Статистика
Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0
Каталог файлов
В категории материалов: 9 Показано материалов: 1-9
Аз меъёр зиёд кабули вояи маводи нашъа – ин ворид шудан ба организм вояи маводи нашъаи хатарнок, ки дар натичаи он ба узвхои хаётан мухими организм зулм мешавад ва хавфи маргро ба миён меояд. Аз меъёр зиёд кабули вояи маводи нашъа ба марказхои нафаскаши ва рагхои харакати алокаманд мебошад. Аз меъёр зиёд кабули воя ба ин марказхо баъди ворид шудани вояи зиёди маводи нашъа зулм мерасонад. Сипас амал бо тарзи зерин ривоч мегирад:
бехуш шудан + махкам шудани рохи нафас = пурра манъ шудани нафас (марг)
Сабабхои аз меъёр зиёд кабули воя:
Омехта намудани маводи нашъа, масъалан, героинро бо дигар дипрессантхо (барбитуратхо, транквилизаторхо (реланиум), машруботи спиртдор).
Маводи нашъаро такроран барои зиёдтар кардани таъсири пешина, ки таъсири нашъадории у суст мешавад, кабул мекунанд.
Бозгаштан ба истеъмоли тазрикии (инексиони) маводи нашъа баъди танаффуси дуру дароз.
«Сузанзании тиллоии». Баъзе истеъмолкунандагон дидаву дониста бо максади худкуши вояи маводи нашъаро зиёд мекунанд ё уро бо дигар маводхо омехта мекунанд.
Ворид кардани маводи номаълум.
Зиёд кардани вояи маводи воридшуда.
Аломатхои аз меъёр зиёди кабули воя
«Халондани» - хоби одам меояд, мушакхо заиф мешаванд, одам сарашро хам карда, бо чашмхои пушида охиста ба замин ва ё сари зону мешинад, рафтани оби дахан аз дахони нимкушода ба назар мерасад.
Кабуд шудани лаб ва нохунхо, нафаскашии суст ё набудани он, хуроккаши, набудани эътино ба равшани дар гавхараки чашм, дард ва овози баланд, набзи суст.
Тартиби нишон додани ёрии аввалиндарача дар вакти аз меъёр зиёди кабули воя
Асос ба эхсосот дода нашуда, бо тартиби зерин амал кардан.
Муайян кардан зарур аст, ки одам хушёр аст ё не – исмашро гирифта бо овози баланд фарёд кардан лозим аст.
Ба хобрави имконият надодан, чабрдидаро пучидан, ба рухсора торсаки задан.
Агар одам ба хуш ояд, уро танхо намондан: ба хобрави имконият надодан, бо у сухбат кардан, ба хавои тоза баровардан. Одаме, ки ба ягон чиз ахамият намедихад, дар холати бехуши мебошад.
Узвхои нафаскаширо санчидан: одамро ба тахтапушт монда, манахро бардошта, дахони уро кушодан зарур аст. Агар дар дахон хамирахои кайовар бошанд, онхоро бо даструмол ё бо латтаи ба ангуштпечонида тоза кардан даркор. Ин амали на онкадар дилписанд аст, лекин инро накунем, одам метавонад нафастанг шавад. Холатхое мешаванд, ки хангоми аз хуш рафтан забон фуру меравад ва роххои нафаскаширо махкам мекунад. Дар ин холат кошукро гирифта, дахони одамро кушода, бо кошук забони уро зер мекунанд. Дар ин маврид хаво озодона ба шуш мегузарад.
Мавчуд будани нафаскаши ва набзро санчидан даркор: ба руи чабрдида наздик шуда гуш кардан лозим аст, хамзамон ба кафаси сина ахамият додан зарур аст (агар одам нафас кашад, он пасту баланд мешавад). Инро дар давоми 10 сония бояд кард. Набзро санчидан даркор: набзи одамеро, ки бехуш мебошад, дар рагхои хоби гардан санчидан лозим аст.
Агар одам нафас накашад, Ёрии таъчилиро ДАРХОЛ даъват карда, нафасдихии сунъиро огоз кардан лозим аст.
Нашъаманди (калимахои юнони νάρκη /narkē/ - карахтшави, хоб ва μᾰνία /mania/ — беакли, рагбат, майл) – холати мунтазами одам, ки аз истеъмоли моддахои нашъовар (психоактиви) ба вучуд меояд.
Истилохи «моддахои нашъаовар» аз се кисм иборат аст: 1) тибби, 2) ичтимои, 3) хукуки. Кисмхо бо хамдигар вобаста буда, аз нуктаи назари хукуки ухдадор менамоянд, ки мавод дар мавриди мувофикшавии хар се кисми номбаршуда нашъаовар хисобида шавад. Кисми тиббии мавод (модда, дору) бояд ба системаи марказии асаб таъсири хос расонад (хавасмандкуни, седативи, таввахуми ва гайра), ки сабаби истеъмоли гайритиббии он шуда метавонад. Кисми ичтимои онро дар назар дорад, ки истеъмоли гайритиббии мавод хамин хел андозаро мегирад, ки ахамияти ичтимоиро кабул мекунад. Кисми хукуки хар ду замимаи дар боло зикршударо асос намуда талаб мекунад, ки муассисахои дахлдор маводи мазкурро нашъаовар кабул кунанд ва ба руйхати моддахои нашаъовар дохил намоянд.
Маводхои нашаъовар ба гуруххои зерин таксим мешаванд:
Бангдонаи махсули (маводи нашъа, ки аз бангдона тайёр карда мешавад).
Навъи нашъа, ки аз кукнор ё монанди он тайёр карда мешавад.
Навъи нашъаи хобовар-седативи.
Нумуяи рухи.
Дорухоигаллютсиногени.
Моддахои нашъовари амалкунандаи тезгузар.
Зараре, ки бо истеъмоли маводи нашъаи тазрики алокаманд мебошад
Истеъмоли маводи нашъаи тазрики ба саломатии одам зарари чисмони ва рухи, инчунин зарари ичтимои-молиявии назаррас мерасонад.
Зарар ба саломатии чисмони:
Сирояти-ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам), БПНМ (Бемории пайдошудаи норасоии масуният).
Хепатит.
Тромбофлебит ва аломати посттромбофлебити (бо инкишофи захми трофикии дасту по).
Истеъмоли аз меъёр зиёд (передозировка), ки одатан ба марг мерасонад.
Абсесхо ва флегмонхо.
Сепсис.
Карахт шудани бофтахои нозук ( каросони (гангренаи) дасту пой).
Аломати абстиненти (вобастагии чисмони).
Авитаминоз.
Бемории сил.
Захролудшавии (интоксикатсияи) сахт ва доими.
Вайроншавии аъзои хозима: гастрит, захми меъда, заифии руда, кабзияти доими (сахтшавии меъда).
Зарар ба саломатии рухи:
Вайроншавии мувозинаи чараёнхои рухи – рухафтодаги ва хаячонноки.
Вобастагии рухи.
Дигаргуншавии ирода.
Таназзули шахсият (танг шудани доираи майлу рагбат ва чамъ гардидани онхо дар атрофии маводи нашъа)
Гум шудани максади хаёт.
Бемории зуком
На ҳама бемории роҳи нафас зуком аст. Баробари пайдо шудани сулфа ё атса, дарди гӯшу гулӯ ё рафтани оби чашму бинӣ ҳатман ба ҳамдигар мегӯем, ки «зуком шудаӣ». Вале набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама нишонаи танҳо зуком нест ва метавонад бемориҳои шадиди роҳи нафас низ бошад.
Пас, зуком чӣ гуна беморист ва сабаби асосии гирифторӣ ба он дар чист?
Зуком (русси: грипп ) бемории вирусӣ буда давомнокии он ду ҳафта, яъне 14 рӯз аст. Мо дар ин муддат онро табобат кунем ҳам мегузараду табобат накунем ҳам мегузарад, вале фарқияташ дар он аст, ки агар онро табобат кунем пурра нест мешавад, вале агар табобат накунем нишонаҳои аввал ё худи бемории зуком мегузараду оризаҳояш боқӣ мемонанд. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш, ки онро патит ҳам мегӯянд, бронхит и шадид аз ҷумлаи оризаҳои зукоманд, ки метавонанд шакли музминро гиранд. Сабаби асосии беморшавӣ суст шудани қувваи муҳофизатии организм аст. Чун қувваи муҳофизатӣ суст шуд, инсон ба ҳама гуна беморӣ, аз ҷумла ба зуком низ зуд-зуд гирифтор мешавад. Аз ин хотир, аввал бунияи инсонро бояд мустаҳкам кард. Зуком бештар дар ҳавои намӣ, фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Ҳамчунин шамоли дутарафа метавонад сабаби беморшавӣ гардад.
Тафовути зуком аз бемориҳои роҳи нафас дар чист ва чӣ нишонаҳо аз беморӣ дарак медиҳанд?
Дар ҳар ду ҳолат ҳам таби баланд, дарди сар, дарди гулӯ, обравӣ аз чашму бинӣ, гирифтани димоғ ва сулфа пайдо мешаванд. Фарқ дар он аст, ки ҳангоми зуком ҳамин дардҳо шакли вазнинтарро мегиранд. Ҳамчунин ҳангоми зуком дарди мушаку устухон ё буғумҳо авҷ мегиранд, ки ин нишона ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас дида намешаванд. Дар давоми 3-4 рӯзи аввал хуруҷи бемор ба назар мерасад ва пас аз рӯзи 4-5 - ум вазъияти бемор то андозае ба эътидол меояд ва боз дар рӯзҳои 10-11- ум як бори дигар беморӣ хуруҷ мекунад, вале нисбат ба рӯзҳои аввал каме сабуктар. Ва пас он ҳамаи аломатҳои беморӣ бартараф мешаванд. Барангезандаи зуком вирус аст, бемориҳои роҳи нафас бошанд вирусӣ нестанд. Зуком гузаранда аст. Ҳангоми гирифторӣ ба зуком сулфаи балғамдор пайдо мешавад, ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас бошад аксаран сулфаи хушк ба назар мерасад.
Зуком бо кадом роҳҳо мегузарад ва чӣ тавр онро пешгирӣ кардан мумкин аст?
Агар бемори гирифтори зуком худро нағз нигоҳубин кунад, дар давоми 7 рӯз бемориаш мегузарад. Зуком бо роҳи қатраӣ-ҳавоӣ аз нафари бемор ба каси сиҳат мегузарад. Аз ин хотир, аз рӯзи аввал нӯшокиҳои гарм, чун чой, чой бо лимӯ ва асал, бо мураббо, нӯшоба аз гиёҳҳои шифобахш шифобахш (гвоздика, коланхоэ, душица) метавонад пеши роҳи ин бемориҳоро гирад. Ҳамчунин ба оби гарми хокаи ҳардал (горчица) дошта то 10-15 дақиқа доштани дасту пойҳо манфиатбахш аст. Истеъмоли чойи хунук ё нӯшобаҳои хунуки дигар сабабгори гирифтор шудан ба бемориҳои вазнинтаре, чун илтиҳоби шуш, атити шадид (дарди гӯш) ва гайморит шуда метавонанд. Аз ин рӯ, ҳамаи нӯшокиҳоро дар шакли гарм истеъмол намудан лозим аст.
Вақти гирифторӣ ба зуком чӣ бояд кард?
Агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бояд бо беморӣ мубориза барад. Агар ҳамин нишондодро мо ба таври сунъӣ паст кунем, рафта-рафта ҷисм ба он одат мекунад ва минбаъд низ наметавонад бо он мубориза барад. Дар ин ҳолат агар ба бадани бемор маҳлули спирту обро омехта молед, табро паст мекунад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани таби бадан доруи паратсетамол ё дигар доруҳои дар таркибашон паратсетамолдошта барои кӯдакон ба миқдори 0,2 мг ва барои калонсолон ба миқдори 0,5 мг дар як рӯз 3 маротиба тавсия дода мешавад. Барои кӯдакон бештар кислотаи аскарбин ва витамини ревит тавсия дода мешавад. Бештар ҳангоми пайдоиши зуком, ки барангезандааш вируси навъи А мебошад, доруи ремантадинро тавсия додан мумкин аст. Онро дар рӯзи аввал 100 миллиграмм се маротиба, рӯзи дувуму сеюм 100 мл. ду маротиба, ва дар рӯзҳои 4-5-ум ба миқдори 100 мл. рӯзе як маротиба истеъмол кардан мумкин аст. Барои пешгирии зуком бошад, дар муддати то 2 ҳафта рӯзе 50 миллиграмӣ тавсия дода мешавад. Барои сари вақт паст кардани таби кӯдакон шамъчаҳои табобатии виферон низ кӯмак мерасонанд. Дар ибтидо истифодаи ҳаби аннаферон зукомро хуб пешгирӣ намуда, онро сари вақт бартараф месозад. Ба хусус барои кӯдакон хеле муфид аст. Дар рӯзи аввали беморӣ онро 8 маротиба ҳар ду соат додан мумкин аст. Ҳар ҳаби онро 15-30 дақиқа пеш аз хӯрок ё ним соат пас аз он истеъмол кардан лозим аст. Аз рӯзи дуюм то пурра шифо ёфтан рӯзе 3 маротиба тавсия дода мешавад
Дандон
Вақте лабҳо ба табассум боз мешаванд, дандонҳои ҷилодору булӯрине, ки дар моварои он ду лаъл маскан гузидаанд, зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд. Соҳиби чунин дандон ниме аз хушбахтиро камоӣ кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба соддагӣ ҳусну зебоӣ ва аз сӯи дигар саломатӣ ва дурахшиши ҷавониро ҷилва диҳад. Нишонаи пирӣ танҳо хамидагии қомат ва коста шудан аз хирмани мӯю гесу нест. Он чӣ аз шумораи дандон кам шавад, нишонаест, ки дигар сафову зулоли ҷавонӣ ба манзили ғуруби худ равон аст.
Феҳрасти бемориҳои дандон иборатанд аз илтиҳоби милки дандон, кирмхӯрдагии дандон, варам ва чирки буни дандон, хунрезӣ ва дарди дандон ношӣ аз авомили гуногун.
ИЛТИҲОБИ МИЛКИ ДАНДОН (парадантоз). Тибби расмӣ маълум сохтааст, ки авомили бурӯзи парадантоз пайдоиши сангҳои дандон, ихтилолоти ғадуди сипаршакл, бемориҳои табодули мавод дар бадани инсон, норасоии Витамини гуруҳи «В» ва ғайра мебошад. Ин беморӣ дар ибтидои пайдоиши худ асосан бидуни нишона буда, фақат гоҳе хориш ва сӯзиш дар милки дандон эҳсос мегардад.
ТАРЗИ МУОЛИ ҶА : Дар ибтидои пайдоиши хориш ва сӯзиш метавонед аз нусхаҳои зерин истифода карда аз пешравии парадантоз ҷилавгирӣ намоед. Вале агар беморӣ пешрафтааст, ҳатман бояд ба духтури дандон муроҷиат намоед.
Нусха : бигиранд 2 қошуқи чойхурӣ аз шираи гули алоэ ва дар 200 гр. оби ҷӯшидагии ширгарм омехта карда, рӯзе 2-3 маротиба дандонҳоро обкашӣ кунанд. Ин нусха дар мавриди харобии дандон (кариес) низ кӯмак менамояд.
ХАРОБИИ ДАНДОН (кариес). Тибби расмӣ эътироф менамояд, ки сабаби харобию пусидагии дандон то ба ҳол ошкор нашудааст, вале ихтилол дар реҷаи ғизо монанди тағйири мувозинаи намакҳо ва камбуди витаминҳо, махсусан «В», «С» ва «Д» метавонад нақш дошта бошад. Дард дар қиболи кариес пайдо намешавад, илло ҳангоми тамос бо гармию сардӣ, туршӣ ва ширинӣ, инчунин ҷисми сахт.
МУОЛИ ҶА ВА ПЕШГИР Ӣ. Пешгирии ин беморӣ бояд аз батни модар оғоз гардад. Модари тифл бояд ғизоҳое масраф намояд, ки саршор аз витаминҳо, фтор, калсиюм ва фосфор бошад, то тифли оянда аз дандонҳои мустаҳкам ва ҷилодор, инчунин устухони қавӣ бархӯрдор бошад. Ин мавод дар дохили ширу панир, чормағз, сиру пиёз, моҳии баҳрӣ ва карам ба таври фаровон мавҷуданд.
Нусха : Дар тибби мардумӣ омадааст, ки қандро дар як қошуқ бигиранд ва рӯи оташ сурх кунанд, сипас нарм бикӯбанд ва бар маҳалли пӯсидагӣ ё кирмхӯрдагии дандон бигузоранд. Ин нусхаи соддаро ба яке аз дӯстон тавсия кардам, эшон иҷро карданд ва бо ризоят фармуданд, ки дарди дандон таскин ёфт ва умед аст аз пусидагӣ ва кирмхӯрдагии баъдӣ ҷилавгирӣ шавад.
ДАРДИ ДАНДОН (зубная боль).
Нусха : бигиранд 3 гр. тухми кӯбидаи ҳазориспанд ва бо 30 гр. оби ангур махлут карда, дар даҳон гиранд ва мазмаза кунанд, дарди дандон сокит хоҳад шуд.
Агар дарди дандон ба сабаби пӯсидагӣ ва сӯрохӣ бошад, аз ин нусха истифода кунед: Занҷабилро бо каме сирко ва асал ҷӯшонда дар сӯрохии дандон бирезед.
Агар коҷи дандон дард кунад – даҳонро бо дамкардаи решаи гули хайрӣ дам ба дам обкашӣ намоед ё хокаи дорчиниро бо асал омехта карда ба коҷи дандон бимолед.
НУСХА ҶИҲАТИ РАФЪИ ХУНРЕЗИИ ДАНДОН: Ним қошуқча содаи хурокиро бигиранд ва чанд қатра перекисро дар он бичаконанд ва бо ангушти ишора қисмате аз онро бардоранд ва коҷи дандонро молиш диҳанд. Агар ин амалро чанд бор такрор кунанд, хунрезии дандон барои ҳамеша аз байн хоҳад рафт.
Чашм
Чашм ин як узви кӯчак, вале муҳим дар аъзои бадан аз ҳадоёи Худовандӣ бар инсон ва ҷумлаи зиндаҷон дар табиат аст. Субҳгоҳон ҳар боре, ки пилкҳо боло шуда чашм боз мегардад, оламро бо тамоми ҳастияш бо як назора дарк мекунем ва тасвири хубӣ ва бадии атрофу акнофи хешро ба қалб мефиристем ва забонро низ огоҳ месозем. Чунончӣ ба шукуфаҳои дарахтон нигоҳ карда мегўем: «Оҳ, чӣ қадар зебост!». Дар ин ҷост, ки бояд дуруд бар зоти поки Эзиди тавоно бифиристем, ки чунин неъматеро барои пайкари инсон арзонӣ доштааст.
Аз дидгоҳи тибб бинигарем, чашм оинаи тамомнамои сиҳатии бадан аст. Чашмони барроқ, тез ва нофиз нишонаи солим будани шахс аст ва аломатҳои зардӣ, пажмурдагӣ, сурхӣ ва фурурафтагии чашм тақозо менамояд, ки бояд соҳиби он ба зудӣ пеши духтур ташриф бибарад.
Феҳрасти бемориҳои чашм: Бемориҳои чашм ба таври умум иборатанд аз камнурӣ, афтодани парда дар чашм, обрезиши чашм, глоукома, шабкурӣ, илтиҳобот ва ғайра.
КАМНУРИИ ЧАШМ . Хуршед ҳувайдост, аммо нури дигаре ҳаст, ки дар дидаи мо нест. Камнурӣ дар ҳар синне, ки набошад, иллатеро дорост ва бояд он иллат ошкор ва бартараф гардад. Нахуст бояд гуфт, ки фишори зиёд ва мудовим болои чашм, ки бештар дар касоне, ки шуғлашон мутолеа мебошад (олимон, нависандагон) инчунин заргарон, соатсозон, меъморон, наққошон ва ғайра ашхосе, ки шеваи корашон зарофаткорӣ ва резакориро тақозо мекунад, чашмро заифу нотавон месозад. Касоне, ки шабу рӯз ба кори мутолеа ва кор бо компютер машғуланд, диди чашмашон бештар заиф мегардад ва ин табақа аз мардум агар эҳтиёт ба харҷ надиҳанд, ғафсии айнакашон сол аз сол бештар хоҳад гашт.
ПЕШГИРӢ ВА МУОЛИҶАИ КАМНУРИИ ЧАШМ БА ШЕВАИ ТИББИ СУННАТӢ:
Нусха : шираи барги турбро бигиранд ва каме асал ба он илова кунанд ва ба чашм чаконанд, чашмро тез гардонад.
Нусхаи дигар: хӯрдани оби сабзӣ ( 100 гр. аз тарафи субҳ) ба муддати 40 рӯз нури чашмро зиёд мекунад ва низ дамкардаи қисмати рўизаминии он ҳамин хосиятро доро мебошад.
Ҷиҳати ғизодиҳии чашм бояд дар ғизои рўзмарра маводе, ки саршор аз витомини А, Е ва С мебошад истифода намуд.
ОБРЕЗИШИ ЧАШМ : Таҳқиқоте, ки дар замина анҷом шудааст, авомили обрезиши чашмро камбуди моддаи кимиёвӣ ба номи калий медонанд. Дар ҳар сурат донишманд ва табиби номии амрико – Ҷарвис дар ин маврид таҳқиқоти илмӣ анҷом додаст ва чунин нусхаро пешкаш намудааст: 1 қошуқи чойхӯрӣ сиркои себ, 1 қатра йод ва 1 истакон обро бо ҳам омехта карда, ҳангоми сарфи ғизо хӯрда шавад.
СУРХИИ ЧАШМ: Сурхии чашм дар асари сардардиҳо, фишори хун, тасаллуби шароини мӯйрагҳо (атеросклероз) инчунин зарба, садама ва ҳассосият( аллергия) ба миён мояд.
ПЕШГИРӢ АЗ СУРХИИ ЧАШМ: Каме пахтаро дар шири тоза тар карда чашмҳоро бибандед ва тарбандӣ кунед ва муддати 5 дақиқа нигоҳ доред сипас бо оби ҷӯшидагии сард бишӯед.
ШАБКУРӢ: одатан касоне, ки аз оғози торикии шом пеши роҳи худро намебинанд, вале рӯзона диди чашмашон маъмулӣ аст, онҳоро мегӯянд – шабкӯр. Илми тиб маълум кардааст, ки шабкӯрӣ дар асари камбуди Витамин «А» дар организми инсон ба вуқӯъ мепайванданд.
ПЕШГИРӢ АЗ ШАБКУРӢ:
Нусха : Дорчиниро бо чою асал бихӯред, барои шабкӯрӣ муфид аст.
КАТАРАКТА – тирагии мардумаки чашм мебошад.
Сабаби катарактаи модарзодӣ он аст, ки дар давраи ҳомилагӣ модари тифл бемории инфексионӣ – вирусиро аз сар гузарондааст ва низ камбуди калтсий ва витаминҳо маҳсус будааст.
Катарактаи оидиҳолшуда дар асари садама ё бемориҳои дигар аз қабили қанди хун ё пирӣ ба миён меояд. Нишонаҳои ин қисми катаракта иборат аз лаккаҳои сиёҳ дар пеши чашм, коҳиши диди чашм ва ба мурури замон то сарҳади нобиноӣ расидан аст.
ТАРЗИ ПЕШГИРӢ ВА МУОЛИҶА: Он чӣ дар байни мардум таҷриба шудааст ва натиҷаи хуб додааст, аз тарафи тибби мардумии “ОРИЁН” ба ниёзмандон тақдим мегардад.
Нусха : Рўзе 3 маротиба як қошуқчаи чойхӯрӣ шираи алоэро бихӯранд ва 2-3 қатра аз онро бегоҳӣ пеш аз хоб дар чашм чаконанд.
КОМПЮТЕР, ХАСТАГӢ ВА ҲАСССОСИЯТ(АЛЛЕРГИЯ)-И ЧАШМ.
Нусха : Як қошуқчаи чойхўрӣ аз гули говзабонро дар ним истакон оби ҷўш дамкарда пахтаро дар он тар кунанд ва чашмро шустушў диҳанд ва дар охир компрес кунанд. Ҳарорати об бояд каме гарм бошад ва ин амалро бегоҳӣ анҷом диҳанд.
Бачагони нуқсонҳои сенсорӣ ва муҳаррикӣ дошта
Бачагони нуқcони муҳаррикӣ (ҳаракаткунӣ) дошта ба ношунаво ва шунавоиашон суст, ба нобино ва биноиашон суст ҷудо мешаванд. Ба қадри кофӣ инкишоф наёфтани узви сомеа ё босира кўдакро аз муҳимтарин сарчашмаҳои иттилоот маҳрум месозад, ки ин сабаби на танҳо аз ҷиҳати психикӣ, балки ҷисмонӣ ҳам қафомонии кӯдак мегардад.
Зуҳуроти қафомонӣ аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи суст ё вазнин вазнин пайдо шудани нуқсон ва ба давраи ба вуҷуд омадани нуқсонҳои сенсорӣ ва муҳарикӣ, инчунин ба кай оғоз ёфтани корҳои махсуси ислоҳӣ (коррексионӣ) вобаста аст.
1. Кӯдакони нуқсони шунавоӣ дошта . Сабаби асосии дар инкишофи фикрӣ қафомонии кўдаки нуқсони шунавоӣ дошта ин халалдор гардидани инкишофи нутқӣ мебошад. Чунки худ аз худ маълум аст, ки кӯдак дар натиҷаи садои нутқи худ ва сухани атрофиёнро нашунидан ба онҳо низ тақлид карда наметавонад. Характери нуқсонҳои нутқӣ бевосита ба дараҷаи нуқсони шунавоӣ ва замони ба вуҷуд омадани он вобаста аст. Аз ҷумла Л.С.Виготский қайд намуда буд, ки « … ҷубронкунӣ ва камолёбӣ дар натиҷаи инкишофи мадании кўдакони ношунаво ба вуҷуд меояд. Бадбахтии кўдакони кару гунг, аз он ҷумла бадбахтӣ дар роҳи инкишофи диққати онҳо, на ба он вобаста аст, ки бархилофи бачагони нуқсони муқаррарӣ дошта ин нуқсон ба ӯ табиатан дода шудааст, балки бинобар аз лиҳози маданӣ рушд наёфтани эшон ба вуҷуд омадааст».
Аз ҷиҳати иҷтимоӣ-маданӣ ба нуқсони шунавоӣ мутобиқшавии бачагон аксаран (то 40%) дар натиҷаи вайроншавии эҳсосот ва рафтор ба вуҷуд меояд. Чунки дар рафти он эҳсосот мураккаб гардида, ин нуқсонҳо бори дуюм аз ҳисоби таназули ёфтани муҳаррикҳо ва раванди иҷтимоишавӣ ба вуҷуд меоянд ва вобаста ба шароитҳои тарбияи кўдак чӣ дар оила ва чӣ дар муассисаҳои томактабӣ ташаккул меёбанд. Ин гурўҳи бачагон аксар вакт роҳи канораҷўиро пеш гирифта, бо ҳамон гурўҳи бачагоне муошират кардан мехоҳанд, ки мисли худашон бошанд. Зеро ба асари ошкор гардидани нуқсонҳояшон онҳо андӯҳгин мешаванд. Нутқи онҳо вобаста ба нуқсонҳои миқдорӣ ва сифатӣ фарк мекунанд.
Аксар вақт нуқсонҳои овозӣ — ҳарфиии таркиби калима ба назар мерасад. Чунончӣ, баъзе овозҳоро кўдак фаҳмида наметавонад, чунки ӯ танҳо қисми калимаро равшан мешунаваду халос. Дар натиҷа гўшаш бандак ва охири калимаҳоро нодуруст гурўҳбандӣ мекунад. Чӣ тавре, ки Н.Д.Шматко қайд намудааст, кӯдак калимаро нодуруст мешунавад, нодуруст онро дар хотир нигоҳ медорад ва нодуруст талаффуз менамояд. Ҳамаи ин зарурияти аз синни хеле барвақт ба роҳ модани корҳои сурдопедагогиро талаб мекунад.
2. Бачагони нуқсони биноӣ дошта . Дараҷаи қафомонӣ дар инкишофи психикии ин гурўҳи бачагон ба пайдоиши (этиология) нуқсон, дараҷаи нуқсон ва давраи ба вуҷуд омадани нуқсони биноӣ, инчунин аз сари вақт ба роҳ мондани корҳои коррексионӣ (ислоҳкунӣ) вобаста аст. Хусусияти инкишофи психикии бачагони нобино ва биноияшон заиф ба суст будани тафаккури абстракттӣ-мантиқии онҳо, ба маҳдуд будани доираи дониши умумӣ ва ғайриконкретӣ вобаста аст. Барои онҳо маҳдуд будани доираи дониш ва тасаввуроти дар бораи муҳити атроф ва бартарӣ доштани дониши умумӣ ва ғайриконкретӣ хос аст. Ба эшон, инчунин таҷрибаи ҳиссии камҳаҷм, захираи луғавии формалӣ ва нокифоя будани фаҳмиши аниқ роҷеъ ба кадом ашё тааллуқ доштани калима характернок мебошад. Нуқсони биноӣ инкишофи маҳорати муҳаррикҳоро оид ба дарки фазо боз медорад ва нокифоя будани фаъолнокии моторикҳои кўдакон боиси камҳаракатии умумии онҳо мегардад. Ин гурўҳи бачагон ба ақидаи Н.Д.Шматко, агар ба шарте, ки атрофиён аз нуқсони онҳо огоҳ гарданд, аксар вақт кӯшиш менамояд, ки нуқсони худро пинҳон доранд, ё рад намоянд. Чунки дар ин ҳолат онҳо дар вазъияти ноқулай мемонанд. Барои ёрӣ пурсидан шарм медоранд. Онҳо нисбат ба танқид ниҳоят пурэҳсос мебошанд ва ин ба онҳо таъсири сахт мерасонад. Яъне танқид онҳоро абгор мекунад. Агар нуқсони биноӣ вазнин бошад, ҳаракатҳои нохуш ба назар расиданаш мумкин аст. Бачагон ба чашмони фишор меоваранд, то ки равшаниро эҳсос намоянд. Ба ин умед мебанданд. Садои ғайримуқаррарӣ мебароранд.
3. Бачагони нуқсони аппарати такяву ҳаракатдошта . Се гурўҳи ин типпи бачагон нишон дода шудааст, ки онҳо ҳаракатҳои ихтиёриро ё иҷро карда наметавонанд ва ё аснои иҷрои онҳо душворӣ мекашанд. Ба гурўҳи якум кўдаконе дохил мешаванд, ки дар онҳо зуҳуроти фалаҷи ғайримарказии боқимонда, фалаҷи ҷузъии нуқсонҳои аз каф ё банд ҷудошуда ва зуҳуроти шакли сабуки каҷшавии сутунмуҳра ба назар мерасанд. Ба гурўҳи дуюм, бачагоне дохил мешаванд, ки гирифтори бемориҳои гуногуни каҷшавии сутунмӯҳра, дасту пой ва ғ. гардидаанд. Ин нуқсон асосан дар натиҷаи аввалин маротиба халалдор гардидани системаи устухону мушакҳо ба вуҷуд меояд, вале дар ин ҳолат механизмҳои ҳаракаткунандаи марказӣ ва системаи асабҳои гирду атроф нигоҳ дошта мешаванд. Ба ин гурӯҳ, инчунин бачаҳое низ дохил мешаванд, ки гирифтори шакли вазнини каҷшавии сутунмӯҳра сколиоз мебошанд.
Гурўҳи махсусро бачагоне ташкил мекунанд, ки гирифтори шалшавӣ (полиомиелит ва варами ҳаромағз, ё худ майна) мебошанд. Ба ин гурўҳи бачагон бачаҳое дохил мешаванд, ки аппарати такяву ҳаракатии онҳо ё ба нуқсонҳои инкишоф вобастаанд ва ё механизмҳои муҳаррикии системаи марказии асабашон зарар дидаанд.
Асоси фалаҷи майнаи сар (ФМС) – и бачагонаро дар синни барвақт зарар дидани майнаи сар ташкил мекунад. Одатан 50% ҳангоми дар батни модар будан зарар дидан ё инкишоф наёфтани майнаи сар, инчунин дар натиҷаи гирифтори бемории эндокрении сироятӣ ва ба бемориҳои куҳна гирифтор будани модар, мувофиқат накардани хуни модар ва ҷанин бо омилҳои махсус, характеристикаи сироятнопазирӣ ва дигарҳо ташкил мекунанд, Инчунин осеб бардоштани навзод ҳангоми таваллуд, баъзан омоси майна ва ҳоказо сабаб шуда метавонанд. ФМС одатан бемории авлодӣ (модарзодӣ) ба шумор меравад.
Асоси ФМС-ро халалдор гардидани муҳарикҳое ташкил мекунанд, ки онҳоро монопарез ё моноплегия меноманд, яъне дар охири ягон даст ё пой, ё дар охири болои ҳарду дасту пой (парапарез ё параплегия — парези ҷуфт) ва ё дар як паҳлӯи бадан (гемипарез ва ё гемиплегия), дар ҳама паҳлӯҳои бадан (тетрапарез ё тетраплегия — фалаҷи чаҳор ҷузъ), ба вуҷуд меояд. Як намуди клиникии ФМС-и бачагонаро шоридани оби даҳон ташкил мекунад. Умуман, он ба ҳангоми нуқсонҳо пайдо мешавад. Мураккаб будани инкишофи умумии бачагони ба ФМС гирифторбуда дар равшан зоҳир гардидани нуқсони идоракунии кори ҳаракаткунандаҳо ба назар мерасад, ки онро асинергия меноманд. Асинергия – аз лот. а — инкор, sin — ба ҷои ва ergan – кор гирифта шуда, ба маънои ба ҷои кор истифода мешавад.
Инкишофи психикии бачагони ФМС доштаро хусусиятҳои ба худ хоси психикӣ ташкил мекунанд, ки он ё дар натиҷаи зарар дидани ягон таркиби ФМС бачагон, ё ягон ҳаракаткунандаи мустақил ба вуҷуд омадааст. Тарафи дуюм характери ноҳамвор доштан инкишофи функсияҳои асаби олӣ, аз ҷумла тафаккурро дар бар мегирад. Ҳангоми баъзе шаклҳои беморӣ, нобаробарӣ байни дараҷаи қаноатбахшии умумии ташаккули тафаккури абстрактӣ-мантиқӣ ва нарасидани тасаввуроти фазоӣ ба назар мерасад, ки минбаъд боиси душвор гардидани раванди азхудкунии бачагон мегардад. Чунончӣ, ҳини ҳисоб кардани ададҳо, бисёр вақт халалдор гардидани қобилияти фикрӣ ба назар мерасад. Дараҷаи инкишофи ақлӣ ба таври васеъ дар байни инкишофи мӯътадили ақлӣ (10 наздики 110) то ба дараҷаи аз рўи сохт гуногун ва шакли намоён доштани олигофрениро (то 10-20) ифода мекунад. Аксарияти бачагони ФМС доштаро ҷиҳати хоси боз доштани инкишофи психикӣ (70%) ташкил мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо меъёри он аз 10% то 20% мерасад. Ин гурӯҳи бачагон ниҳоят дилозору пурэҳсосанд, чунки дар онҳо халалдор гардидани рафтори эмотсионалӣ ва шахсӣ ба назар мерасад.
Аз меъёр берун баромадани инкишофи психикӣ дар аксари мавридҳо ба нокифоя будани фаъолияти амалӣ вобаста мебошад, аз ҷумла ба фаъолияти бозӣ ва таҷрибаи маданӣ-иҷтимоии бачагони ФМС дошта ва инчунин имконпазир набудани ба амал баровардани робита (коммуникатсия) бо одамони гирду атроф. Зиёда аз нисфи бачагон дорои халалдор будани нутқ мебошанд.
Бачагони нуқсони рафтор ва муошират дошта
1. Бачагони нуқсони рафтордошта . Аз рўи ақидаи Л.С.Выготский дар бачагони аз ҷиҳати фикрӣ қафомонда дар натиҷаи мувофиқат накардани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия рафтори нодуруст ба вуҷуд меояд, яъне рафторашон халалдор мегардад. Аз ҳама равшантар ин дар синни наврасӣ ба назар мерасад. Чунки он назар ба давраҳои дигар, чӣ аз ҷиҳати биологӣ ва чӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ-маданӣ барои таъсири бад расондан хатарнок мебошад.
Аз рӯи ақидаи К.С.Лебединский сохти клиникӣ-психологии рафтори нодурусти наврасон -олигофренҳоро ба ду гурўҳи нуқсони асабӣ-психопатологӣ ҷудо кардан мумкин аст: I. Заъфи дил – асабонии ошуфтахотирӣ; II. Заъфи дил – рафтори асабонии нуқсоннок, ки дар натиҷаи он дар бачагон инҳо бартарӣ пайдо мекунанд: а) ноустувории эҳсосӣ-иродавӣ, б) ошуфтаҳолии пуризтироб, в) моилшавии ғайримуқаррарӣ.
Асабонии ошуфтаҳолона, ки аксар вақт ба аз тарафи бачагон эҳсос намудани норасоии ақлии худ вобаста аст. Инро, яъне норасоии ақлии худро наврасон аз ҳад зиёд аламовар ва адӯҳгинонда эҳсос мекунанд. Онҳо ба қувваи худ боварӣ надоранд. Нокомиҳои худро аз андоза зиёд нишон додани мешаванд, аз ҷумла нуқсонҳои зоҳирии худро ба монанди коҷчашмӣ, ҳаракатҳои ноустуворона ва ғ. Дар ин ҳолат шаклҳои гуногуни тарсу ҳарос ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, мисоли, аз торикӣ ҳаросидан. Баъзе рафторҳои онҳо характери ғайримуқаррарӣ пайдо мекунад, ба монанди: ба дарсҳо ҳозир нашудан, кӯшишҳои сарсону саргардон гаштан ва дигарҳо. Аксар вақт онҳо ин амалҳои худро амали худмуҳофизатӣ ҳисоб мекунанд. Дар натиҷа маҳсулнокии фаъолияти таълимиашон паст фаромадан мегирад.
Асабоният аз заъфи дил, ба монанди бемориҳои асаб наврасонро, на танҳо ба вайрон кардани интизоми мактабӣ, зоҳир намудани ҳаракатҳои аз андоза берун, тезасабонишавӣ, чоҳиливу ракобат, ба дарсҳо иштирок накардан, балки ба содири рафторҳои номатлуб, ба монанди майзадагӣ, нашъамандӣ, фоҳишагӣ ва ғ бурда мерасонанд.
Шавқу ҳаваси дониш азхудкуниашон аксар вақт паст мешавад. Ноустувории эмотсионалӣ-иродавӣ ба назар мерасад, ақибмонии инкишофи организм равшан мушоҳида мегардад, бепарвоӣ низ ба чашм мехӯрад, ҳамчунин фаъолнокӣ дар муомила ба одамон дида мешавад, ки баъзан ин амали онҳо ба худ равияи аҷибу тааҷубовар ва пурталотум қабул мекунад. Сабаби асосии ин гуна рафтор кардани онҳо аз он иборат аст, ки мехоҳанд аз ин амалҳои хеш кайфият баранд. Бачагон аз иҷрои супоришҳое, ки саъю талошро талаб мекунанд, даст мекашанд, дар кадом намуди фаъолияте, ки набошад, бесабрӣ, серҳаракатӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа зуд-зуд фаъолияти худро тағйир дода меистанд, тез меранҷанд. Ин гуна амалҳо аксаран боиси ба фаъолияти нодуруст машғул гардидани наврасон мешавад.
Изтироби пурҳаяҷон дар муҳаррикҳои боздошташуда боиси ба вуҷуд омадани ҷоҳилии наврасон мегардад. Бо баҳонаи ночизе наврасони олигофренӣ метавонанд ҷангу хархаша барангезанд, ба сўи муаллим ручкаву дафтари худро ҳаво диҳанд, китобро пора-пора кунанд, суханҳои қабеҳ гўянд. Дар онҳо худдўстдории тезу тунд ба назар мерасад, тобу тоқати танқидро надоранд, нисбат ба обрўи калонсолон муносибати манфӣ доранд.
Дар онҳо шуғли нодуруст, пеш аз ҳама алоқаҳои ҷинсии бетартибона ва аз андоза зиёд ба назар мерасад. Тамоми ҳаёт мумкин аст, ки онҳо тобеи ин шуғл гарданд.
Аксари инҳо бачаҳое мебошанд, ки ба ҳаёти оворагардӣ одат кардаанд ва дар рафти он ба алоқаҳои ҷинсии бетартибона, истеъмоли маводи мадҳушкунандаву машруботи спиртӣ, майдадуздиҳо машғул мешаванд. Аз шаҳр ба шаҳре рафтан характери бемақсадона ва бартараф нашавандаи онҳо мегардад.
Дар халалдор намудани рафтори ин гурўҳи наврасони-олигофренӣ норасоии ақлии онҳо сабаб мешавад, ба ҳар як ваъдаи одамон бовар карда ҳамроҳи одамони ношинос ба шаҳр ба шаҳре сафар мекунанд, чизҳои дуздидаашонро бо арзиши ночиз мефурушанд ва ё иваз мекунанд; бо сабаби вазъиятро ба назар нагирифта ҳангоми дуздӣ тез ба даст меафтанд.
2. Бачагоне, ки нуқсони муошират доранд . Бачагоне, ки нуқсони муоширати халалдоргардида доранд, аз рӯи нишондоди Н.С.Лебединская мумкин аст нуқсонҳои рафтори онҳо бо сабабҳои гуногун ба вуҷуд омада бошад:
а) бо сабаби қафомонии фикрӣ;
б) бо сабаби халалдор гардидани асаб, ки дар натиҷаи зарба хӯрдани системаи асаб пайдо шудааст ва дар пайи он кўдак тарсончак мешавад. Ҳатто аз муошират ҳам худдорӣ мекунад, то ки ногаҳон зарбахӯрӣ такрор наёбад;
в) халалдор гардидани системаи асаб, ки боиси ба вуҷуд омадани нуқсони нутқӣ ё шунавоӣ гардидааст;
г) мавҷуд будани шакли вазнини таназули асаб, ки дар натиҷаи шароити нодурусти тарбия ва зиндагӣ пеши роҳи инкишофи психикии инсонро мегирад.
Дар тамоми ашколи нуқсонҳои муоширати дар боло номбар гардида характери дуюм бор такрор ёфтан ба назар мерасад. Онҳо ҳангоми ислоҳи нуқсонҳои асабӣ хеле кам мешаванд ва ё ҳангоми ислоҳи нуқсони асосӣ аз байн мераванд. Ба монанди аз ҷиҳати фикрӣ қафомонӣ, нуқсонҳои нутқӣ, ё шунавоӣ ва ё ба воситаи имконоти якранги мақсадноки таълимии бачагон.
Вале ба ҳар ҳол аз меъёр берун баромадани инкишофи психикӣ ба назар мерасад, ки дар натиҷаи он нуқсони муошират дар тамоми соҳаҳои инкишоф ва рафтори бача афзалият пайдо мекунад. Сухан дар хусуси аутизм меравад. Аутизм – аз юн. autose — худ гирифта шуда, варианти махсуси инкишофи ғайримуқарарриро дар назар дорад. Шакли клиникии он тадриҷан то 2,5 — 3 солагӣ ташаккул ёфта, то синни 5 — 6 солагӣ маълум боқӣ мемонанд. Ин шакли мураккаби бо ҳам пайвастшавии нуқсони аввалин, ки дар натиҷаи беморӣ ба вуҷуд омада буд ва ҳам шакли душвори дуюмин, ки дар натиҷаи нодуруст мутобиқшавии ҳам кўдак ва ҳам калонсолон ба вуҷуд омадааст, ба шумор меравад. Нишонаи асосии он аз нуқтаи назари аксарият муҳаққиқон, вазъияти махсуси ғайримуқаррарии психикӣ мебошад, ки дар пайи он дар кӯдак талабот ба муошират аз байн меравад ва ӯ олами ботинии худ дода шуда, аз робита бо одамони гирду атроф худдорӣ менаояд, аз ҳақиқат дурӣ меҷӯяд. Кӯдаки гирифтори аутизм ба олами ботинии ғаму андӯҳи худ дода мешавад. Ў ғайрифаъол мегардад, танҳоӣ меҷӯяд, аз муошират бо бачагон худдорӣ менамояд, ба чашмони одамони гирду атроф нигоҳ намекунад, аз алоқаи ҷисмӣ канорагирӣ менамояд. Гўё дигар одамон дар назар наменамоянд, таъсири педагогиро қабул намекунад. Эҳсосоташ суст буда, характери омехташавӣ дорад ва хеле оддӣ аст.
Инкишофи фикриашон дар байни нуқсонҳои ғайримуқаррарии чуқур, вале номутаносиб меистад. Ба ин гурўҳи бачагон фаъолияти серҳаракату якхелаи муқаррарӣ аксар вақт ғайримақсаднок хос мебошад, ки одатан онро «рафтори саҳроӣ» меноманд.
Инчунин дар онҳо халалдор гардидани инкишофи хоси нутқи шифоҳӣ ба назар мерасад (ба монанди мутизм). Истилоҳи мутизмро соли 1912 психиатри Шветсарӣ Э.Блейер барои муайян намудани шакли махсуси эҳсоси пурҳаяҷони ягон соҳа ва тафаккур, ки талаботи эҳсосоти дохилии инсонро идора менамояд ва аз олами гирду атроф кам вобастагӣ дорад, пешниҳод карда буд.
Бори аввал аутизми барвақти бачагона аз тарафи Л.Каннером соли 1943 пешниҳод карда щуда буд, вале бо сабабҳои гуногун то охир ин намуди нуқсон то ҳоло омўхта нашудааст. Сабаби аутизми барвақти бачагона одатан нокифоя будани кори системаи марказии асаб мебошад, ки дар натичаи сабабҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла нуқсони модарзодии инсон, нуқсони модарзодии ивазшаванда, зарари органикӣ ва таркибӣ дидани системаи марказии асаб, дар натиҷаи нуқсонҳои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, барвақт пайдо шудани раванди ҷараёни маҷзубият (шизофренӣ) ва ғ. Аутизм ба ҳисоби миёна дар 5 : 10 000 дучор омада, бо бартарӣ доштанаш дар байни писарон (1:4) ба назар мерасад.
Дил яке аз аъзои раисаи бадани инсон аст, ки ба василаи набз паёми бақои ҳаётро мефиристад. Амвоҷи хунро бар раг-раги ҷисми хокӣ мефиристад ва ҳар як силули пайкари одамиро бо қатраҳои хун шодоб мегардонад. Ҳар неку баде, ки дар гирду атрофи мо ба вукӯъ мепайвандад, акси садои он дар паҳнаи вуҷуди қалбамон танинандоз аст.
Дил ба андозаи кафгире беш нест, вале ҷаҳонеро бо тамоми фарозу нишебҳояш, фиғону фарёд ва нармиву дуруштиҳояш дар худ ҷой диҳад. Бори гарони рӯзгорро мутаҳаммил аст ва шарорае аз ошубҳо, омолу орзуҳо, оҳу ҳасрат, азоби ғурбат, ишқе сӯзон ва орзуи нофарҷом аз он таровиш мекунад.
Дило ба боғ бирав машраб аз анор омӯз,
Ки мавҷи хун ба дилу ханда бар даҳон дорад.
(Ҳофиз)
Ҳадаф аз баёни ин боб сирфан шарҳу эзоҳ дар мавриди ҷанбаҳои тиббӣ мебошад, вале аз сӯи дигар ҳангоме сухан аз дил ба миён ояд, шоистагии онро дорад, ки ба паҳлӯҳои отифии он низ ишора гардад, зеро қалб на танҳо як ҷисми хокист, балки ободиест, ки сарваташ эҳсос аст.
Ҳол аз ҳошия берун омада бар сарманзили матн фуруд меоем ва ба иттилоъ мерасонем, ки бемориҳои қалбӣ бар чанд гунаанд ва ҳар кадом авомилеро дорост, ки ба мавҷиби он беморӣ рӯнамо мегардад.
Нахуст бархе аз бемориҳои қалбӣ, ки домангири шумораи зиёди мардум аст, то паймонаи қудрат бо зикри муолиҷа, бо истифода аз таҷоруби утабои қадим ва имрӯз ва низ он чӣ нигоранда дар тӯли солиёни дароз дар ин замина натиҷа гирифтааст, дар ин мухтасар ба арз мерасонем.
Асоситарин бемории қалбӣ, ки ранҷиши беморонро фароҳам месозад, бемории ишимии дил аст, ки онро дар варақаи ташхиси беморон ба номи русии (Ишемическая болезнь сердца), ки мухаффафи он ИБС мебошад сабт менамоянд. Дар ин ҷо мо онро бемории ишемии дил ва мухаффафи онро БИД ишора мекунем. БИД ба ду қисмат тақсимбандӣ мешавад, яке тунд ва дигаре музмин. Қисми тунд шомили стенокардия ва инфаркт миокард мебошад ва шакли музмин иборат аз кардеосклероз аст.
Дар тибби гиёҳӣ ба хотири беҳбудӣ ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои шадиди қалбӣ метавон аз нусхаҳои зайл истифода намуд:
Решаи сунбул – ат – тиб (валериана) — 25гр., бодранҷбуя (мелисса) –25гр., арпабодиён-25гр., хоргулак (пустырник)-25гр. Даҳ гр. аз ин таркибро дар 200 гр. оби ҷӯш муддати як соат дам карда соф кунанд ва ба андозаи 50-75 гр.2-3 маротиба дар як рӯз истеъмол намоянд.
НУСХАИ ДИГАР : решаи сунбул – ат — тиб 20 гр., бодранчбуя –10 гр., хоргулак-15 гр., кокутӣ- 15гр. Миқдори 2 қошуқ дар 200 гр. оби ҷӯш 1-2 соат (беҳтараш дар дохили термос) дам дода соф кунанд ва рӯзе 3-4 маротиба 50 громӣ истеъмол намоянд.
Агар ба гиёҳони зикршуда дастрас надоред, метавонед аз дамкардаи гул ё ҷӯшондаи меваи дӯлонаи сурх истифода кунед. Яке аз ифтихороти ин гиёҳ иборат аз он аст, ки шараёнҳоро васеъ намуда дилро аз хун таъмин мекунад ва камбуди оксигенро ҳам коҳиш медиҳад. Дар паҳлӯи он асабро ором ва фишори хунро паст мекунад.
Ман дар қиболи бемории БИД барои ниёзмандон дӯлонаи сурхро дар якҷоягӣ бо чойгиёҳ тавсия мекунам, зеро як ҳавоси хубе, ки чойгиёҳ дорад иборат аз он аст, ки хунро ба василаи шараёнҳо ба осонӣ ба тарафи қалб интиқол медиҳад.
Ч. Дюки амрикоӣ гиёҳи розмаринро дар мавриди бемории БИД пешниҳод мекунад, вале мо наметавонем онро тавсия кунем, зеро ин беморӣ бештар хамроҳ бо фишори баланди хун аст ва хусусияте, ки розмарин дорад фишорро боло мебарад. Мо ин гиёҳро дар таркиби тақвиякунандаҳо дохил мекунем.
ДУЛОНАИ СУРХ ЧИСТ? Дарахтест, ки ба андозаи 4-5 метр баланди дорад ва меваи он сурхи баланд аст ва андозаи он ба нахуд баробар аст.Дар тибби расми ва тибби гиёхи гулу мева ҳатто дар байни мардум барги он низ истифода мешавад.
Дар урупо бештар ба номи кратегус машҳур аст,ки ин ҳамон шакли лотини кратегус сангвинеа мебошад.
Дар оғози садаи бистум дар кишвари Олмон маҳлули алкулии кратегусро барои бемориҳои дил пешкаш карданд ва онро василаи наҷотдиҳанда эълом доштанд. Дар он давра олмониҳо ба кратегус он қадар арзиш қоил буданд, ки онро ба сифати дастоварди миллӣ шиносонданд ва ҳатто хориҷ кардан аз кишвар манъ карда шуд.
Нусхаҳое, ки дар мавриди дил тибби мардумии “ОРИЁН” пешкаши шумо намудааст, аз баҳри бекарони тибби суннатӣ барчида шудаанд ва бидуни дастбурд ба асолат ва муҳтавояшон зикр гардиданд. Ин нусхаҳо аз як сӯ дастрас мебошанд, аз сӯи дигар дар тӯли солиёни зиёд дар мавриди атрофиёни худ тибби мардумии “ОРИЁН” озмудааст ва ҳар кадом ба саҳми худ арзанда мебошанд.
Гурда
Гурда, яке аз аъзои раисаи бадани инсон буда, вазифааш иборат аз соф кардани хун аз касофот (ифлосиҳо) мебошад. Бемориҳои гурда ва маҷрои пешоб асосан аз илтиҳобот, санги гурда ва пешобдон, норасоии гурда, инчунин варамиҳои хушфаъол ва бадфаъол иборат мебошад. Мо дар ин боб гуфтори худро асосан ба илтиҳобот ва санги гурда ва пешобдон ихтисос медиҳем, зеро бештар аз ҳама ин ду беморӣ домангири мардум мебошанд.
Махсусан дар шароити кишвари мо ин ду беморӣ ҳамвора рӯ ба афзоишанд ва аз соири бемориҳо хеле ба суръат пеш мераванд.
Илтиҳоби гурда (пиелонефрит)
Тавре, ки тибби асрӣ муайян кардааст, илтиҳоб ё газаки гурда дар асари ворид шудани микроб аз узви ҳампаҳлӯ мисли рӯда ё аъзои сурин ба василаи маҷроҳои хунӣ ва балғамӣ ба дохили гурда ба вукӯъ мепайвандад. Яъне дар маҳалле, ки микроб ҷойгузин мешавад, он маҳал илтиҳобӣ мегардад, ки онро дар тибби ҳозира пиелонефрит гӯянд. Ин беморӣ барои муддатзамони беохир гиребонгир аст ва агар ба вақту замон муолиҷа нагардад, фарҷоми он норасоии гурда хоҳад буд.
Н ишонаҳо ё алоими илтиҳоби гурда.
Шикояти беморон бештар аз дард дар қисмати миён, беназмии пешобравӣ, сардардӣ, варамиҳо ва сарчархӣ мебошад. Гоҳе нури чашм кам мегардад ва дард дар тарафи дил пайдо шуда нафастангӣ, беиштиҳоӣ, дилбадӣ, қайкунӣ ва таб низ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ҳолати ход (тунд) дарди нороҳаткунанда ҳамроҳ бо табларза, сардардӣ ва дилзанӣ ба миён омада, дар таркиби пешоб лейкотсит ва бактерия беш аз андоза аст.
Ташхиси ибтидоӣ . Нахуст бояд маҳалли дард ва чигунагии он муайян гардад. Масалан, агар танҳо миён дард кунад, ин нишонаи бемории худи гурда аст, вале агар дард аз тарафи гурда ба самти пешобдон тир бикашад, ин маҷрои пешоб аст. Агар дарди сахт ба тарафи поён, яъне байни пойҳо тир бикашад, нишонаи вуҷуди санг аст. Бояд донист, ки агар танҳо қишри гурда бемор бошад, дард эҳсос намегардад, вале агар дард эҳсос шавад, иллат аз васеъшавии ҳолаб аст (лоханка), ки сабабгори он вуҷуди санг ё илтиҳоби шадид аст. Албатта дар ин сурат мумкин аст ҷоришавии пешоб кам гардад ва як нороҳатии дигаре аз қабили гидронефрозро ба вуҷуд орад. Бояд ташхиси дақиқ ва мушаххас ба василаи муоинаи телевизионӣ (УЗИ) ва муоинаи лаборатории пешоб анҷом бигирад. Дар муоинаи телевизионӣ андоза ва маҳалли ҷойгиршавии санг муайян мегардад ва таҷзияи пешоб аксууламали ишқорӣ ё турушӣ будан, сафеда, лейкотсит ва навъи намакҳоро ошкор месозад. Чунин маълумот ҳангоми муолиҷаи кимиёвӣ ва гиёҳӣ дар назар гирифта шуда мувофиқи он доруи лозим таҷвиз мегардад.
Т арзи муолиҷаи илтиҳоби гурда.
Дар тибби асрӣ муолиҷаи илтиҳоби гурда ба василаи антибиотикҳо сурат мегирад ва махсусан ҳангоми ҳод (тунд) будани ин беморӣ эъҷоб мекунанд то нобудии комили лейкотситҳо муолиҷаро идома диҳанд.
Дар тибби гиёҳӣ муолиҷаи пиелонефрит, вобаста ба истеъдод ва маҳорати табиб ё гиёҳшинос мебошад. Хидматгузори Шумо Садрӣ (тахаллус — Банисадр) дар қисмати муолиҷаи бемориҳои урологӣ бо доштани таҷоруби қиблагоҳ ва тамоми дунёи гиёҳшиносӣ, билохира таҷрибаи шахсии худам ҳамеша муваффақ будам ва тавонистаам он бемороне, ки ҳеҷ васила ба онҳо корагар набуд, чорасозӣ кунам ва дигар гурдаро ба истилоҳ фаромӯш кунанд. Агар аз як баландие садо занам, шояд анбуҳи лашкаре аз собиқ беморони гурда сафороӣ кунад.
Он чӣ дар ин фушурда пешкаш мегардад, на ин аст, ки ман бо он муолиҷа мекунам, зеро аз як сӯ 50 дарсади маводро аз хориҷ дастрас мекунам ва аз сӯи дигар сиррест, ки ба ҷои зарру тилло ба фарзанду набера ба мерос хоҳад монд.
Албатта дар ин ҷо ман махсусан бемории норасоии гурда шакли громелуронефритро дар назар дорам, ки дар муолиҷаи он чӣ дар кишварҳои хориҷ ва чӣ дохил ҳамеша муваффақ будам.
Аммо бо васфи он ҳам нусхаҳои зайл метавонанд дар ҷихати «шикастани шохи» гурдаи бемор кӯмаки босазо намоянд.
Нусха : тархунро майда карда, як қошуқи ошхурӣ дар 200 гр. оби ҷӯш дар дохили термос муддати як соат дам карда соф кунед ва рӯзе 3- 4 маротиба 1 то 2 қошуқӣ истеъмол намоед.
Нусхаи дигар : ҳамешабаҳор (календула), чойгиёҳ ва риши ҷувориро ба андозаи баробар бигиранд ва мисли нусхаи боло таҳия карда истеъмол намоянд.
Нусхаи дигар : ҳамешабаҳор, бобуна, чойгиёҳ, роҳдавак ва риши ҷувориро ба андозаи мусовӣ бигиранд ва мисли нусхаи боло истифода намоянд.
Нусхаи дигар : тухми зағирро ба миқдори 2 қошуқ дар як литр об муддате биҷӯшонанд ва миқдори як қошуқӣ аз гиёҳони газна, чойгиёҳ ва бобуна илова кунанд ва муддате дам дода соф кунанд. Рӯзе 3-4 маротиба 50 громӣ истеъмол намоянд.
Нусхаи дигар : тухми зағир хосияти нармкунанда, мусаккини дард ва пешобронӣ дорад. Дар паҳлӯи ин, тухми зағир зидди газак аст ва дар бемории варами рӯдаҳо ва гурдаю пешобдон низ таҷвиз мегардад.
Тарзи таҳия : ду қошуқи ошхӯрӣ тухми зағирро дар ним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд, сипас хунук кунанд ва ним истаконӣ онро ним соат пеш аз ғизо 3 маротиба дар як рӯз истеъмол кунанд.
Нусхаҳое, ки дар мавриди гурда тибби мардумии “ОРИЁН” пешкаши шумо намудааст, аз баҳри бекарони тибби суннатӣ барчида шудаанд ва бидуни дастбурд ба асолат ва муҳтавояшон зикр гардиданд. Ин нусхаҳо аз як сӯ дастрас мебошанд, аз сӯи дигар дар тӯли солиёни зиёд дар мавриди атрофиёни худ тибби мардумии “ОРИЁН” озмудааст ва ҳар кадом ба саҳми худ арзанда мебошанд.