибдавлат шуданд
 


 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 567 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Шарафи одамӣ аз илм аст



Инсон мисли ҳар як мавҷуди дигари худовандӣ пас аз арзи вуҷуд намудан давраи камолотро сипарӣ мекунад, камолоти ҷисмонӣ ва камолоти маънавӣ. Камолоти ҷисмонӣ хоси ҳама махлуқот аст. Вале камолоти маънавӣ бузургтарин неъмати илоҳист, ки ба инсон ҳадья шудааст. Зеро инсон дорои ақлу хирад аст ва тавассути хиради хеш ҷаҳонро бо тамоми мазоҳиру падидаҳои печдарпечу мухталифу пуртаззодаш доинста мегирад.
Инсон ҳамчун хулосаи ҳастӣ аз замоне, ки худро мешиносад ба шинохту маърифати ҷаҳон оғоз мекунад.
Барои кӯдаке, ки навакак забон кушодаву нахустин калимаҳоро ёд гирифтааст, ҳама чиз шигифтангезу ҳайратовар аст. Тулӯи хуршед, дурахшиши моҳу ситораҳо, осмони нилӣ, раъду барқ, ҳаракати васоити нақлиёт, хуласи калом ҳама чиз тозаву шавқангез ва пурсишзо мебошад. Саволҳои зиёде дар пардаи зеҳни кӯдак фурӯрез мешавад.
Ӯ ба ҳар як пурсиш посух мехоҳад. Ба дигар сухан дар чунин ҳангоме барои кӯдак шинохту маърифати ҷаҳони перомун оғоз мегардад. Оҳиста — оҳиста волидайн, ки дар амри шинохту ошноии кӯдак ба падидаву рухдодҳои перомун ёварони мустақим буданд дар ин росто худро нотавон эҳсос мекунанд. Зеро шавқу ҳавас, кунҷковии кӯдак манбаву сарчашмаҳои нерӯмандеро тақозо мекунад. Ин аст, ки китоб, илм, маърифат ба кӯмак мешитобад.
Кўдак оҳиста оҳиста худ ба камол мерасад. Ба саволҳои худ ҷавоб пайдо мекунад. Аз паси ҷустуҷўи он мегардад. Асрори онро равшан мекунад. Барои худ саҳифаи нави ҳаёт — саҳифаи илмро мекушояд. Ин саҳифаи ҳаёти инсонӣ барои инсоният тазоди наверо ошкор мекунад. Ақлу хиради онро дучанд мегардонад. Барояш олами наву рангинеро боз менамояд. Қадри ўро дучанд мегардонад. Қадри ўро ҳамон илме дучанд мегардонад, ки Ю.А.Гагаринро машҳури ҷаҳон гардо-нида буд, ҳамон илме қадри ўро дучанд мегардонад, ки одамонро сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардо-нида буд. Илме, ки бо китоб алоқам андии ногусастанӣ дорад. Китоб худ маҳсули хираду зеҳни ҷӯяндаи инсон аст. Ў ба хотири он, ки донишҳои андӯхта, андешаҳову афкори хешро ҳифз намояд, умр бахшаду ба ояндагони хеш интиқол диҳад, ҳарфу ҳиҷо эҷод намуд, сипас қоғаз офарид ва ба василаи он китоб сохтанро омӯхт.
Мисли ҳама ихтирооту офаридаҳои инсон ба гумони мо арзишмандтаринаш китоб аст. Маҳз тавассути сатрҳои бонизоми китобҳост, ки инсон бо пешгузаштагони худ мусоҳиб мегардад, садои онҳоро мешунавад, бо донигшу хиради эшон, бо мушкилоте, ки онҳоро гиребонгир будааст ошно мешавад. Аз он меомўзад, захираи маънавии худро ғанӣ меардонад.
Ҳар қавму миллате ба андозаи пешинаи таърихии худ соҳибкасб аст. Мероси хаттие, ки аз ниёгони мо ба ёдгор монда, ниҳоят гаронсанг аст. Меросе, ки фарогири риштаҳои мухталифи илму дониш аст. Сарчашмаи зояндаи илму маърифат аст.
Мо насли ҷавон бояд ба ин ин ёдгории бузурги гузаштагони худ, ки онро илмаш ном бурдаанд, рўй оварем. Зеро қадру манзалати инсонӣ аз илми ў бошад. Беҳуда нест, ки Ибн Синои ҷавон дар синни нуздаҳсолагӣ бо табобати амир табибони дигарро, ки аз ў бузург буданд, маҷбур намуд ўро эътирофаш намоянд ва ҳатто аз ў омўзанд. Аз ин рў, он чиро, ки аз зеҳни пешиниёни мо дар саҳифоти китобҳо боқӣ мондааст биёмӯзем ва барои расидан ба ин ҳадаф лозим аст хубтару беҳтар алифбои ниёгонро фаро гирифта, рўй ба илму маърифат орем.
Рост аст, ки имрӯз инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо сурьати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи информатика, соҳаи компютер бо тамоми зарфияташ дар матни зиндагии мо нуфуз мекунад. Ин боиси хурсандист. Вобаста ба ин мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Аммо дар радифи ин ҳаргиз даст аз амалӣ намудани маҳсули илми худ дар амалия нагирем. Зеро илм чизест, ки такмили худро, пешрафти худро, инкишофи худро металабад.
 

 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 339 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Шарму ҳаё хусни инсон аст



Гарчӣ гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.
Оре, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ, хислатҳои бузурги инсонианд, ки одамиятро зебу зиннат, обрӯю эьтибор ва фаросат мебахшанд. Шахсе, ки дорои ин хислатҳо нест, дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад, зеро шарму ҳаё ҳамчун зару зевар ва ороишоти бузург инсонро зебоиву фасоҳат ва бузургиву ҳашамат мебахшанд. Аз ифодаи Бедили бузург:
Ҳуснро бо арақи шарм тароват набувад,
Гули коғаз беҳ аз он гул, ки дар он шабнам нест.
Барҷост, ки гули қогазин низ дар шумори гулҳост, лекин чун рангу бӯ надорад, гулҳои зиндаро ҷойгир буда наметавонад. Инсон низ чӣ зану чӣ мард дар ҳолате, ки дорои хислатҳои бузурги инсонӣ, аз қабили иффату покдоманӣ, номусу ор, виҷдон, шарму ҳаё набошад, гумкардаи ҳаёти солим аст ва зиндагӣ дар ягон давру замон барояш таровате бахшида наметавонад.
Одамият дар зиндагӣ аз дигар махлуқоти зинда маҳз бо ана ҳамин хусусиятҳояш фарқ мекунад. Зеро ин хусусиятҳои ба инсон хос дар ҳама мавридҳо одамиятро ҳамчун зару зевар ва либосҳои киматбаҳо оро медиҳанд. Инсоне, ки орӣ аз ин гуна хислатҳост бевосита дар шумори ғайри одамиён аст. Шарму ҳаё ҳадди эътидолест, ки инсониятро то як андоза дар чорчӯбаи муайян нигоҳ медорад, намегузорад ки беиффатона рафтор намояд, сухани беҷо гӯяд.
Мирзо Абдулқодири Бедил чун омӯзандаи хақиқати бузурги зиндагии ҷаҳону инсонофаранда қайд карда:
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Бале, шарму ҳаё хислатҳои ҳамидаи ҳам занону ҳам мардон аст. Аз бадиҳо ҳазар ва аз носазоиҳо ор кунанд. Бо амали носазо намебояд даст зад. Аз пероҳани ҳаё мебояд пӯшид. Махсусан, занону духтаронро ҳаё, зебу зинат ва бузургӣ мебахшад. Бузурге гуфта: «Зани беҳаё ваҳшатнок аст, чун аждаҳо. Ин зан на лоиқи муҳаббат бувад на ҳурмат. Марди бономусу ор аз ин гуна зан мегурезад». Бо зани беҳаё ҳатто дӯстӣ намебояд. Ҳамеша аз касони беҳаё ҳазар бояд кард, то покизаву осоишта, баору номус ва бо иффати баланд зиндагӣ кард.
«Аз сӯҳбати нокасону беҳаёҳон бипарҳез! Бо саҳро сӯҳбат кун, бо дарё сӯҳбат кун, бо дунё сӯҳбат кун» -гуфта соҳибхираде. Инсони соҳиби ақлу заковати бузург ҳамеша мекӯшад, ки аз амалҳои бад дар парҳез бошад. Ҳар як кас бояд ба андозаи худ дӯст, ёвар, маслиҳатчӣ ва ёр интихоб намояд. Чун ҳамқадам сазовори ӯ набошад, набояд бо ӯ дустӣ варзид, то нодону зишту бадкору беҳаё нагардид. Зеро бузургон гуфтаанд:
Бад бошӣ аз он, ки бо бадон омезӣ,
Бо дег чу биншастӣ сияҳ бархезӣ.
Имрӯзҳо дар ҷомеа бисёр касонеро вомехӯрем, ки новобаста аз муҳит, шароит ва шахсияти хеш ба амалҳои нохубу зиёновар, аз қабили кӯчагардӣ, дуздӣ, куштор, истеъмоли ҳар гуна маводи нашъаовар ва монанди ин амалҳое, ки шахсияти инсонро поймол мегардонанд, даст мезананд. Ҳатто аксарияти ин гуна афрод занону духтарони маҳаллии тоҷиканд, ки нангу номус ва ори ин миллати бузурги башариро паст менамоянд. Албатта, ин гуна касон мардумони бехирадеанд, ки чӣ будани шарму ҳаё, иффату риёро намедонанд.
Албатта, нокасонеанд, ки на танҳо кӣ будани худ, балки бузургии миллату давлату қавми хешро намедонанд.
Хулоса шарму ҳаё нишонаҳои инсони бузургеанд, ки аз хираду маънавиёт, номусу виҷдон — иффату риё ва поктинатию покдоманӣ хабар доранд.
Бо вуҷуди ҳамаи гуфтаҳои боло наметавон бо насиҳат дар вуҷуди ҳамаи касони беҳаё бузургии ин хусусияти инсони асилро ҷо кард. Наметавон аз нокасе покизакирдоре офарид, агар аз рӯзи азал Худованди мутаол ӯро дар дилу тинаташ ин хислатҳои бузургро ҷой надод. Танҳо ва танҳо бояд аз онон дар канор буд:
Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 602 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Аз захми сухан захми табар беҳ

Забони сурх сари сабзро диҳад барбод. Ривоят мекунанд, ки дар як замон марди ҳезумкаше умр ба сар мебурд. Ў зиндагии ҳақиронае дошту ҳар рўз ба ҷангал мерафт ва аз он ҷо як банд ҳезум оварда дар бозор мефурўхт. Аз ҳисоби фурўши як банд ҳезум ў қутии лоямути худ ва оилаи худро меёфт. Рўзҳо, моҳҳо, солҳо паси сар мешуданд.
Марди ҳезумкаш як рўз ба ҷангал меравад. Дар он ҷо хирсе бо ў вомехўрад. Марди ҳезумкаш  дар аввал метарсад, лекин худро ба даст гирифта ба ҷанг омодагӣ мебинад. Хирс бошад ба забон омада, бо марди ҳезумкаш ошноӣ пайдо мекунад ва ба ў барои ҷамъоварӣ намудани ҳезум кўмак менамояд. Аз ин таъби марди ҳезумкаш болида гардида, қуттии лоямуташ низ то андозае беҳтар мешавад. Акнун марди ҳезумкаш ба бозор ба ҷойи як банд ҳезум ду банд оварда мефурўхт.
Як рўз марди ҳезумкаш бо нишони эҳтиром ба хирс ўро ба хонааш даъват мекунад ва зиёфат меорояд. Вақте ки хирс ба хонаи марди ҳезумкаш меояд зани марди ҳезумкаш хирсро дида мегўяд:
— Дўсти ҷониат ҳамин хирси бадбўй-мӣ?
Хирс аз ин суханони зани марди ҳезумкаш сахт ранҷида ба назди марди ҳезумкаш меояд ва ба ҷону ҳоли ў намонда аз ў хоҳиш менамояд то марди ҳезумкаш бо табараш ба фарқи сари ў як зарба занад. Марди ҳезумкаш аз ноилоҷӣ бо табари худ ба фарқи сари хирс мезанад. Хирс бо дарди ҷонкоҳ аз хона баромада ме­равад. Бадин минвол якчанд рўз паси сар мешавад. Як рўз марди ҳезумкаш дар ҷангал хирсро ме­бинад, ки аз захми табари ў нишоне намондааст.
Хирс ба марди ҳезумкаш мегўяд:
— Дидӣ, аз он захми табаре, ки ту ба фарқи сари ман зада будӣ ягон нишоне намондааст, ле­кин он захме, ки зани ту ба дили ман расонид то ба имрўз нарафтааст. Бо ҳамин дўстии марди ҳезумкаш ва хирс ба охир мерасад.
Магар ин сухане набуд, ки риштаи дўстии марди ҳезумкаш ва хирсро канда кард? Бале, ин ҳамон як сухани носанҷида гуфта шудаи зани марди ҳезумкаш буд, ки боиси ранҷидахотирии хирс гардида, риштаи дўстии онҳоро барканд. Гарчанде сухан зебост, вай метавонад дўстро душман гардонад, душманро дўст гардонад, оламро наҷот диҳад ва ё онро ба коми ҷанг кашад.
Сухан дар даҳон хуш аст. Сухани аз даҳон баромада мисли тири аз камон ҷастааст, ки он бозпас нахоҳад гашт. Аз ин хотир луқмони суханро зарур аст андеша ба он намояд, ки сухан бар беҳуда нагўяд, то сухани бисёр ранҷа бар дари пистаи бемағз кунад. Чун кунад сухан ранҷа бар дари пистаи бемағз, кунад луқмони сухан аҳамияташро гум. Аз ин ҷо сухане, ки беҳуда гуфта мешавад боиси он мегардад, ки шахс қурбу манзалати хешро гум карда, обрўву эътибори худро аз даст диҳад. Дар ҳолате, ки агар шахс қурбу манзалати худро бинобар сабаби суханони беҳуда аз даст диҳад, он чиз аз эҳтимол дур аст, ки он ин обрўву эътиборашро аз сари нав барқарор намояд.
Равшан аст, ки ҳар як қавму миллатро қабл аз ҳама бо фарҳангу забонаш мешиносанд. Ба дигар сухан, рукни асосии мавҷудияти миллат, ҳувияти миллӣ, забони он миллат маҳсуб мешавад. Зеро тамоми бурду бохти марлуми ин ва ё он қавм, пешинаи таърихӣ, дастовардҳои техникӣ, илмию фарҳангиаш твассути забонаш, суханаш инъикос мегарданд. Аз сўи дигар дар покизанигоҳдорӣ, рушду камоли забон адибону нависандагонанд, ки беш аз ҳар каси дигаре саҳм мегиранд.
Хидмати устод Рӯдакӣ дар инкишофу таҳкими забони тоҷикӣ ниҳоят бузург аст. Гап дар сари ин аст, ки хилофати араб дар сарзаминҳои тоҷикнишин зиёда аз дусад сол ҳукмронӣ намуданд. Дину ойину фарҳанги хешро маҷбуран таҳмили дигарон карданд, сарвати маънавии мардум — китобхонаҳоро сӯзонданд. Ин зулму таадӣ то асри IX идома дошт. Вале арабҳо натавонистанд фарҳангу адаби моро аз байн бибаранд. Фарҳанги мо болотару ҷонсахтар аз фарҳанги араб ҷилва намуд. Зеро сухан аз бузургон дорем, сухан аз онҳое, ки машъалафрўзи забони тоҷикӣ, сухани ноби тоҷикӣ, лафзи ширини дарианд.
 

 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 2486 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Дониш андар дил чароѓи равшан аст...

 
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани my ҷавшан аст.
 
Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.
Донишмандон азизу гиромӣ ва хотирнишинанд. Дар ёдҳо, базмҳо, дар ҳамаи мавридҳо дар дилу дидаи мардуманд. Ба даст овардани донишу маҳорати бузург ба осонӣ ба даст намеояд. Шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекӯшад, гарчанде душвор аст, бо тамоми душвориҳо, норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд чизе омӯзад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд соҳибобрӯст. Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад:
Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?
Киро ганҷи дониш бувад подшост!
Ҳеҷ ганҷе бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то ҳар вақт омӯхт. Агар манбаи омӯзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист ва бо басорати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд. Бо омӯхтани алфози наве бо омӯхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад.
Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истанд. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард. На пайи тамаъи молу мулк.
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯ мебахшад. Шахее, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.
Зеро мегӯянд, ки:
Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дap my нест нодонӣ.
Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолатҳои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатҳоро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Валек шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунад. Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд.
Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.
Рӯй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир,
To ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.
Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст. Зеро гуфтаанд:
Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,
Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 299 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 06.10.2016 | Комментарии (0)

БАД МАКУН, КИ БАД АФТӢ

 
Мафхуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонхо хамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадй чун фасоду зиён танхо ва танхо зиштиву нооромй падид меорад, зеро ин амал хоси хайвоноту дарандахо ва хашароти зараррасон аст, ки онхоро табиат чунин офарида. Инсоният чун бандаи хокии чахони гузарон бояд хоси хислатхои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарй некию накукорй ва саховатмандию хайрхохй бошад. Хамеша бар он чахд намояд, то ба амалхои хубу савоб, манфиатдору хайрхохона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боки гузорад, то зинданом бошад.
Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор хамеша ба чазои Офаридгори бузург сазовор хохад буд.
Ҳар кй ба мардум хиёнат мекунад,
 Нарасад харгиз у ба неьмату ноз.
Оре, хар як пешравй мукофоти бузурги Офаридгори созанда аст, ки танхо ба шахсияти арзанда сазовор дониста мешавад. Бадон, ки асоси матлабу маромашон бадкориву мардумозорист, дар ягон давру замон сохибиззат гашта наметавонанд. Ноандешида бар он, ки хамаи нуқсону норасоихои хаёташон бар ивази амалхои номатлубашон, ки ба фарзанди инсоният раво дидаанд, аз даргохи Худованди муттаол рузияшон гашт. Надониста аз он, ки хар як амали инсон дар хает сазовори мукофотест, ки дар тарозуи хаёт баркашида:
Худое, ки болову паст офарид,
 Сазовори хар даст даст офарид.
Барчост, ки хамаи хубию бадихо дар зиндагй дар хадди худ чавобе, мукофоте доранд. Ҳамеша бояд кушид, ки некукор ва росткору аз бадихо дур зист. То хадди имкон бо дармондагон дасти ёрй дароз кард:
Ту некй бикуну дар Дачла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат дихад боз.
Бадкорону бадхохонро роху равиш боял омухт ва аз бадихо дур гардонд, ки дар корхои неку савоб даст зананд. Зеро онхо худ аз худ бахри дигар гаштани хулку атвори худ намекушанд. Барои инсони комил шудани кас бояд хамеша дустону наздикони хуб пайдо кунад, бо кадом рохе, ки набошад, ононро ба росткорй хидоят кунанд ва аз вартаи бад бирахонанд.
Вале хастанд шахсиятхое, ки хеч гох ононро бо ягон кушингу мадади атрофиён аз рохи бад наметавон гардонд. Онон аллакай пайрохаи бузургро тай намудаву худ бехабаранд. Тавре мегуянд: «Бадкор азоб накашад, агар азоб мекашид, бадй намекард, аммо некукор аз он ки ба кадри тавон некй накарда, дар қайди ранч асту азоб». Хуллас, хеч як бадкарда бе чазо нахохад монд. Хар як амалеро чавобест ва хар бадкоре ба кадри бадихои анчомдодааш чазое хохад дид. Бехуда нагуфтаанд:
Бад макун, ки бад афтй,
Чох макан, ки худ афтй.
Албатта, бадкарда рузе сазовори чазои бад ва накукорон ба кадри захмати беандозаашон сазовори хаёти хушу гуворо, фарзандони солиму поктинат ва обрую манзалати бузург хоҳанд гашт.

 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 325 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 06.10.2016 | Комментарии (0)

АЗ ГУЗАШТА БОЯД ИБРАТ ГИРИФТ

 
Хар кй н-омухт аз гузашти рузгор,
 Низ н-омузад зи хеч омузгор.
Оре, гузашти рузгор ибратест фардоро. Хар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, кавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромуш созад. Зеро бе гузашта имрузро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Хар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе ё баде мегузорад. хурсанд ё андухгин мегардонад. Ба пешравй ноил. мегардонад ё баръакс. Хар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он даре ба ягон макотибу ба хеч омузгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз кобилияти фикрии мухит дар ёди инсони комил накш мебандад. Гузашти рузгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари хамагон аст. Хар як лахзаи он омузандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эхсос намояд. Зеро Соиби бузург фармуда:
Акли дурандеш бар мо рохи рузй бастааст,
Варна, хар ангушт пистонест тифли ширро.    
На хар кас метавонад сохибакл бошад. На хар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дустро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фаркият бахшад. Кист доно, то тавонад неку бадро, догу дардро зиндагии пуршару шури пур аз шодиву андухи абадро фарк созад?
  • Кист доно?! Марди оқил, то зи хар як лахзаи умри абад гирад панд.
  • Кист доно?! Он зани покизакирдоре, ки дар шакли фаришта ибрати покизадомонон бувад.
  • Кист доно?! Тифли дилбанде, ки аз рузи азал Парвардигораш кудрати Илохй дода, дар вучудаш иффату вичдону имон офарид.
-Кист доно?! Фарди сохибаклу идроке, ки аз хар лахзаи умри муборак бо хама зуру тавон ва дилу чонаш панд гирад, дарси ибрат, дарси умеду хакикат, тариқат то наёбад заррае, рузе, заволе, то нагардад пеши хар як нокасе хам бар уболе, то ки бошад дустдори миллати Модар-Ватан.
Пас месазад гуем, ки бояд шитофт, то аклу заковатро барчо кор фармуда, аз дирузу имрузи хаёт ибрат бигирем, вагарна фардо дар поёни умр хори хохем кашид, зеро умр равон асту саросар кулвори пурпандро мемонад:
Гофил машав, з-умр, ки чун киштй дар об.
 Истода менамояду чун тир меравад.
Аз калонсолон ва касони окил ибрат бигирем, то хангоми сахтиву дармондагй ва мушкилии рузгор мададгорамон гарданд, зеро хаёт саросар пур аз ночурихост. Барои рафъи хар масоили рузгор тачрибаи бузург мебояд. Зеро «Аз дида басе фарк бувад то ба шунида» гуфтаанд, ё ба фармудаи Рудакии бузург.                                                                                                                                                                                                    Бирав зи тачрибаи рузгор бахра бигир,
Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд.
Чун аз гуфтахои бузургони хирад ёдовар мегардем, беихтиёр бояд қайд намуд, ки бузургону окилони хар давру замон низ аз гузашта чизе омухтаанд ва бевосита сахве накардаанд, ки имруз мо аз онхо ибрат мегирем. Инак, тачрибаи рузгор пайваста аз бехирадон сохибхирад, аз бадон нек, аз дармондагон коромуз ва аз нокасон инсони комил месозад. Инсон худ кон аст. Дар хазинаи инсон новобаста аз он ки у хуб аст ё бад танхо ва танхо сарват нихон аст, зеро хар чизе, ки тавассути инсон ва мехнати фидокоронаи у падид меояд, хама лозиманду ибратанду давоянду манбаи омузиш, ки аз дороиву сарват фузунтаранд. Инсон, ки худ меъмори хаёти хеш аст, аз хар як хубу зишти хаёт ибрате падид меорад. Аз лахзаи сард низ зуд дилмонда намегардад.  Мекушад,  ки  аз  хар дарду  ранч ганче
падид орад, зеро:
Бе дарду ранч ганч муяссар намешавад.
Музд он гирифт чони бародар, ки кор кард.
Бисер хасе бояд, то пухта шавад хоме. Хатто барои пухтани таоми хушлаззат хасу хошоку хезуми фаровон мебояд. Пас барои дар хаёт пухта гардидани инсони комил низ фурсати зиёду тачрибаи гарон мебояд.
Боз ой сари максад ва куш дар оне, ки хар замон аз зиндагй ибрате биомузй ва кулвори панду ибрати хеш пурбор гардонй. Чун ибратомузиат ба чое бирасид, ибратбахш гардй ва сохибиззат.
Дил чу равшан гашт, чоху шавкате даркор нест,
Бахри тасхири чахон хуршеди танхо лашкар аст.
Гуфтаанд, ки далели гуфтахои болост. Хулоса, хар замон ибратест сохибдилеро, ки паси ибрати  ниёгону  бузургони  хирад мекушад ва бесуд бувад номуродеро панд дод, зеро ибрати сохибдилон давлат бувад... ё ба таври дигар:
Насихати хама олам чу бод дар қафас аст,
 Ба гуши мардуми нодон чу об дар гирбол аст.
гуфтааст Саъдии бузург, ки нихоят барчост.
 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 334 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 06.10.2016 | Комментарии (0)

Аз дўсти нодон душмани доно беҳтар аст.

 
То тавонӣ, дӯстонро гум  макун,
Дӯстони меҳрубонро гум  макун.
. Турсунзода)
 
Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.
Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,
Ҳамчун оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ин ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз ҷафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.
Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Наметавон худ камбудиву афзалияти хешро донист.
Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад, зеро дона танҳо хирман намегардад, нони танҳо файзи дастурхон намешавад, шукуфтани муғҷае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад.
To абад бо дӯстон осӯдагист,
Марг ҳам бе дӯстон осон нашуд.
Гуфтаанд, ки ҳақ бар ҷониби ишоракунандаи ин маънии бузург аст. Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд. Забониву нониву ҷонӣ.
Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд.
Ба ибораи шоир:
Дӯст машмор он ки дap неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.
Аз касе пурсидаанд, ки дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст, ҷавоб дода: «Бародар хуб аст, агар дӯст бошад»
Аз ин суханон бармеояд, ки ҳатто бародарон низ душман буда метавонистаанд. Ин гуна бародароне, ки бо бародарони худ кинаву адоват доранду душманӣ меварзанд, албатта дар муҳити оилаи носолим ба воя расидаанд, зеро дар тарбияи фарзандон муҳити хонаводагӣ сабабгор буда метавонад. Дар оилае, ки дӯстию рафоқат вуҷуд надорад, ягонагиву якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ҳамин фарзандон низ чун меваи дарахти пурбору бешафоат ба воя мерасанд.
Мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми мавҷудияташон дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст, ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад.
Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша мекӯшад, ки ба шодии дӯсти худ боз шодие зам намояд, хотири болидаашро болидатар гардонад, танҳо ва танҳо манзили дӯсти худро ободу дили ӯро шод гардонад.
Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.
Хулоса, дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад.
Пас, биёед, азизон, мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, ки лаззатгарои ҳар калому равшанидиҳандаи хонадону илҳомоварандаи имону ҷонамон бошанд. Ончунон ки Ҳофизи бузург фармуда:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
 
 
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 566 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 06.10.2016 | Комментарии (0)

Адаб осоиши аҳвол бошад


                                      Адаб тоҷест аз нури Илохӣ,
                                      Бинеҳ бар сар, бирав ҳарҷо ки хоҳӣ.
         Оре, адаб бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзантарин пояи зиндагист. Он тоҷи бузургест, ки ҳамаро сазовору лоиқ нест. Шахси боадабро ҳамагон ҳамчун шахси оқилу фарзона пешвою баландҳиммат ва намунаи ибрати дигарон мешиносанд. Шахси боадаб дар ҳама ҷо соҳибиззат аст. Адаб аст, ки инсони бузургро  аз пастинатон , нокасонро аз хирадмандон ва аблаҳонро аз фозилону донишмандон тафовут мебахшад. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшани мебахшад, ки касеро сазовор гардида, чомеаро солиму намунаи ибрат мегадонад.
                   Партави ҳусн аст, оре, илму ахлоқу адаб,
                   Беадаб, беилм, беқадр аст, ин набвад аҷаб.
Ҳақиқатан инсон ро танҳо одби бузург соҳибдавлат мегардонад, инсонро танҳо ахлоқ инсон созад. Касе, ки маҳрум аз эҳсоси ахлоқист, ба шумори инсон наояд. Ба қавли дигар:
Одамизод агар ки беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.
Инсони асил ҳамеша дар он мекӯшад, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Ӯро ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб, ибратомӯз ҳама эҳтиром намоянд. Инсонро дар ҳаёт дар ҳамаи лаҳзаҳо одоби накӯ, сухани ботамкин ва меҳрубонию латифиҳои нозук мебояд. Бахусус, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ аз бузургтарин хислатҳои наҷиби инсонианд.
         Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷгоҳ дар зиндагӣ дар намемонад.
Адаб дар анҷуман шамъест фурӯзон, ки далели покизагии мост. Адаб дараҷаи баланди маърифатнокии касро нишон медиҳадю
         Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки атрофиёнро ва фарзандони худро дар рӯҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпарас ба камол бирасанд, то ояндаи ҷомеаи солим гарданд:
                   Тифлро аз кӯдаки омӯз адаб,
                   В-аз камоли тарбият одам шавад.
         Имрӯз, ки насли наврас аксарият дорои хулқу атвори накӯ нестанд, аз бузургтарин ҷавҳар – одоби накӯ натавонанд буд, ки нуқсони бузрги ҷомеаи солим ин аст. Ингуна касон дар тарбияи оилавӣ ба ростию росткорӣ ва ҳамдигарфаҳмию боадабӣ эҳтиёҷ доранд. Албатта, волидони онҳо пура ба тарбияи дуруст гирифтани онҳо гунаҳгоранд. Танҳо муҳити оилавӣ ва мактаб метавонад тифлро метавонад тифлро адаб омӯзад. Волидони ғамхори фардои зиндагии фарзандони худанд, саравал мехоҳанд ва мекӯшанд, тифлро ба роҳи дурусти зиндагӣ ва одоби накӯву ояндаи дурахшон ҳидоят намоянд.
         Ҳамаи гуфтоҳои боло далели бузургбудани мартабаи шахси боадабанд. Вобаста ба ин мо инсонҳо бояд аз ин гавҳари дурахшону тобон, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад, бархурдор бошем, зеро тавре гуфтаанд:
                   Биё эй дӯст, то огаҳ зи ахлоқу адаб бошем,
                   Чу нуре равшанорои муҳит дар ҳар нафас бошем.
                   Ба тифлону бузургон дарси ибратро биомӯзем,
                   Ки фардо зиннати ҳар анҷуман, имдодрас бошем.
         Хулоса, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарис, ки касро шӯҳрат ёр мегардонад. Адаб дури гаронест, ки дорандаи он сарватмандтарин каси олам аст. Ҳам нишоту ҳам хурамиву ҳам осоиштагиву ҳама бурду бохти ҳаёт насиби каси боадаб аст. Маҳз инсони боадабу бориё метавонад, обӯю эътибор ва шаъну шарафи миллату давлат ва қавму қабилаи худ бошад вазиндагии худро бо осоиштагиву нишоту хуррамй бубарад, зеро гуфтаанд:
         Адаб ороиши афъол бошад,
         Адаб осоиши ахвол бошад.
Шухратёр аст инсони боадаб дар хама мавридхо, зеро   заковати   бузургаш,   хиради   волояш   рохнамои имрузу фардову зиндагии бобарораш аст.
Танхо ахлоки бузург ва хиради воло метавонад инсонро чун пирохани зебову ороста зеб дихад ва кимату кудрати афзун бахшад:
                    Адаб перохани нодону доност,
                     Хуш он кас, ки онро биорост.
Маърӯзаҳо ва иншоҳо | Просмотров: 310 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 06.10.2016 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025