Статистика
Ҳамаги 1 Меҳмонон 1 Истифодабарандагон 0
|
Каталог файлов
В категории материалов: 1 Показано материалов: 1-1 |
|
Муҳимтарин кашфиёт ва тадқиқотҳои географӣ
- Тақрибан солҳои 1500 то эраи мо,
- Экспедитсияи Мисриён саёҳати баҳриро ба давлати Бунт ба анҷом расониданд, ки тахминан дар Ҷануби Африқо ҷойгир буд.
- Дунёи қадим Тақрибан солҳои 600 то эраи мо. Баҳрнавардони финики шиновариро дар атрофи Африқо анҷом доданд.
- Тақрибан солҳои 500 то эраи мо. Файласуфи Юнон Парменид бори аввал дар бораи курашакл будани Замин ақидаронд.
- Қариб солҳои 212-194 то э. Мо. Олими Юнон Эратосфен андозаи кураи Заминро муайян карда, харитаи Ойкуменро тартиб дод (дар он қисми Замин, ки инсоният мавҷуд буд), «Асрори қайдҳои географӣ»-ро таьлиф намуд.
- Тақрибан соли 165 то э. Мо. Олими Юнон Картес Малосский глобуси нахустинро сохт. Қариб солҳои 23-24 то э. Мо. Аз тарафи олими Юнон Страбон «География» дар 17 ҷилд нашр шудааст.
- Асрҳои миёна Соли 860. Нормандҳо ҷазираи Исландияро кашф карданд. Соли 682. Нормандҳо ҷазираи Гренландияро кашф карданд.
- Тақрибан солҳои 1000-ум. Нормандҳо ба сардории Лейв Эриксон соҳилҳои шарқии Амрикои Шимолиро кашф карданд.
- Солҳои 1271-1295. Сайёҳати тоҷири италиявӣ Марко Поло ба Чин.
- Соли 1415. Оғози шиноварии португалҳо қад-қади соҳилҳои Африқо дар нимкураи Ҷанубӣ.
- Солҳои 1466-1472. Саёҳати Афанасий Никитин ба Ҳиндустон. Солҳои 1487-1488.
- Экспедитсияи португалии Б. Диаш ба нуқтаи охирини ҷануби Африқо расида, димоғаи Умеди Некро кашф кард.
- Солҳои 1442. Олими Олмонӣ Мартин Бехайм глобуси калонро сохт. Солҳои 1492-1493.
- Экспедитсияи баҳрнавардии аввалини испанӣ Христафор Колумб ва кашфи Олами Нав.
- Солҳои 1497-1499. Экспедитсияи Португалии Васко да Гама роҳи баҳриро ба Ҳиндустон аз тарафи Африқо кашф намуд.
- Солҳои 1519-1522. Аввалин саёҳати гирдиоламии Фернандо Магеллан
- Солҳои 1607-1617. Экспедитсияи баҳрнавардии англисии Г. Гудзон дар ҷустуҷўи «Гузаргоҳи шимолу ғарб» аз уғёнуси Атлантика ба уқёнуси Ором.
- Солҳои 1642-1643. Экспидитсияи баҳрнавардии Абелл Тасман ба соҳилҳои Австралия.
- Соли 1648. Баҳрнавардии Семён Дежнев аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба уқёнуси Ором.
- Давраи нав Солҳои 1697-1699. Саёҳати заминкушоии В. Атласов ва Л. Морозно ба Камчатка. Соли 1698. «Нақшаи умумии Сибир»-и С. У. Релиёзов аз чоп баромад.
- Солҳои 1768-1779. Экспедитсияи гирдиоламии баҳрнаварди англис Ҷеймс Кук.
- Солҳои 1819-1821. Аввалин экспедитсияи русии Ф. Ф.Беллинсгаузен ва М.И.
- Лазарев ба Антарктика. Солҳои 1830-1856. Муайян кардани баландии як қатор қуллаҳои Ҳимолой, аз ҷумла Ҷомолунгма (Эверест).
- Солҳои 1872-1876. Кори экспидитсияи уқёнусшиноси (Океанология) англисӣ бо киштии «Челленҷер».
- Солҳои 1893-1896. Саёҳати Ф. Нансен ба уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дар киштии «Фрам».
- Солҳои 1903-1906. Баҳрнавардии Р. Амундсен дар «Иова» бо «Гузаргоҳи шимолу ғарб» аз уқёнуси Атлантика ба уқёнуси Ором.
- Солҳои 1908-1909. Ба мавзеи Қутби Шимол рафта расидани Ф. Кук ва Р. Пири.
- Солҳои 1991-1912. Расидани Р. Амундсем, Р. Скоттит ба Қутби Ҷануб. Давраи навтарин Соли 1932. Аввалин баҳрнавардии дутарафа ба роҳи баҳри Шимолӣ ба воситаи киштии Яхшикани «Сибиряков» дар як мавсим.
- Солҳои 1947-1971. Кашфи қаторкўҳҳои зериобии Ломоносов, Менделеев ва дигарон.
- Соли 1965. Оғози кор аз рўйи нақшаи 10-солаи гидрологии Байналхалқӣ. Ошкор кардани новаҳои чуқуроба, қаторкӯҳҳои мобайни уқёнусҳо, кафидаҳо, ҷараёнҳои муқобил ва дигар кашфиётҳо дар уқёнуси Ҷаҳонӣ.
- Соли 1961. Парвози аввалин дар ҷаҳон дар киштии кайҳонии «Восток» ва парвози минбаъдаи стансияҳои кайҳонӣ, омўзиши Замин ва Кайҳон.
- Соли 1965. Оғози кор аз рўи барномаи 10 солаи Байналхалқии гидрологӣ: муайян намудани новаҳои қаърӣ, қаторкўҳҳои миёнаи уқёнус, шикастапораҳо ва кашфҳои дигар дар Уқёнуси Ҷаҳонӣ.
- Соли 1972. Якумин Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити атроф ва тараққиёт дар Рио-де-Женейро.
- Соли 2009. Аз тарафи профессор Абдулҳамид Қаюмов авалин бор 6-январи соли 2009 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар материки Антрактида бардошта шуд. Масофа аз майдони дӯстии шаҳри Душанбе то материки Антрактида 11 862 км мебошад
|
|
|
| | |