Статистика
Ҳамаги 1 Меҳмонон 1 Истифодабарандагон 0
|
Каталог файлов
Таърифи фанни фалсафа. Фалсафа чун илм ва ҷаҳонбини
| 16.10.2016, 19:13 |
Таърифи фанни фалсафа. Фалсафа чун илм ва ҷаҳонбини.
Истилоҳи фалсафа аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш ҳикматдӯсти (филео – муҳаббат ва софия - ҳикмат), яъне меҳру муҳаббат ба илму дониш, ба ҳикмат мебошад. Ин истилоҳ аввалин бор аз тарафи файласуфи Юнони Қадим Пифагор истифода бурда шудааст. Ў шахсонеро, ки ба омўзиши илм шавқ доштанду донишандӯзиро дӯст медоштанд файласуф номидааст.
Дигар файласуфи Юнони Қадим Гераклит низ дар асарҳояш истилоҳи фалсафаро бо ҳамин маъно истифода бурдааст. Ӯ шахсонеро, ки ба таҳқиқи табиати ашёҳо ва табиат машғул буданд файласуф номидааст.
Истилоҳи фалсафаро чун муҳаббат ба ҳикмат ва ба ҳақиқат, ба маънои томи илмиаш аввалин бор файласуфони мактаби илмии Суқрот истифода бурдаанд. Суқрот, муввофиқи ахбороти Афлотун, фалсафа гўён љустуљўи ҳақиқат ва кўшишу ғайрати инсонро дар омўхтани дониш мефаҳмид.
Афлотун ва Арасту бошанд истилоҳи фалсафаро чун номи илм истифода бурдаанд, масалан «геометрия ва дигар фалсафаҳо» - менависад – Афлотун. Фалсафа гўён Арасту маҷмўаи илмҳоеро мефаҳмид, ки табиат, ҷомеа, инсон ва тафаккурро меомўзанд. Масалан фалсафаи Арасту аз мантиқ, физика (дар ин љо тамоми он илмҳое дар назар дошта мешуданд, ки табиатро меомўзанд), метафизика, математика, забоншиноси, илми ахлоқ, сиёсатшиноси, ҳуқуқ, поэтика, зебоишиносї ва санъати суханварї иборат буд.
Ҳамин тариқа дар он замон тамоми илмҳо ба ҳайъати фалсафа дохил мешуданд. Маљмўаи ин илмҳо фалсафа номида мешуданд. Вале бо мурури замон бо инкишоф ва васеъшавии ҳаљми илмҳо онҳо паси ҳам аз ҳайъати фалсафа баромада мустақил шуданд.
Фалсафа аз нуқтаи назари марксизм илмест, ки дар бораи куллитарин қонунҳои объективии инкишофи табиат, љамъият ва тафаккури инсон баҳс мекунад. Фалсафа ин шакли шуури ҷамъияти, таълимот дар бораи принсипҳои умумии ҳастї ва маърифат, оиди муносибати инсон ба олам ва муайян намудани қадр ва мавқею мақоми инсон дар олам мебошад.
Тамоми ҳақиқати объективї, олами моддї ва маънавї, худи инсон ва шуури он предмети омўзиши фалсафа мебошанд. Фалсафа дар тадқиқотҳои худ аз хулосаҳои илҳои мушаххас истифода мебарад.
Фалсафа як шакли ҷаҳонбинии инсон мебошад.
|
Категория: Фалсафа | Добавил: hiradmand1996
|
Просмотров: 1132 | Загрузок: 0
| Рейтинг: 2.0/1 |
|
|
| | |