Статистика
Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0
Каталог файлов
В разделе материалов: 4 Показано материалов: 1-4
ТОЧИКИСТОН!!!
Точикистон сарзамини тазодҳои табиии шигифтангез мебошад. Силсилакўҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои минтақаи Осиёи Марказй ҳастанд, дараҳои зебоманзар, водиҳои гарми дорои вазъи иқлимии мўътадил, ки дар онҳо киштзорҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳои баландкўҳе, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нест - ин ҳама дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидааст.Масоҳати Чумҳурии Точикистон 143,1 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолии он бештар аз шаш миллион нафар мебошад. Аз шимол ба чануб 350 километр ва аз ғарб ба шарқ 700 километр имтидод дорад. Тўли умумии марзҳои чумҳурй бештар аз 3 ҳазор километр аст. Аз чумла 1030 километр бо Давлати Исломии Афғонистон, 230 километр бо Чумҳурии Мардумии Чин марзи муштарак дорад ва аз тарафи шимолу ғарб бо кишварҳои Ўзбекистону Қирғизистон ҳамчавор мебошад.
Шаҳрҳои муосир ва хонаҳои истиқоматиро бе таъмини шароити рифоҳй аз қабили оби гарм, марказҳои гармидиҳй ва учоқҳои газ наметавон тасаввур намуд. Сабк ва тарҳҳои мемории муосир ҳамакнун, чи шаҳрҳои бостонии Хучанд, Панчакент, Истаравшан (Ўротеппа), Кўлоб ва чи шаҳрҳои нав аз қабили Хоруғ, Қайроқум, Норак, Роғун, Сарбанд ва амсоли онҳоро оро додаанд.
Шаҳри Душанбе, пойтахти Чумҳурии Точикистон бузургтарин шаҳри кишвар буда, теъдоди аҳолии он беш аз ним миллион нафар мебошад.
Шаҳри Қайроқум бо қолинҳо ва фаршҳои марғуби худ хеле машҳур аст. Шаҳри Норак низ зебост. Шаҳри Норак бо банди об ва нерўгоҳи барқи обии беназири худ машҳур мебошад. Т
очикистон аз лиҳози захираҳои нерўи барқи обй дар чаҳон яке аз чойҳои аввалро соҳиб мебошад. Баъди ба охир расидани сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии Сангтўда ва Роғун дар дарёи Вахш Чумҳурии Точикистон на танҳо эҳтиёчоти дохилии худро ба нерўи барқ таъмин мекунад, балки метавонад ба бозори чаҳонй низ онро барорад.
Муддати беш аз 20 сол аст, ки нерўгоҳи барқи обии Норак - ин мўъчизаи нерўофарин маҳалҳои аҳолинишини водии ҳисор, корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода, мучтамаъи тавлидии барқ ва кимиёии Ёвонро бо нерўи барқи арзон таъмин мекунад.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонун) Чумҳурии Точикистон ҳокимияти давлатй шакли президентй дошта, Президенти Чумҳурии Точикистон сарвари давлат ва ҳокимияти ичроия (ҳукумат) мебошад. 6 ноябри соли 1999 дар натичаи интихоботи умумихалқй Эмомалй Раҳмонов ба мўҳлати 7 сол Президенти Чумҳурии Точикистон интихоб гардид.
Мачлиси Олй - парламенти Чумҳурии Точикистон мақоми олии намояндагй ва қонунгузор мебошад. Мачлиси Олй аз ду мачлис - Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон иборат буда, мўҳлати ваколати он 5 сол аст.
Мачлиси намояндагон дар асоси интихоботи умумии бевосита ва овоздиҳии пинҳонй интихоб гардида ба таври доимй ва касбй амал мекунад.
Баъди фурўпошии давлати абадқудрати Иттифоқи Советй дар сарзамини собиқ шўравй як қатор давлатҳои мустақил арзи вучуд намуданд.
9 сентябри соли 1991 Чумҳурии Точикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Барои нахустин бор баъди 1100 соли таъсиси давлати Сомониён точикон дубора соҳибдавлат шуданд
Об
Об – манбаи ҳаёт мебошад.
Сифати об
Обу ободонӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Нил , Сиру Омӯ , Миссисипӣ , Волга , Рейну Дунай , Гангу Брахмапутра мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд.Агар ба таьрихи муборизаи халқҳо нигарем барои ба даст овардани об чи андоза пурфоҷиа ва мураккаб будааст. Ба лӯлаҳои махсус аз Хитой ба Гонконг об бурдаанд. Бо оби овардашуда аксар ноҳияҳои Африқои Шимолӣ ва нимҷазираи Арабистон зиндагӣ мекунанд. Норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунад. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705км.кв мавҷуд аст. Кӯлҳои бузург асосан дар Помир мавҷуданд. 73% кӯлҳои Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500то 5000м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Оби тоза
Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон имрӯзҳо камбудии шадиди ин неьмати худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масьала торафт мураккабтар мегардад. Таваҷҷӯҳи ҷомеаи чаҳониро ба муҳим будани ин масьала ба назар гирифта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эьтибор гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард. Обро минерали нодиртарини захираҳои табии арзёбӣ намудаанд. Ягон ҷизи дигар обро иваз карда наметавонад. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Оби ширини ошомиданӣ дар яхҳои Антарктида ва Арктика , дар минтақаҳои яхбандии доими ва пиряхҳои кӯхӣ ба миқдори 2,53% маҳфузанд.Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин мӯьҷизаи нодир бештар ба назар мерасад.Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати чаҳониён ба он нигаронида шудааст. Имрӯз, ки мо дар остонаи асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем ё чи хеле, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат омадааст :” Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад”.
Замин - сайёраи севуми системаи офтобӣ буда, ҳам аз ҷиҳати масса ва ҳам аз ҷиҳати қутр калонтарин аз сайёраҳои дохилист. Замин аввалин сайёраест, ки бо доштани об маъруф аст ва ягона масканест, ки дар он ҳаёт вуҷуд дорад.
FAC
Замин аз хок иборат аст.
Офтоб
Офтоб чи гуна аз замин намоён аст.
Офтоб шакли куpра дошта аз ҳама ситораи калонтарин мебошад, ва он қувваи гармиро ба тамоми сайёраҳо медиҳад. Диаметри офтоб тақрибан 1,392,000 км буда (109 маротиба калонтар аз диаметри Замин ) ва худаш қариб 99.86 % массаи Системаи Офтобиро дар бар мегирад; боқимонда аз сайёраҳо (масалан Замин ), астероидҳо , Метеоридҳо, кометаҳо ва чангҳо дар мадори Кайҳон . Тақрибан аз 3/4 ҳиссаи Офтоб аз ҳидроген, боқимонда гази ҳелиум . На камтар аз 2 %-аш аз дигар елементҳо ( ҷисмҳо) иборат аст. Ба монанди оҳан , оксиген, карбон, ва ғайра. Офтоб ранги сафед дорад, агар чи аз сатри Замин зард ба назар меояд , аз сабаби парокандагии атмосфераҳо, тибқи банди ситорагон, бар асоси класси спекторӣ. Дар ин ҷасби класси спекторӣ, ситораи G2 сатри худро тақрибан 5.778 К (5.505°С) нишон медиҳад ва ситораи V (панҷи римӣ) нишон медиҳад, ки Офтоб, монанди бештари ситораҳо , асостарин ситораи мураккаб аст ва барои ҳамин енергияи худро аз гудохташавии атом ё ҳидрогени ҳасти ба ҳелиум тавлид медиҳад. Офтоб 85% дурахшонтар дар байни ситораҳои Галаксияи Ширӣ дониста шудааст