Статистика
Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0
Каталог файлов
В разделе материалов: 22 Показано материалов: 1-10
Страницы: 1 2 3 »
Қонунҳои асосии кимиё
Бо вуҷуди он, ки с. 1760 М. В. Ломоносов rонуни ягонагии масса ва энергияро мухтасар ифода кард, то аввали асри ХХ ҳар дуи ин rонун дар алоҳидаги омeхта мешуд.
Қонуни баrои масса чунин таъриф карда мешавад. Массаи моддаҳои ба реаксияи дохилшаванда, ба массаи моддаҳои дар натиxаи реаксия ҳосил шуда баробар аст:
2Н2 +О2 =2Н2 О
36г 36г
Соли 1905 А. Эйнштейн алоқаи байни масса ва энергияро нишон дод, ки чунин ифода карда мешавад.
Е=mс2
Аз сабаби ниҳоят калон будани бузургии квадрати суръати рӯшнои камтарин тағйирёбии масса боиси тағйирёбии калони энергия мегардад. Ҳамин тавр ҳангоми реаксияҳои кимиёи, ки бо эффекти гарми мегузаранд, тағйирёбии энергия ба амал меояд. Вале масса ва энергия ба якдигар мубаддал намешавад.
Қонуни карати будани ҳаҷмҳо. Ин қонунро соли 1808 Гей-Люссак кашф кардааст. ҳангоми доими будани ҳарорат ва фишор ҳаҷми газзои ба реаксия дохилшаванда ва ҳаҷми газҳои дар натиxаи реаксия ҳосил шуда, байни худ ҳамчун ададҳои бутуни содда нисбат дорад.
Н2 +Cl2 =2HCl нисбат=1:1:2
3H2 + N2 =2NH3
+ = нисбат=3:1:2
Ин таносубҳоро аз мавrеи атомистикаи Далтон маънидод кардан мумкин нест. Қонуни нисбати (таносуби) ҳаҷмҳоро қонуни Авогадро (1811) маънидод кард.
Дар ҳаҷми баробари газҳо дар шароити якхела (фишор ва ҳарорат) миқдори баробари молекулаҳо мавxуд аст.
Молекулаҳои моддаи соддаи гази ба монанди О2 , H2 , N2 , F2 , ва ғ. аз ду атом иборатанд.
Аз қонуни Авогадро ду натиҷаи муғим бармеояд.
Массаи молекулавии газ ё буғ ба ҳосили зарби зичии ин газ нисбат ба гази дигар ва массаи молекулавии гази дигар баробар аст.
M1 =Д*М2 , аз инxо
Як мол ҳамагуна газ дар шароити муrаррари (нормали, ОО С ва 103, 3 к Па) 22, 4л ҳаҷмро ишғол мекунад. Дар дигар шароит ҳаҷми газро бо муодилаи Клайперон-Менделеев ҳисоб кардан мумкин аст.
Қ онунҳои стехиометр и - қонунҳои доимии таркиб, эквивалентҳо ва карати будани нисбатҳо - дар вақташ барои молекулаҳо таъриф шуда буданд, бинобар он барои моддаҳои шакли молекулави дошта дуруст буда, барои моддаҳои ғайримолекулави қобили қабул нестанд. Бинобар он ҳангоми таърифи қонунҳои стехиометри ягонагии мавxудияти шаклҳои молекулави ва ғайримолекулавиро ба назар гирифтан лозим аст.
Қонуни доимии таркиб. Таркиби пайвастагиҳои молекулави новобаста аз тарзи ҳосилкуни онҳо доими аст. ҳангоми мавxуд набудани сохтори молекулави таркиби онио аз шароити ҳосилкуни ва коркарди аввала вобаста аст.
Таркиби молекулаи аммиак новобаста аз тарзи ҳосилкуни ҳама вақт доими аст.
N2 +3N2 =2NH3
2NH4 OH=2NH3 +2H2 O
Na3 N+3HNO3 =3NaNO3 +NH3
Таркиби оксиди титан (II) аз ҳарорат ва фишори оксиген вобаста аст.
Қонуни эквивалентҳо. Барои пайвастаҳои молекулави миқдорҳои массаи элементҳои таркиби айнан ба эквиваленти кимиёвии онҳо мувофиr меояд. ҳангоми мавxуд набудани сохтори молекулави дар ин ҳолати агрегати миқдорҳои масса элементҳои таркиби аз бузургии эквиваленти кимиёвии онҳо фарr мекунад.
Масалан дар NH3 ба 1 ҳиссаи массаи H2 14/3 ҳиссаи массаи N2 рост меояд. Дар оксиди TiO 48/2 ҳиссаи массаи титан бо 8 ҳиссаи массаи оксиген, дар TiO0, 82 бошад ҳам он миқдор титан бо 6, 52 ҳиссаи массаи оксиген пайваст мешавад.
Қонуни карати будани нисбат. Агар ду элемент байни худ якчанд пайвастаҳои молекулави ҳосил намоянд, онгоҳ миrдори массаи яке аз элементҳо, ки бо миrдори доимии дигар элемент пайваст шудааст, байни худ ҳамчун ададҳои бутуни содда нисбат доранд. Барои пайвастаиои сохтори молекулави надошта, миқдорҳои массаи яке аз элементҳо, ки бо миқдори доимии дигар элемент пайваст шудааст, ҳамчун ададҳои касри нисбат дошта метавонад.
Масалан дар оксидҳои нитроген N2 O, NO, N2 O3 , NO2 ва N2 O5
Ҳиссаҳои массаи оксигени бо 7 г нитрогени пайвасташуда байни худ ҳамчун 1:2:3:4:5 нисбат доранд.
Гидроген - Н
Гидроген унсури аввали системаи даврии унсурҳои химиявии Д.И.Менделеев буда раками гартибиаш 1 ва массаи атомиаш ба 1,0079 баробар аст.
Гидроген аз калимаҳои юнонии «ҳидро генес» гирифта шуда маънояш «тавлидкунандаи об» мебошад.
Гидроген маротибаи аввал соли 1766 аз тарафи олими англис Г'.Кавендиш муайн карда шудааст. Ба ин унсур номи гидрогенро соли 1779 олими Фаронса А.Л.Лавуазе ниҳода, аломати «Н» аз чониби олими швед Я.Берселиус соли 1814 пешниҳод гардидааст.
Гидроген унсури аз ҳама паҳншудатарини олам ба шумор рафта аз се ду ҳиссаи массаи онро ташкил медиҳад. 73%-и массаи Офтоб аз гидрогени атомй иборат аст. Дар бадани одам ба 100 атоми гидроген ҳамагй 58 атоми дигар унсурҳо рост меояд.
Гидроген гази беранг ва бебӯй буда, ҳангоми сахт хунук кардан ба моей беранг габдил меёбад ва агар хунукй давом ёбад, ба шакли моддаи сахт мегузарад.
Гайр аз гидрогени муқаррарӣ ду изотопи дигари он низ маълум аст: дейтерий - Д ё 2Н (соли 1932 аз тарафи олимони америкой Г.К.Юри, Ф.Брикведде, Г.Мэрфи ҳосил карда шудааст) ва тритий - Т ё 3Н (соли 1934 аз тарафи олимони англис М.Л.Олифант, П.Гартек, Э.Резерфорд ҳосил карда шудааст).
Дар саноат гидрогенро бо усулҳои гуногун чй аз моддаҳои гайриорганикй ва чй аз моддаҳои органики ҳосил мекунанд.
Гидроген барои синтези аммиак, кислотаи хлорид, спирти метил, барои кафшер ва буридани филизҳо, барои гидрогенизатсияи сӯзишвориҳои сахт ва моеъ, чарбҳо ва пайвастагиҳои гуногуни органикй ба кор бурда мешавад.
Дейтерий ва тритий дар саноати атомй истифода бурда мешаванд.
Ионҳои гидроген Н+ дар организм роли муҳими биологиро мебозад.
Молибден
Молибден аз калимаи юнонии «molybdоs» гирифта шуда, маънояш сурб мебошад. Азбаски минералҳои ин ду металл ба якдигар монанд буданд, ба як гурўҳ мансубашон медонистанд. Аввалин бор кимиёшиноси швед П.Я.Гесли (с.1781), ки печи баландҳарорат дошт, бо таклифи К.В.Шееле металлро гудохт, вале пас аз 40 сол молибдени тозаро И.Я.Берселиус ба даст овард. Танҳо дар асри ХХ истифодаи молибден амалӣ гардид. Молибден металли сафеди нуқрагун буда, бо аксар хусусиятҳояш ба волфрам шабоҳат дорад, вазнин (зичиаш 10,2 г/см3 ), мураккабгудоз, дар 28900 С гудохта шуда, дар 48850 С меҷўшад, устувор, ёзанда, кашанда ва ноқил аст. Зиёда аз 90% металли истеҳсолшуда дар металлургия, чун масолеҳи рупушкунандаи пўлод ва хўлаҳои махсус истифода мешавад. Молибден на танҳо бо волфрам, балки бо хром, манган, никел, ниобий омехта шуда, гудохтаҳои устувор, часпак, фарсуданашаванда ва аз зангзанӣ устувории он ба кор бурда мешавад. Инчунин дар саноати кимиёвӣ барои истеҳсоли катализаторҳо, тоза кардани маҳсулоти нафтӣ, пигментҳои гуногун (барои чинӣ ва шиша) ва маводи рупушкунананда васеъ истифода мешавад. Яке аз маводи конструксионӣ, барои истеҳсоли лампаҳои равшандиҳандаи барқӣ, асбобҳои электровакуумӣ (лампаҳои радио, генераторҳо, қубурчаҳои рентгенӣ), симҳои печҳои гармкунанда хизмат мекунад. Дар 1 тонн пўлод 2-5 кг, дар таркиби хўлаҳои махсус то 10 кг молибден сарф шуда, асбобҳои тезбурранда то 80 кг, зангназананда – 70 кг молибден доранд. Хўлаҳои рупушкунии пўлодини молибден дар саноати автомобилсозӣ, тракторсозӣ, авиатсионӣ ва қубурсозӣ истифода мешаванд. Пўлодҳои обутобёфтаи молибден чун зиреҳпўши танкҳо, дар сохтани аслиҳаи ҷангӣ (милтиқ, тапонча) ва тайёр кардани гудохтаҳою пўлодҳои аз ҳад зиёд сахт (стеллитҳо) маводи асосӣ мебошанд. Хўлаи «комохром» (Co, Mo, Cr) дар бадани инсон безарар буда, буғуму устухонҳои осебдидаро иваз мекунад.
Тилло (Зар) (Au) — элементи гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д.И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тилло - метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.
Тилло яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо мӯҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тиллоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тилло, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тиллоро Офтоб «қурси калону дурахшони тилло» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тилло рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хизмат мекард. Парастиши тилло чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тилло истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тилло дар Русия (с. 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тиллоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тилло дар қишри замин ҳамагӣ 5•10-7 %-ро ташкил мекунад. Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тилло сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тиллогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тилло ва маргниқоби тиллоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тилло ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тиллоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав - ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд. Дар давраи кашфиётҳои географӣ (с. 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар тӯҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тилло, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ – бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд. Ҳоло дар пойтахти Колумбия ш. Богото дар Осорхонаи тилло 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тилло дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тиллоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тиллоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шӯъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тилло сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тиллоиро гирифта ба осорхона супориданд. Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тилло бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд. Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тиллоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Кир огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тиллоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад. Дар асри XVII тангаҳои тиллоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд. Тилло металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 - 19,2 г/см3 ), мулоим (сахтиаш - 2,5-3), дар ҳарорати 10630 С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тиллоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76% тилло, электроника 9%, стоматология 3%, сиқкакунии тангаҳо 4% ва дигар соҳаҳои 8%, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тиллоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд. Бо тилло мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тиллоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тиллоиро медавонанд, бо тилло рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тилло сарф мешавад.
КАРБОН (C) КАРБОН (лот. Carboneum, аз carbo – ангишт), С, элементи химиявии гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев, рақами ат. 6, массаи ат. 12,011. Дар табиат ду изотопи собит 12С (98,892%), 13С (1,108%) ва як радиоактиви К 14С(Т1/2 = 5,6 • 103 сол) маълуманд. Дар асоси изотопи 12С ҷадвали ҳозиразамони массаҳои атомӣ тартиб дода шудааст. Моддаи зинда 18%, чӯб 50%, ангиштсанг 80%, нефт 85% ва антрасит 96% К. доранд. К. дар пайвастҳояш бештар чорвалента аст; дар шароити муқаррарӣ нофаъол буда, ҳангоми гарм кардан сӯхта оксиди карбон (II ва IV) ҳосил мекунад. Дар ҳарор. баланд К. барқароркунандаи қавӣ мебошад; бо металлҳо – карбид, бо сулфур – сулфиди карбон, бо нитроген – сиан ҳосил мекунад. К. элементи муҳими организм буда, асоси ҳаётро ташкил медиҳад. Ҳамаи он пайвастҳои органикӣ, ки дар таъмини қобилияти ҳаётии организмҳо иштирок мекунанд, асосан аз К. иборатанд. Қисми зиёди энергияи ба организм зарур бинобар дар ҳуҷайраҳо оксид гаштани К. ҳосил мешавад. Изотопи радиоактиви К. (14С) дар биология ва тиб истифода мегардад.
Дмитрий Иванович Менделеев 8 феврал 27 январ)и1834, Тоболск — 2 феврал (20 январ)и 1907,Санкт-Петербург) — олим-энсиклопедисти рус: химик, физикохимик, физик, метролог, иқтисоддон, технолог, геолог, метеоролог, нафтшинос, педагог, ҳавонавард. Профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург.
Зиндагинома
Дмитрий Иванович Менделеев яке аз бузургтарин олимони дунё буда, 27 январи(8 феврали) соли 1834 дар шаҳри Тоболск дар оилаи директори гимназияи маҳаллӣ таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди хурди оила(17-умин) ба ҳисоб меравад. Маълумоти ибтидоиро дар гимназияи маҳаллӣ гирифтааст. Пас аз хатми гимназия Д.И. Менделеев ба Институти педагогии Петербург дохил шуд ва онро соли 1857 бо медали тилло хатм намуд. Соли1859 Д.И. Менделеев рисолаи магистери(пешвои)-ро ҳимоя намуда,ба муддати ду сол барои кори илмӣ ба хориҷа фиристода шуд. Пас аз баргаштан ӯ аввал профессори Институти технологии Петербург ва сипас профессори университет интихоб гардид ва ба корҳои илмї ва педагогӣ машғул шуд. Дар вақти ошўбҳои донишҷўён солҳои 90-ум ӯ барои ҳимояи онҳо баромад намуд ва маҷбур шуд, ки университетро тарк кунад. Солҳои охири ҳаёташ Д.И. Менделеев дар Палатаи асосии ченак ва вазн кор кард. Комёбии бузургтарини фаъолияти эҷодии Д.И. Менделеев кашфи Қонуни даври ва бунёди ҷадвали даврии элементҳо буд. Ӯ бо рисолаи доктории худ. Дар бораи пайвастшавии спирт ва об ва ҳамчун ассотсиатсия фаҳмидани маҳлулҳо,шӯҳрати беандозаро соҳиб гардид. Аз тарафи Д.И. Менделеев кашф шудани назарияи ҳидрати то ҳол аҳамияти илми ва амалии худро гум накардааст.
Осор
Асари барҷастаи Д.И. Менделеев "Асосҳои химия" мебошад. Ин китоб дар асоси Қонуни даври тамоми мавзўъҳои химияи ғайриорганикиро фаро мегирад. Назарияро дар амалия татбиқ намуда, Д.И. Менделеев ба масъалаи технологияи нафт бисёр диққат дод. Ӯ пешниҳод намуд, ки истеҳсоли нафтро ҳаматарафа инкишоф дода, бештар ба коркарди химиявии он диққат дода шавад.
Таҳ лили катион ҳ ои гурўҳи 1-уми аналитики.
Ба катионҳои гурўҳи якуми аналитики катионҳои K+ , Na+ , NH4 + дохил мешавад. Калий ва натрий дар системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев дар гурўҳи якум ҷойгир шудааст. Аз ҷиҳати хосияти химиявиашон металлҳои фаъол ба ҳисоб мераванд. Ионҳои онҳо қабати ҳаштэлектронаи пуршуда дорад.Миқдори зиёди намакҳои калий, натрий ва аммоний инчунин гидроксидҳояшон дар об хеле нағз ҳал мешаванд.Гидроксиди натрий ва калий ишқорҳои қави (зўр) буда,дар маҳлули оби пурра ба ионҳо таҷзия мешаванд.Намакҳои натрий ва калий, ки аз кислотаи суст ҳосил шудаанд,ба гидролиз дучор шуда, муҳити маҳлули онҳо ба рН 7 баробар аст. Намакњое,ки аз кислотаи зўр ҳосил шудаанд ба гидролиз дучор нашуда, муҳити маҳлули онҳо реаксияи нейтрали доранд,яъне ба рН 7 баробар аст.
Маҳлули обии аммиак (NH4 OH)-асоси суст (заиф) ба ҳисоб меравад. Намакҳое, ки аз кислотаи зўр ҳосил шудаанд, ба гидролиз дучор шуда, муҳити маҳлули онҳо ба рН 7 баробар аст. Баръакси намакҳои натрий ва калий намакҳои аммоний дар натиҷаи гарм кардан таҷзия шуда, аммиак хориҷ мешавад.Бинобар он ин хосияти намакњои аммонийро ба назар гирифта барои дур кардани катиони NH4 + истифода мебаранд.
Миќдори зиёди катионҳои гурўҳи якуми аналитики дар об хеле нағз ҳал мешаванд. Реагенти гурўҳи надоранд.
Тавсифи катион ҳ ои гур ӯҳ и аналитики I
катион ҳ о : K + , Na + , NH 4 +
реагенти гур ӯҳӣ : надорад
Реаксияи хоси катиони К+
1. KCl + NaHC4 H4 O6 ____________ KHC4 H4 O6 + NaCl
сафед
2. 2KCl + Na3 [Co(NO2 )6 ] __________ K2 Na[Co(NO2 )6 ] + 2NaCl
зард
3. рангнокшавии шӯъла:
K+ бунафши паст
Реаксияи хоси катиони Na+
1. NaCl + KH2 SbO4 ____________ NaH2 SbO4 + KCl
сафед
2. рангнокшавии шӯъла:
Na+ зард
Реаксияи хоси катиони NH4 +
1. NH4 Cl + NaOH__________ NH3 + NaCl + H2 O
2. реактиви Несслер
NH4 Cl + 2K2 [HgJ4 ] + 4KOH ____________ [OHg2 NH2 ]J + KCl + 7KJ + 3H2 O
норан ҷӣ
Ба катионҳои гурўҳи дуюми аналитики катионҳои Ag+ , Pb2+ , [Hg2 ]2+
дохил мешавад. Ин элементҳо дар системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев дар гурўҳи гуногун ҷойгир шудааст. Ионњои онҳо ќабати ҳаждаҳэлектронаи пуршуда ё қабати 18+2 электрона дорад. Реагенти гурўҳи кислотаи хлорид-2н. HCl мебошад. Катионҳои Ag+ , Pb2+ , [Hg2 ]2+
ҳангоми таъсир бо кислотаи хлорид такшонии сафеди дар об кам ҳалшаванда ва дар кислотаи сероб такшони ҳосил мекунад.
AgNO3 + HCl __________ AgCl + HNO3
сафед
Pb(NO3 )2 + 2HCl _________ PbCl2 + 2HNO3
сафед
Hg2 (NO3 )2 + 2HCl ________ Hg2 Cl2 + 2HNO3
Ҳангоми таъсири кислотаи хлориди консентронида пайвастагии комплекси ҳосил мекунад.
AgCl + HCl _____- H2 [AgCl3 ]
Pb Cl + HCl ________ H2 [Pb Cl3 ]
Ҳалшавандагии хлоридҳо дар ҷадвали 1 оварда мешавад.
Ҳалшавандагии хлоридҳо дар ҳарорати 200 С
Хлоридҳо
ҳалшавандаги дар г.л
хлориди сурб
11,0
хлориди нуқра
1,8*10-3
хлориди симоб
2,0*10-4
Дар ҳарорати оби 100 0 С ҳалшавандагии хлориди сурб се маротиба меафзояд дар ин вақт ҳалшавии хлориди нуқра ва симоб чун пештара боқи мемонад. Ин хосият барои ҷудо кардани катиони Pb2+ аз катионҳои [Hg2 ]2+ ва Ag+ истифода бурда мешавад. Ҳангоми таъсири хлориди симоб бо маҳлули аммиак хлориди димеркураммоний ва симоби металли,ки такшонии сиёҳ дорад, ҳосил мешавад.
Hg2 Cl2 + 2NH4 OH ________ [Hg2 NH2 ]Cl + NH4 Cl + 2H2 O
[Hg2 NH2 ]Cl ____________ [NH2 Hg]Cl + Hg
Ин барои ҷудо кардани катиони [Hg2 ]2+ аз катиони Ag+ , истифода бурда мешавад.
Дуруштии об ва ро ҳҳои бартараф кардани он
Дар табиат оби тамоман холис мавҷуд нест: об ҳамеша дар таркибаш ба миқдори кам бошад ҳам дар таркибаш баъзе моддаҳои дигар низ дорад. Масалан, об бо баъзе намакҳои дар қишри заминбуда бо реаксия дохил шуда, дуруштии муаян пайдо мекунад.
Маҷмӯи хосиятҳое, ки об зери таъсири ионҳои Са+ ва Mg+ ба онҳо соҳиб мешавад, дуруштии об номида мешавад. Агар консентратсияи ин ионҳо зиёд бошад, обро дурушт ва агар кам бошад, обро нарм меноманд. Махз дамин ионҳо ба обҳои табии хосиятҳои махсуе мебахшанд. Дар вақти ҷомашӯйи оби дурушт на фақат сифати матои мешустагиро паст мекунад, балки боиси сарфи зиёди собун мегардад, зеро як миқдор собун бо ионҳои Са2+ ва Mg2 + пайваст мешавад ва кафки собун танҳо баъди пурра такшин шудани ионҳои калсий ва магний пайдо мегардад. Бояд гуфт, ки баъзе воситаҳои сунъи шӯянда дар оби дурушт либосро нағз мешӯянд. Сабаб дар он аст, ки намакҳои калсий ва магний ин моддадо дар об ба осони ҳал мешаванд.
Дар оби дурушт хӯрок бо мушкили мепазад ва сабзавоти дар он пухташуда таъми хуш надорад. Чойи аз оби дурушт дам кардашуда таъмашро гум мекунад. Дар айни ҳол ин ионҳо аз ҷиҳати санитари-гигиени хатарнок нестанд. Лекин обе, ки дар таркибаш ба микдори зиёд иоиҳои Са2 + ва Mg2 + дорад чун оби баҳру уқёнус дорой таъми талх аст ва ба меъдаю руда таъсири манфи мерасонад.
Оби дурушт барои истифода дар дегҳои буғи номақбул аст: намакҳои ҳалшуда дангоми ҷӯшонидани об дар деворҳои дег такшин шуда, қобилияти гармигузаронии дегро паст мекунанд.
Баъзан ҳангоми аз ҳад зиёд тафсидани дег таркиш ба амал омаданаш мумкин аст. Дар чойникҳо низ таишин ҳамин тавр ҳосил мешавад. Оби дурушт инчунин барои таҷҳизоти металли ва қубурҳо зарарнок мебошад.
Ионҳои Са2+ дуруштии калсийги, ионҳо Mg2+ бошанд, дуруштии магнийгиро ба вучуд меоранд. Дуруштии умуми ба суммаи дуруштиҳои калгийги ва магнийги яъне ба суммаи консентратсияи ионҳои Са2+ ва Mg2+ баробар аст.
Аз ҷиҳати просессоҳои нармкунии об ду намуди дурушти: карбонати ва ғайрикарбонатиро фарқ мекунанд. Дуруштии карбонати гуфта, дуруштиеро менаманд, ки ба туфайли иштироки ҳамон қисми ионҳои Са2+ ва Mg2+ , ки ба ионҳои гидрокарбонат НСОз-и дар таркиби об мавҷуда эквивалентанд, ба амал меояд. Бо ибораи дигар дуруштии карбонати аз ҳисоби гидрокарбонатҳои калсий ва магний ба амал меояд. Ҳангоми ҷӯшонидани об гидрокарбонатҳо вайрон шуда, ба карбонатҳои камҳалшаванда табдил меёбанд. Карбонатҳо такшин шуда, дар натиҷа, дуруштии умуми ба бузургии дуруштии карбонати кам хоҳад шуд. Бинобар ин дуруштии карбонатиро дуруштии муваққати низ меноманд. Ҳангоми ҷӯшидани об ионҳои Са2+ ба намуди карбонат такшин мешаванд.
Са2+ + 2НС03 - = СаСОз + СаО + Н2
Ионҳои магний бошанд, ба намуди намаки асосии карбонат ё гидроксиди магний (хагагоми pH > 10,3 будан) такшин хоқанд шуд:
Mg2+ + 2НСО3- + 20Н- = Mg(OH)2 C03 + С02 + Н2 0
Ионҳои гидроксид ОН- дар натичаи таъсири мутақобилаи ионҳои гидрокарбонат НСОз- ва об ҳосил мешаванд.
Дуруштие, ки баъди ҷӯшонидани об боқи мемонад, дуруштии ғайрикарбонати номида мешавад. Ин намуди дуруштиро намаҳои калсий ва магний кислотаҳои қави, асосан сулфатҳо ва хлоридҳо, ки дар таркиби об мавчуданд, ба амал меоранд. Ҳангоми чӯшонидани об дуруштии ғайрикарбонати бартараф намешавад. Бинобар ин онҳоро дуруштии доими низ меноманд.
Тавсифи микдории дуруштии обро дида мебароем. Дараҷаи дуруштии об ҳар хел ифода карда мешавад. Дар СССР онро ба суммаи миллиэквивалентҳои (мэкв) ионҳои Са2+ ва Mg2 +, ки дар 1 л аб мавчуданд, ифода мекарданд.
Аз рӯи кимати дурушти якчанд навъи обҳои табииро фарқ мекунанд: хеле нарм — дуруштиаш то 1,5 мэкв/л; нарм — аз 1,5 то 4 мэкв/л; оби дуруштиаш миёна — аз 4 то 8 мэкв/л; дурушт —аз 8 то 12 мэкв/л; аз ҳад зиёд дурушт — зиёда аз 12 мэкв/л. Махсусан обҳои баҳру уқёнусҳо хеле дурушт мебошанд. Масалан, дуруштии оби баҳри Сиёҳ чунин аст: дуруштии калсийги — 12 мэмв/л, дуруштии магнийги — 53,5 мэкв/л ва дуруштии умуми — 65,5 мэкв/л. Дар океанҳо бошад, об боз ҳам дурушттар аст: дуруштии калсийги — 22,5 мэкв/л, дуруштии магнийги — 108 мэкв/л ва дуруштии умуми — 130,5 мэкв/л. Дуруштии оби нушоки ва обе, ки дар хоҷагии халқ истифода мешавад бояд аз 7 мэкв/л зиёд набошад.
Аксаран оби дуруштро пеш аз истеъмол нарм мекунанд. Барои ин одатан моддаҳои гуногуни химиявиро истифода мебаранд. Масалан, дуруштии карбонатиро бо илова кардани оҳаки шукуфта бартараф кардан мумкин аст:
Са2+ + 2НС03 - + Са2+ + 20Н- =2СаСО3 + 2Н2 0
Mg2+ + 2НС03 - + 2Са2+ + 40Н- = Mg (ОН) 2 + 2СаС03 + 2Н2 О
Агар ба оби дурушт якбора ҳам оҳак ва сода илова намоем, дар натича дуруштии карбонати ва ғайрикарбонатиро бартараф кардан мумкин аст (усули оҳаки-содави). Дар ин маврид дуруштии карббнатиро оҳак нест карда дуруштии ғайрикарбонатиро бошад, сода бартараф менамояд:
Са2+ + С03 2- = СаСОз
Mg2+ +Н СОз2- =MgC03
ва баъд
MgC03 + Са2+ + 20Н- = Mg(OH)2 + СаС03
Дигар усулҳои бартараф кардани дуруштии обро низ ба кор мебаранд, ки дар байни онҳо яке аз усулҳои ҳозирааш ба истифодаи катионитҳо асос ёфтааст.
Моддаҳои сахте мавчуданд, ки дар таркибашон ионҳои серҳаракат доранд. Ин ионҳо ба ионҳои муҳити беруна иваз шуда метавонанд. Чунин моддаҳоро ионидҳо меноманд. Махсусан, қатронҳоиҳои ионивазкунанда, ки дар асоси полимерҳои сунъи ҳосил мешаванд хеле паҳн шудаанд. Ионитҳо (қатронҳои ионивазкунанда) ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: катионтиҳо ва анионитҳо. Ионитҳое, ки катионҳояшонро бо катионҳои муҳити беруна иваз мекунанд, катионитҳо ҳам доранд. Агар ионитҳо ба муҳити беруна анионҳояшонро иваз кунанд, онҳоро анионитҳо меноманд. Ионитҳо дар маҳлули намакҳо, кислотаҳо ва ишқорҳо ҳал намешаванд. Катионитҳо,дар намуди донаҳои сиёҳ ва хокистарранг мавҷуд буда, диаметрашон аз 0,5 то 2 км мебошад. Анионитҳо низ шакли донаро дошта, сафед, гулгун ё каҳваранганд.
Барои бартараф кардани дуруштии об катионитҳо — қатронҳон сунъии ионивазкунанда ва алюмосиликатҳо, масалан Na истифода бурда мешаванд. Таркиби онҳоро шартан бо формулаи умумии Na2 R ифода кардан мумкин аст, ки дар ин ҷо Na+ —катиони серҳаракат ва R2- — кисми манфизаряди катионит мебошад. Масалан, дар мисоли боло
R2- = [Al2 Si2 08 • Н2 О]2-
аст. Агар обро аз қабатҳои катионит гузаронем, он гоҳ ионҳои натрий ба ионҳои калсий ва магний иваз мешаванд. Инро схемави чунин тасвир намудан мумкин аст:
Са2+ + Na2 R = 2Na+ + CaR Mg2+ + Na2R — 2Na+ + MgR
Ҳамин тариқ, ионҳои калсий ва магний аз об ба катионит гузашта, ионҳои натрий бошанд, аз катионит ба об мегузаранд. Дар натича дуруштии об бартараф мешавад.
Агар ионҳой натрий аз катиони ба микдори зиёд ба об гузаранд, одатан катионинро аз нав барқарор мекунанд. Барои ин катионитро дар маҳлули хлориди натрий нигоҳ медоранд. Дар ин маврид просесси баръакс рӯй медиҳад ионҳои натрий, ки дар маҳлул мавҷуданд, ионҳои калсий ва магний таркиби катионитро иваз мекунанд:
CaR + 2Na+ = Na2 R + Са2 +
MgR + 2Na+ = Na2 R + Mg2+
Катионити аз нав барқароршударо боз барои нарм кардани оби дурушт истифода бурдан мумкин аст.