Зиндагинома
Нусхаи лотинии "Ал Қонун-фит-Тиб"
Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи форс ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомониён Нӯҳи II ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят дошт, ки дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.
Тарҷумаи ҳол
Мақбараи Сино аз дарун, Хамадон, Эрон
Абӯалӣ ибни Сино 980-1037. Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале кисми зиёди умри Абӯалӣ ибни Сино баъди пош хурдани давлати мутамаркази давлати Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур (976-997) ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшана (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд. Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшана ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз синни 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу нахви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу нахв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуд.
Минбаъд Ибни Сино лақаби Шайхро гирифт, зеро хар кассе, ки Қуръонро аз ёд мекард ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омухтанд. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирди гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навчавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура у истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.
Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.
Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро у дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусахли Масеҳи аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илохӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷидди ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард. Доир ба таҳсили илм мегуяд:
«Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».
Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:
“Чун ба 17-солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи ин илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст ”.
Абуали ибни Сино ҳак дошт, ки он вақт бигӯяд:
 |
'از قعر گل سیاه تا اوج زحل
کردم همه مشکلات گیتی را حل
بیرون جستم زقید هر مکر و حیل
هر بند گشاده شد مگر بند اجل
'
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал. |
 |
|