Статистика
Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0
Каталог файлов
В категории материалов: 3 Показано материалов: 1-3
Зиндагинома
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Аҳмад Ҷалолиддин тахаллусаш бо Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо аз Балх ба Вахшу Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Куния, назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Кунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари у "Маснавии Мавлавӣ", ки соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст .
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ (порсӣ : ابوعبدالله جعفر بن محمد بن حکیم بن عبدالرحمن بن آدم رودکی 941 — 858 , Панҷрӯд , Мовароуннаҳр ) — нахустин шоъири бузурги порсигӯй ва падари шеъри порсӣ аст.
Бунёдгузори адабиёти классикии порсӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд, ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Вай аз шоъирони замони Сомониён буд ва беш аз 1 млн байт шеър гуфта, вале аз он шумор то кунун танҳо камобеш 1000 байт расидааст. Рӯдакӣ соли 941 вафот кардааст.
Рӯдаки ҳамчун шоири нобино , дар ин маркаи Эронӣ тасвир шудааст.
Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро, Одамушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.
Устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти тоҷик ҷамъбаст кардааст.
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.
Дило, то кай ҳаме ҷӯӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
Чаро ҷӯӣ вафо аз бевафое?
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?
Аё савсан баногӯше, ки дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро.
Яке з-ин барзанӣ нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ соӣ зери кӯҳе арзанеро?
Бубахшо, эй писар, бар ман бубахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро.
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро
Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт
Исо ба рахе дид яке мурда фитода
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сариангушт
Зиндагинома
Нусхаи лотинии "Ал Қонун-фит-Тиб"
Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи форс ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомониён Нӯҳи II ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят дошт, ки дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад................>>>>;