Якшанбе, 22.06.2025, 10:21
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Тандурусти

Нашъаманди
21.10.2016, 04:17

Нашъаманди (калимахои юнони νάρκη /narkē/  - карахтшави, хоб ва μᾰνία /mania/ —  беакли, рагбат,  майл) – холати мунтазами одам, ки аз истеъмоли моддахои нашъовар (психоактиви) ба вучуд меояд.

 

Истилохи «моддахои нашъаовар» аз се кисм иборат аст: 1) тибби, 2) ичтимои, 3) хукуки. Кисмхо  бо хамдигар вобаста буда, аз нуктаи назари хукуки ухдадор менамоянд, ки мавод дар мавриди мувофикшавии хар се кисми номбаршуда нашъаовар хисобида шавад. Кисми тиббии мавод  (модда, дору) бояд ба системаи марказии асаб таъсири хос расонад (хавасмандкуни, седативи, таввахуми ва гайра), ки сабаби истеъмоли гайритиббии он шуда метавонад. Кисми ичтимои онро дар назар дорад, ки истеъмоли гайритиббии мавод  хамин хел андозаро мегирад, ки ахамияти ичтимоиро кабул  мекунад. Кисми хукуки  хар ду замимаи  дар боло зикршударо асос намуда  талаб мекунад, ки муассисахои дахлдор маводи мазкурро нашъаовар  кабул  кунанд ва ба руйхати моддахои нашаъовар дохил намоянд.

 

Маводхои  нашаъовар ба гуруххои зерин таксим мешаванд:

  1. Бангдонаи махсули (маводи нашъа, ки аз бангдона тайёр карда мешавад).
  2. Навъи  нашъа, ки аз кукнор ё  монанди он тайёр карда мешавад.
  3. Навъи нашъаи хобовар-седативи.
  4. Нумуяи рухи.
  5. Дорухоигаллютсиногени.
  6. Моддахои нашъовари амалкунандаи тезгузар.

 

Зараре, ки бо истеъмоли маводи нашъаи тазрики алокаманд мебошад

 

Истеъмоли маводи нашъаи тазрики ба саломатии одам зарари чисмони ва рухи, инчунин зарари ичтимои-молиявии назаррас мерасонад.

 

Зарар ба саломатии чисмони:

  1. Сирояти-ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам), БПНМ (Бемории пайдошудаи норасоии масуният).
  2. Хепатит.
  3. Тромбофлебит ва  аломати посттромбофлебити (бо инкишофи захми  трофикии дасту по).
  4. Истеъмоли  аз меъёр зиёд (передозировка), ки одатан ба марг мерасонад.
  5. Абсесхо ва флегмонхо.
  6. Сепсис.
  7. Карахт шудани бофтахои  нозук ( каросони (гангренаи) дасту пой).
  8. Аломати абстиненти (вобастагии чисмони).
  9. Авитаминоз.
  10.  Бемории сил.
  11. Захролудшавии (интоксикатсияи) сахт ва доими.
  12. Вайроншавии аъзои хозима: гастрит, захми меъда, заифии руда, кабзияти доими (сахтшавии меъда).

 

Зарар ба саломатии рухи:

  1. Вайроншавии мувозинаи чараёнхои рухи – рухафтодаги ва хаячонноки.
  2.  Вобастагии рухи.
  3. Дигаргуншавии ирода.
  4. Таназзули шахсият (танг шудани доираи майлу рагбат ва чамъ гардидани онхо дар атрофии маводи нашъа)
  5. Гум шудани максади хаёт. 

 

Категория: Тандурусти | Добавил: hiradmand1996
Просмотров: 1041 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025