Якшанбе, 22.06.2025, 10:53
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Қиссаҳо

В категории материалов: 7
Показано материалов: 1-7

Ду гург

Замоне як пирмард ба набераи худ ҳақиқити зиндагиро кушод.
-Дар ботини ҳар як инсон мубориза меравад, ба монанди муборизаи ду гург. Як гург бадӣ- бахилӣ, рашк, афсӯс, худбинӣ, такаббур ва дурӯғро муаррифӣ мекунад. Гурги дигар бошад, дар худ хубӣ- сулҳ, муҳаббат, умед, ҳақиқат, некӣ ва вафодориро нишон медиҳад.
 Кӯдаки хурдакак, ки суханҳои бобояш ба ӯ сахт таъсир карда буданд, чанд дақиқа ба фикр фурӯ рафт ва баъд пурсид:
-Кадом гург дар охир ғолиб меояд?
Пирамард ноаён табассум кард ва ҷавоб дод:
- Ҳама вақт он гурге, ки ту парвариш мекунӣ, ғолиб меояд.
Қиссаҳо | Просмотров: 327 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Шукргузорӣ

Боре устоди пири хитоӣ ба шогирдаш гуфт
: -Илтимос, ин ҳуҷраро нагзакак аз назар гузарон ва кӯшиш кун, ҳамаи он ашёҳоеро, ки қаҳваранганд дар хотир нигоҳ дорӣ.
 Ҷавон ба гирду атрофаш назар дӯхт. Дар ҳуҷра ашёҳои қаҳваранг зиёд буданд: миз, курсиҳо ва боз бисёр чизҳои дигар.
 -Акнун чашмонатро пӯш ва ҳама ашёҳои рангаш кабудро номбар кун. Ҷавон табассум кард:
-Ман ягон чизи рангаш кабудро дар хотир надорам.
 -Чашмонатро кушо. Нигоҳ кун, чӣ хел дар ин ҷо чизҳои кабуд зиёданд. Ин рост буд: кӯзаи кабуд, китобҳои кабуд дар рафҳо, куртаи кабуди Хитоии Пир.
 –Ба ҳамаи ин ашёҳои аз назарат дурмонда нигар!
-Аммо ин ҳилла аст,-гуфт ҷавон.
-Охир ман ашёҳои кабудро не, қаҳварангро кофта будам.
 -Худи ана ҳаминро ҳам мехостам ба ту нишон диҳам! Ту танҳо ашёҳои қаҳварангро мекофтӣ ва меёфтӣ, аммо ашёҳои рангашон кабуд аз назари ту дур мемонданд. Дар зиндагӣ низ чунин аст: ту танҳо чизҳои бадро мекобӣ ва меёбӣ, аммо хубиҳоро намебинӣ.
 -Ба ман доимо омӯзондаанд, ки бояд бадтарин ҳолатро чашмдошт бошӣ, онгоҳ ноумед ва дилмонда намешавӣ.
 - Ин ақидаи паҳншуда аст,- қайд кард Хитоии Пир.
 – Аммо ин ақидаи бардурӯғест, ки дар аксар ҳолат орзуҳои моро барбод медиҳад ва намегузорад, ки мо хушбахтиро эҳсос кунем.
 -Барои чӣ?-пурсид ҷавон
.-Агар ман дар ҳама ҳолат бадтарин натиҷаро мунтазир шавам ва барои қабули он тайёр бошам, пас рӯҳафтода намешавам ва шояд баръакс натиҷаи хубро бинам,онгоҳ маро хурсандӣ интизор аст. Агар ман танҳо натиҷаи хубро мунтазир шавам, пас танҳо метавонам рӯҳафтодаву ноумед шавам. -Чунки, агар ту танҳо бадтарин натиҷаро интизор бошӣ, доимо бо он рӯ ба рӯ мешавӣ ва ё баръакс.
Агар мо боварӣ дошта бошем, ки натиҷаи бадтаринро мунтазир буданамон манфиатовар аст, онгоҳ метавонем чизҳои хуберо, ки дар зиндагии мо ҳастанду рӯй медиҳанд, набинем. Бисёр одамони машҳур ва бой, ки ҳама чиз доранд, рӯҳафтода гардида, нашъаманд мешаванд. Зеро ба ҷои он, ки онҳо дар бораи ҳамаи чизҳои доштаашон фикр кунанд, танҳо он чизҳоеро фикр мекунанд, ки надоранд ва ҳамин тавр онҳо худашон худашонро бадбахт мекунанд. Аз ҷониби дигар зиёданд одамоне, ки зиндагии оддӣ доранд, аммо дар ҳақиқиқат хушбахтанд, чунки онҳо танҳо дар бораи чизҳои доштаашон фикр мекунанд. Ҳар рӯз ба худат суол деҳ: “Барои кадом чиз ман метавонам ба ин рӯз шукргузор бошам?”
 -Аммо агар барои шукргузорӣ кардани ин рӯз чизе вуҷуд надошта бошад чӣ?- пурсид ҷавон. Хитоии Пир бо тааҷуб ба ҷавон нигоҳ кард ва гуфт:
 -Чанд сол пеш ман барои аёдати дӯстам, ки бемор буд рафтам. Ӯ тамоман ғамгин наметофт, баръакс ором ва ҳатто хушбахт менамуд. “Ман имрӯз аз хоб бедор шудам, аз ин мебарояд, ки ман зиндаям”-мегуфт дӯстам…



 
Қиссаҳо | Просмотров: 249 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Хушбахтӣ

Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд ва дар бистари марг мехобид, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт:
- Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад?
 Пирамард дар ҷавоб гуфт:
 -Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам худи ҳамин гапро аз устодам пурсида будам. Устоди ман пир буд, ӯ ҳафтод сол дошт ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ бе ягон сабаб механдад. Онгоҳ ӯ ба ман гуфта буд:
 
“Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Нохост фикре ба сарам омад: ин интихоби ман аст-ку, ҳаёти ман! Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам” . Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ вақте бедор шавам, аз худ суол мекунам: Хайр, имрӯз ту чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Ва доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам.


 
Қиссаҳо | Просмотров: 308 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Шамъ, муҳаббати модар

Боре ба назди модар фарзандонаш бо суоле омаданд.
Онҳо байни худ баҳс мекарданд ва ҳар яке мехост дурустии худро исбот кунад, яъне киро модар бештар дӯст медорад?
 
 Модар хомӯшона шамъеро гирифт, онро афрӯхт ва гуфт:
 
 -Ин шамъ – ман ҳастам!
 
 Оташи он – муҳаббати ман!
 
Паз аз он як шамъи дигареро бо оташи шамъи худ даргиронд.
 
 -Ин фарзанди нахустини ман аст, ман ба ӯ оташи худро, муҳаббати худро додам. Магар аз ин оташи шамъи ман кам шуд?
 
Оташи шамъи ман чӣ хеле буд, ҳамон хел монд.
 
Ҳамин тавр ӯ чанд фарзанде ки дошт, ҳамон микдор шамъ афрӯхт. Оташи шамъи ӯ бошад ҳамоно бузург ва гарм боқӣ монд…







 


 
Қиссаҳо | Просмотров: 278 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Сабзӣ, тухм ва каҳва
Боре як духтараки ҷавон ба назди падари худ омада, шикояткуниро оғоз кард: -
Падар, ман хаста шудам, хаёти ман чунон душвор аст, мушкилиҳои зиёде дорам, ман доимо муқобили ҷараён шино мекунам, дигар қувват надорам… чӣ кор кунам?
 Падар дар ҷавоб табассум кард ва баҷои посух ба савол се зарфи обдорро ба болои оташ гузошт.
Ба даруни як зарф сабзӣ, ба дуюмӣ тухм, ба зарфи сеюм бошад каҳва андохт. Пас аз чанд муддат ӯ сабзӣ, ва тухмро аз об берун гирифт, каҳваро бошад ба даруни пиёла рехт.
- Чӣ таъғир ёфт? – пурсид ӯ аз духтараш.
- Тухм ва сабзӣ дар об ҷӯшида пухтанд, каҳва бошад дар об ҳал шуд – ҷавоб дод духтар.
- Не духтарам, ин танҳо назари сарсари ба чизҳост. Нигоҳ кун – сабзии сахт дар даруни оби ҷӯш мулоим ва фарсуда шуд. Тухми зудшикан, ки дохилаш маҳлул буд, сахт шуд. Онҳо зоҳиран таъғир наёфтанд, танҳо таркиби худро зери таъсири ҳолати нохуби якхела – оби ҷӯш дигар карданд.
Одамон ҳам ҳамин тавранд – боқувватҳо метавонанд аз таъсири ягон рӯйдодҳои нохуб заифу бемадор шаванд, дар ҳолате, ки нафарҳои заифу нозук аз таъсири ин гуна рӯйдод обутоб ёфта, боқувват мешаванд.
 - Каҳва чӣ? – пурсид духтар.
- О! Ин аз ҳама шавқовараш! Каҳва дар муҳити нави нохуб ба пуррагӣ омехта шуд ва онро таъғир дод.
Оби ҷӯшро ба нӯшокии хушбӯи беҳамто табдил дод. Одамони махсусе ҳастанд, ки ҳеч як ҳолату руйдодҳо ба онҳо таъсир расонида, онҳоро таъғир дода наметавонанд. Баръакс онҳо худашон ҳолату руйдодҳоро таъғир дода, онро ба як чизи хубе табдил медиҳанд ва дар баробари он аз ин ҳолат як фоида ва дониши нав барои худ мегиранд.
Қиссаҳо | Просмотров: 284 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Қиссаи “Девори сиёҳ”

Дар яке аз ҳуҷраҳои беморхона се нафар бемории фалаҷ мехобиданд, яке аз онҳо, ки якумин шуда ба беморхона омада буд, дар назди тиреза мехобид, дуввумин дар байн васаввумин дар назди дар ҷой гирифта буданд. Бемори дар байни ҳуҷра хобида, аз дигар беморон фарқ мекард, вай аз бемории худ рўҳафтода набуд, бо суханони нарми худ дигаронро низ хушҳолмекард. Яке аз рўзҳои сарди зимистон беморе, ки дар назди тиреза хобида буд аз олам гузашт. Ўро аз ҳуҷра бурданд, ва бемори дар байни ҳуҷра хобида, ба ҷойи ў гузашт, ва беморе, ки дар пеши дар буд ба байни ҳуҷра ва бо ҷойи ў бемори навро ҷойгир карданд. Беморе, ки дар пеши тиреза мехобид ва хеле болидарўҳ ва хушҳол буд, он чизеро, ки дар берун медид ба шариконаш нақл мекард.
 Вай дар бораи боғи зебо, чанорҳои калон-калони сари роҳ, паррандаҳо, одамоне, ки ба кор мерафтанд, бачагоне, ки шоду-хуррам дар боғ бозӣ мекарданд ва дар бораи водиҳои пур аз гул, ки дар кўҳҳои рў ба рўи тиреза ҷойгир ҳастанд нақл мекард, ва бо ин нақлҳои аҷиби худ ба дарди дили шарикони худ каме ҳам бошад малҳам мебахшид.
 Дере нагузашта ин шахс ба одамоне, ки аз кўча мегузаштанд ном ҳам гузошт. Ва ҳамин тавр шариконаш ҳикояҳои рафиқи худро дар бораи онҳое, ки саҳар ба кор мерафтанд, дар сари кўча ягон чиз мефурўхтанд ва бегоҳӣ аз кор монда ба сўйи хона бармегаштанд гўш меандохтанду, дар пеши чашми худ қиёфаи онҳоро тасаввур мекарданд. Акнун он сукунати вазнине, ки дар ҳуҷра ҳукмрон буд, оҳиста, оҳиста нест мешуд. Ва ҷойи онро дақиқаҳои пур аз ҳикояҳои пурмазмун мегирифт. Яке аз ин рўзҳо ба сари беморе, ки дар байни ҳуҷра мехобид фикре омад. Агар беморе, ки дар назди тиреза хобидааст ба ягон фалокат дучор шавад, ў ба ҷойи он бемор мехобад, ва он вақт метавонад бо чашмони худ ҳамаи он гуфтаҳои рафиқашро бинад… Ин фикр ба ў маъқул шуд. Дар ҷойи хобидааш ҳам фақат ҳаминро фикр мекард, ягон чораашро ёфтан мехост. Ва охир ба як қароре омад. Баъзан рафиқаш аз дарди дил азоб мекашид ва сари синаашро чангол мекард. Дар ин ҳолат ў дарҳол аз дорўҳое, ки дар болои сараш буд гирифта,мехўрд.
 Як бегоҳӣ беморе, ки дар назди тиреза мехобид боз дилаш хуруҷ кард, аммо ин бор шарикаш, ки дар байни ҳуҷра мехобид, бо ранҷу машаққатаҳои зиёд зарфи дорўҳоро аз болои сари ў ба замин афтонд. Ва зарф пора-пора шуд… Рўзи дигар ҳама диданд, ки бемори дар назди тиреза хобида, кайҳо ҷон ба Ҳақ супурдааст. Ўро аз ҳуҷра бурданд. Ба ба ҷойи ў беморе, ки дар байни ҳуҷра буд ва орзўи дар назди тиреза хобидан ва бо чашмони худ ҳамаро дидан мехост, гузаронданд. Бемор ба нияти худ расида буд, акнун ў барои бо чашмони худ кўчаро дидан аз оина ба берун нигоҳ кард, вале аз ҳайрат шох шуд. Чункӣ як чанд қадам пас аз оина ғайр аз девори сиёҳ дигар чизе набуд…
 Хонандаи гиромӣ худ қазоват кунед аз одамӣ ва аз ин ҳама кирдору рафтори ў ва аз анҷоми кори ў……




 
Қиссаҳо | Просмотров: 283 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Замоне ҷавони бадхӯе зиндагӣ мекард.
Рӯзе падараш ба ӯ халтае пур аз мех ва тахтае дод ва ба ӯ гӯфт:
-Хар вақте, ки бо ягон рафиқат муноқиша кардӣ ба ин тахта мехеро насб кун. Ҷавон дар рӯзи аввал ба тахта 37 мех зад, вале дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои дигар кӯшиш мекард то ба тахта мехҳои камтар занад.
Ниҳоят вақте омад, ки акнун ба тахта ҳеҷ мех намезад ва ин ҳолатро ба падараш омада хабар дод. Падар писарро боз назди ҳамон тахта овард ва гуфт:
 -Акнун аз ин рӯз сар карда барои ҳар рӯзе, ки бо рафиқонат муноқиша намекуниӣ аз ин тахта мехеро баркан. Рӯзҳо паси сар мешуданд ва рӯзе омад, ки акнун дар болои тахта ягон мех намонда буд. Падар ба писараш гуфт:
 -Офарин, бисёр мувффақияти калон нишон додӣ, вале ба болои тахта бо диққат назар кун. Ин тахтаи суфта ва бенуқси пештара нест. Болои тахта пур аз сӯрохиҳои мех мебошанд ва ин тахта ба асли аввали хеш монанд нахоҳад шуд.. Ҳар вақте, ки ба дӯстон суханҳои бад мегӯем дар қалби онҳо як ҷароҳате пайдо мешавад.
Ҳарчанде, ки аз онҳо узр пусем ҳам қалби ҷароҳатбардоштаи онҳоро ба ҳолати аввала баргардонида наметавонем. Ҳар як дӯст барои инсон ҳамчун ҷавҳари ноёб аст. Дӯсти хақиқӣ ҳама вақт туро дастгирӣ мекунад, ҷасорат медиҳад ва туро аз ҳама мушкилиҳо раҳо мекунад. Ҷароҳат
Қиссаҳо | Просмотров: 266 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 16.10.2016 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025