Якшанбе, 22.06.2025, 15:48
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 1
Меҳмонон 1
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Химия » Қонунҳои асосии химияи ғайриорганикӣ

В категории материалов: 1
Показано материалов: 1-1

Қонунҳои асосии кимиё

Бо вуҷуди он, ки с. 1760 М. В. Ломоносов rонуни ягонагии масса ва энергияро мухтасар ифода кард, то аввали асри ХХ ҳар дуи ин rонун дар алоҳидаги омeхта мешуд.
Қонуни баrои масса чунин таъриф карда мешавад. Массаи моддаҳои ба реаксияи дохилшаванда, ба массаи моддаҳои дар натиxаи реаксия ҳосил шуда баробар аст:
        2Н22=2Н2О
          36г         36г
Соли 1905 А. Эйнштейн алоқаи байни масса ва энергияро нишон дод, ки чунин ифода карда мешавад.
Е=mс2
Аз сабаби ниҳоят калон будани бузургии квадрати суръати рӯшнои камтарин тағйирёбии масса боиси тағйирёбии калони энергия мегардад. Ҳамин тавр ҳангоми реаксияҳои кимиёи, ки бо эффекти гарми мегузаранд, тағйирёбии энергия ба амал меояд. Вале масса ва энергия ба якдигар мубаддал намешавад.
Қонуни карати будани ҳаҷмҳо. Ин қонунро соли 1808 Гей-Люссак кашф кардааст. ҳангоми доими будани ҳарорат ва фишор ҳаҷми газзои ба реаксия дохилшаванда ва ҳаҷми газҳои дар натиxаи реаксия ҳосил шуда, байни худ ҳамчун ададҳои бутуни содда нисбат дорад.
 
Н2+Cl2=2HCl      нисбат=1:1:2                             
3H2 + N2=2NH3    
   + =                         нисбат=3:1:2
Ин таносубҳоро аз мавrеи атомистикаи Далтон маънидод кардан мумкин нест. Қонуни нисбати (таносуби) ҳаҷмҳоро қонуни Авогадро (1811) маънидод кард.
  1. Дар ҳаҷми баробари газҳо дар шароити якхела (фишор ва ҳарорат) миқдори баробари молекулаҳо мавxуд аст.
  2. Молекулаҳои моддаи соддаи гази ба монанди О2, H2, N2, F2, ва ғ. аз ду атом иборатанд.
  Аз қонуни Авогадро ду натиҷаи муғим бармеояд.
  1. Массаи молекулавии газ ё буғ ба ҳосили зарби зичии ин газ нисбат ба гази дигар ва массаи молекулавии гази дигар баробар аст.       
M1=Д*М2 ,  аз инxо
  1. Як мол ҳамагуна газ дар шароити муrаррари (нормали, ООС ва 103, 3 к Па) 22, 4л ҳаҷмро ишғол мекунад. Дар дигар шароит ҳаҷми газро бо муодилаи Клайперон-Менделеев ҳисоб кардан мумкин аст.

Қонунҳои стехиометри - қонунҳои доимии таркиб, эквивалентҳо ва карати будани нисбатҳо - дар вақташ барои молекулаҳо таъриф шуда буданд, бинобар он барои моддаҳои шакли молекулави дошта дуруст буда, барои моддаҳои ғайримолекулави қобили қабул нестанд. Бинобар он ҳангоми таърифи қонунҳои стехиометри ягонагии мавxудияти шаклҳои молекулави ва ғайримолекулавиро ба назар гирифтан лозим аст.
Қонуни доимии таркиб. Таркиби пайвастагиҳои молекулави новобаста аз тарзи ҳосилкуни онҳо доими аст. ҳангоми мавxуд набудани сохтори молекулави таркиби онио аз шароити ҳосилкуни ва коркарди аввала вобаста аст.
Таркиби молекулаи аммиак новобаста аз тарзи ҳосилкуни ҳама вақт доими аст.
N2+3N2=2NH3
2NH4OH=2NH3+2H2O
     Na3N+3HNO3=3NaNO3+NH3
Таркиби оксиди титан (II) аз ҳарорат ва фишори оксиген вобаста аст.
Қонуни эквивалентҳо. Барои пайвастаҳои молекулави миқдорҳои массаи элементҳои таркиби айнан ба эквиваленти кимиёвии онҳо мувофиr меояд. ҳангоми мавxуд набудани сохтори молекулави дар ин ҳолати агрегати миқдорҳои масса элементҳои таркиби аз бузургии эквиваленти кимиёвии онҳо фарr мекунад.
Масалан дар NH3 ба 1 ҳиссаи массаи H2 14/3 ҳиссаи массаи N2 рост меояд. Дар оксиди TiO 48/2 ҳиссаи массаи титан бо 8 ҳиссаи массаи оксиген, дар TiO0, 82 бошад ҳам он миқдор титан бо 6, 52 ҳиссаи массаи оксиген пайваст мешавад.
Қонуни карати будани нисбат. Агар ду элемент байни худ якчанд пайвастаҳои молекулави ҳосил намоянд, онгоҳ миrдори массаи яке аз элементҳо, ки бо миrдори доимии дигар элемент пайваст шудааст, байни худ ҳамчун ададҳои бутуни содда нисбат доранд. Барои пайвастаиои сохтори молекулави надошта, миқдорҳои массаи яке аз элементҳо, ки бо миқдори доимии дигар элемент пайваст шудааст, ҳамчун ададҳои касри нисбат дошта метавонад.
Масалан дар оксидҳои нитроген N2O, NO, N2O3, NO2 ва N2O5
Ҳиссаҳои массаи оксигени бо 7 г нитрогени пайвасташуда байни худ ҳамчун 1:2:3:4:5 нисбат доранд.


 
Қонунҳои асосии химияи ғайриорганикӣ | Просмотров: 1600 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 25.10.2016 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025