Статистика
Ҳамаги 2 Меҳмонон 2 Истифодабарандагон 0
|
Каталог файлов
Дуруштии об ва роҳҳои бартараф кардани он
| 21.10.2016, 03:40 |
Дуруштии об ва роҳҳои бартараф кардани он
Дар табиат оби тамоман холис мавҷуд нест: об ҳамеша дар таркибаш ба миқдори кам бошад ҳам дар таркибаш баъзе моддаҳои дигар низ дорад. Масалан, об бо баъзе намакҳои дар қишри заминбуда бо реаксия дохил шуда, дуруштии муаян пайдо мекунад.
Маҷмӯи хосиятҳое, ки об зери таъсири ионҳои Са+ ва Mg+ ба онҳо соҳиб мешавад, дуруштии об номида мешавад. Агар консентратсияи ин ионҳо зиёд бошад, обро дурушт ва агар кам бошад, обро нарм меноманд. Махз дамин ионҳо ба обҳои табии хосиятҳои махсуе мебахшанд. Дар вақти ҷомашӯйи оби дурушт на фақат сифати матои мешустагиро паст мекунад, балки боиси сарфи зиёди собун мегардад, зеро як миқдор собун бо ионҳои Са2+ ва Mg2+ пайваст мешавад ва кафки собун танҳо баъди пурра такшин шудани ионҳои калсий ва магний пайдо мегардад. Бояд гуфт, ки баъзе воситаҳои сунъи шӯянда дар оби дурушт либосро нағз мешӯянд. Сабаб дар он аст, ки намакҳои калсий ва магний ин моддадо дар об ба осони ҳал мешаванд.
Дар оби дурушт хӯрок бо мушкили мепазад ва сабзавоти дар он пухташуда таъми хуш надорад. Чойи аз оби дурушт дам кардашуда таъмашро гум мекунад. Дар айни ҳол ин ионҳо аз ҷиҳати санитари-гигиени хатарнок нестанд. Лекин обе, ки дар таркибаш ба микдори зиёд иоиҳои Са2+ ва Mg2+ дорад чун оби баҳру уқёнус дорой таъми талх аст ва ба меъдаю руда таъсири манфи мерасонад.
Оби дурушт барои истифода дар дегҳои буғи номақбул аст: намакҳои ҳалшуда дангоми ҷӯшонидани об дар деворҳои дег такшин шуда, қобилияти гармигузаронии дегро паст мекунанд.
Баъзан ҳангоми аз ҳад зиёд тафсидани дег таркиш ба амал омаданаш мумкин аст. Дар чойникҳо низ таишин ҳамин тавр ҳосил мешавад. Оби дурушт инчунин барои таҷҳизоти металли ва қубурҳо зарарнок мебошад.
Ионҳои Са2+ дуруштии калсийги, ионҳо Mg2+ бошанд, дуруштии магнийгиро ба вучуд меоранд. Дуруштии умуми ба суммаи дуруштиҳои калгийги ва магнийги яъне ба суммаи консентратсияи ионҳои Са2+ ва Mg2+ баробар аст.
Аз ҷиҳати просессоҳои нармкунии об ду намуди дурушти: карбонати ва ғайрикарбонатиро фарқ мекунанд. Дуруштии карбонати гуфта, дуруштиеро менаманд, ки ба туфайли иштироки ҳамон қисми ионҳои Са2+ ва Mg2+, ки ба ионҳои гидрокарбонат НСОз-и дар таркиби об мавҷуда эквивалентанд, ба амал меояд. Бо ибораи дигар дуруштии карбонати аз ҳисоби гидрокарбонатҳои калсий ва магний ба амал меояд. Ҳангоми ҷӯшонидани об гидрокарбонатҳо вайрон шуда, ба карбонатҳои камҳалшаванда табдил меёбанд. Карбонатҳо такшин шуда, дар натиҷа, дуруштии умуми ба бузургии дуруштии карбонати кам хоҳад шуд. Бинобар ин дуруштии карбонатиро дуруштии муваққати низ меноманд. Ҳангоми ҷӯшидани об ионҳои Са2+ ба намуди карбонат такшин мешаванд.
Са2+ + 2НС03- = СаСОз + СаО + Н2
Ионҳои магний бошанд, ба намуди намаки асосии карбонат ё гидроксиди магний (хагагоми pH > 10,3 будан) такшин хоқанд шуд:
Mg2+ + 2НСО3- + 20Н- = Mg(OH)2C03 + С02 + Н20
Ионҳои гидроксид ОН- дар натичаи таъсири мутақобилаи ионҳои гидрокарбонат НСОз- ва об ҳосил мешаванд.
Дуруштие, ки баъди ҷӯшонидани об боқи мемонад, дуруштии ғайрикарбонати номида мешавад. Ин намуди дуруштиро намаҳои калсий ва магний кислотаҳои қави, асосан сулфатҳо ва хлоридҳо, ки дар таркиби об мавчуданд, ба амал меоранд. Ҳангоми чӯшонидани об дуруштии ғайрикарбонати бартараф намешавад. Бинобар ин онҳоро дуруштии доими низ меноманд.
Тавсифи микдории дуруштии обро дида мебароем. Дараҷаи дуруштии об ҳар хел ифода карда мешавад. Дар СССР онро ба суммаи миллиэквивалентҳои (мэкв) ионҳои Са2+ ва Mg2+, ки дар 1 л аб мавчуданд, ифода мекарданд.
Аз рӯи кимати дурушти якчанд навъи обҳои табииро фарқ мекунанд: хеле нарм — дуруштиаш то 1,5 мэкв/л; нарм — аз 1,5 то 4 мэкв/л; оби дуруштиаш миёна — аз 4 то 8 мэкв/л; дурушт —аз 8 то 12 мэкв/л; аз ҳад зиёд дурушт — зиёда аз 12 мэкв/л. Махсусан обҳои баҳру уқёнусҳо хеле дурушт мебошанд. Масалан, дуруштии оби баҳри Сиёҳ чунин аст: дуруштии калсийги — 12 мэмв/л, дуруштии магнийги — 53,5 мэкв/л ва дуруштии умуми — 65,5 мэкв/л. Дар океанҳо бошад, об боз ҳам дурушттар аст: дуруштии калсийги — 22,5 мэкв/л, дуруштии магнийги — 108 мэкв/л ва дуруштии умуми — 130,5 мэкв/л. Дуруштии оби нушоки ва обе, ки дар хоҷагии халқ истифода мешавад бояд аз 7 мэкв/л зиёд набошад.
Аксаран оби дуруштро пеш аз истеъмол нарм мекунанд. Барои ин одатан моддаҳои гуногуни химиявиро истифода мебаранд. Масалан, дуруштии карбонатиро бо илова кардани оҳаки шукуфта бартараф кардан мумкин аст:
Са2+ + 2НС03- + Са2+ + 20Н- =2СаСО3+ 2Н20
Mg2+ + 2НС03- + 2Са2+ + 40Н- = Mg (ОН) 2+ 2СаС03 + 2Н2 О
Агар ба оби дурушт якбора ҳам оҳак ва сода илова намоем, дар натича дуруштии карбонати ва ғайрикарбонатиро бартараф кардан мумкин аст (усули оҳаки-содави). Дар ин маврид дуруштии карббнатиро оҳак нест карда дуруштии ғайрикарбонатиро бошад, сода бартараф менамояд:
Са2+ + С032- = СаСОз
Mg2+ +Н СОз2- =MgC03
ва баъд
MgC03 + Са2+ + 20Н- = Mg(OH)2+ СаС03
Дигар усулҳои бартараф кардани дуруштии обро низ ба кор мебаранд, ки дар байни онҳо яке аз усулҳои ҳозирааш ба истифодаи катионитҳо асос ёфтааст.
Моддаҳои сахте мавчуданд, ки дар таркибашон ионҳои серҳаракат доранд. Ин ионҳо ба ионҳои муҳити беруна иваз шуда метавонанд. Чунин моддаҳоро ионидҳо меноманд. Махсусан, қатронҳоиҳои ионивазкунанда, ки дар асоси полимерҳои сунъи ҳосил мешаванд хеле паҳн шудаанд. Ионитҳо (қатронҳои ионивазкунанда) ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: катионтиҳо ва анионитҳо. Ионитҳое, ки катионҳояшонро бо катионҳои муҳити беруна иваз мекунанд, катионитҳо ҳам доранд. Агар ионитҳо ба муҳити беруна анионҳояшонро иваз кунанд, онҳоро анионитҳо меноманд. Ионитҳо дар маҳлули намакҳо, кислотаҳо ва ишқорҳо ҳал намешаванд. Катионитҳо,дар намуди донаҳои сиёҳ ва хокистарранг мавҷуд буда, диаметрашон аз 0,5 то 2 км мебошад. Анионитҳо низ шакли донаро дошта, сафед, гулгун ё каҳваранганд.
Барои бартараф кардани дуруштии об катионитҳо — қатронҳон сунъии ионивазкунанда ва алюмосиликатҳо, масалан Na истифода бурда мешаванд. Таркиби онҳоро шартан бо формулаи умумии Na2R ифода кардан мумкин аст, ки дар ин ҷо Na+—катиони серҳаракат ва R2-— кисми манфизаряди катионит мебошад. Масалан, дар мисоли боло
R2- = [Al2Si208 • Н2 О]2-
аст. Агар обро аз қабатҳои катионит гузаронем, он гоҳ ионҳои натрий ба ионҳои калсий ва магний иваз мешаванд. Инро схемави чунин тасвир намудан мумкин аст:
Са2+ + Na2R = 2Na+ + CaR Mg2+ + Na2R — 2Na+ + MgR
Ҳамин тариқ, ионҳои калсий ва магний аз об ба катионит гузашта, ионҳои натрий бошанд, аз катионит ба об мегузаранд. Дар натича дуруштии об бартараф мешавад.
Агар ионҳой натрий аз катиони ба микдори зиёд ба об гузаранд, одатан катионинро аз нав барқарор мекунанд. Барои ин катионитро дар маҳлули хлориди натрий нигоҳ медоранд. Дар ин маврид просесси баръакс рӯй медиҳад ионҳои натрий, ки дар маҳлул мавҷуданд, ионҳои калсий ва магний таркиби катионитро иваз мекунанд:
CaR + 2Na+ = Na2R + Са2+
MgR + 2Na+ = Na2R + Mg2+
Катионити аз нав барқароршударо боз барои нарм кардани оби дурушт истифода бурдан мумкин аст.
|
Категория: Аҷоиботи химия | Добавил: hiradmand1996
|
Просмотров: 651 | Загрузок: 0
| Рейтинг: 0.0/0 |
|
|