Статистика
Ҳамаги 1 Меҳмонон 1 Истифодабарандагон 0
|
Каталог файлов
В категории материалов: 1 Показано материалов: 1-1 |
|
Дмитрий Иванович Менделеев 8 феврал 27 январ)и1834, Тоболск — 2 феврал (20 январ)и 1907,Санкт-Петербург) — олим-энсиклопедисти рус: химик, физикохимик, физик, метролог, иқтисоддон, технолог, геолог, метеоролог, нафтшинос, педагог, ҳавонавард. Профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург.
Зиндагинома
Дмитрий Иванович Менделеев яке аз бузургтарин олимони дунё буда, 27 январи(8 феврали) соли 1834 дар шаҳри Тоболск дар оилаи директори гимназияи маҳаллӣ таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди хурди оила(17-умин) ба ҳисоб меравад. Маълумоти ибтидоиро дар гимназияи маҳаллӣ гирифтааст. Пас аз хатми гимназия Д.И. Менделеев ба Институти педагогии Петербург дохил шуд ва онро соли 1857 бо медали тилло хатм намуд. Соли1859 Д.И. Менделеев рисолаи магистери(пешвои)-ро ҳимоя намуда,ба муддати ду сол барои кори илмӣ ба хориҷа фиристода шуд. Пас аз баргаштан ӯ аввал профессори Институти технологии Петербург ва сипас профессори университет интихоб гардид ва ба корҳои илмї ва педагогӣ машғул шуд. Дар вақти ошўбҳои донишҷўён солҳои 90-ум ӯ барои ҳимояи онҳо баромад намуд ва маҷбур шуд, ки университетро тарк кунад. Солҳои охири ҳаёташ Д.И. Менделеев дар Палатаи асосии ченак ва вазн кор кард. Комёбии бузургтарини фаъолияти эҷодии Д.И. Менделеев кашфи Қонуни даври ва бунёди ҷадвали даврии элементҳо буд. Ӯ бо рисолаи доктории худ. Дар бораи пайвастшавии спирт ва об ва ҳамчун ассотсиатсия фаҳмидани маҳлулҳо,шӯҳрати беандозаро соҳиб гардид. Аз тарафи Д.И. Менделеев кашф шудани назарияи ҳидрати то ҳол аҳамияти илми ва амалии худро гум накардааст.
Осор
Асари барҷастаи Д.И. Менделеев "Асосҳои химия" мебошад. Ин китоб дар асоси Қонуни даври тамоми мавзўъҳои химияи ғайриорганикиро фаро мегирад. Назарияро дар амалия татбиқ намуда, Д.И. Менделеев ба масъалаи технологияи нафт бисёр диққат дод. Ӯ пешниҳод намуд, ки истеҳсоли нафтро ҳаматарафа инкишоф дода, бештар ба коркарди химиявии он диққат дода шавад. |
|
|
| | |