Якшанбе, 22.06.2025, 18:28
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 9
Меҳмонон 9
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Химия » Химияи таҳлили

В категории материалов: 1
Показано материалов: 1-1

Таҳлили катионҳои гурўҳи 1-уми аналитики.
 

       Ба катионҳои гурўҳи якуми аналитики катионҳои K+, Na+, NH4+ дохил мешавад. Калий ва натрий дар системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев дар гурўҳи якум ҷойгир шудааст. Аз ҷиҳати хосияти химиявиашон металлҳои фаъол ба ҳисоб мераванд. Ионҳои онҳо қабати ҳаштэлектронаи пуршуда дорад.Миқдори зиёди намакҳои калий, натрий ва аммоний инчунин гидроксидҳояшон дар об хеле нағз ҳал мешаванд.Гидроксиди натрий ва калий ишқорҳои қави (зўр) буда,дар маҳлули оби пурра ба ионҳо таҷзия мешаванд.Намакҳои натрий ва калий, ки аз кислотаи суст ҳосил шудаанд,ба гидролиз дучор шуда, муҳити маҳлули онҳо ба рН 7 баробар аст. Намакњое,ки аз кислотаи зўр ҳосил шудаанд ба гидролиз дучор нашуда, муҳити маҳлули онҳо реаксияи нейтрали доранд,яъне ба рН 7 баробар аст.
            Маҳлули  обии аммиак (NH4OH)-асоси суст (заиф) ба ҳисоб меравад. Намакҳое, ки аз кислотаи зўр ҳосил шудаанд, ба гидролиз дучор шуда, муҳити маҳлули онҳо ба рН 7 баробар аст. Баръакси намакҳои натрий ва калий намакҳои аммоний дар натиҷаи гарм кардан таҷзия шуда, аммиак  хориҷ мешавад.Бинобар он ин хосияти намакњои аммонийро ба назар гирифта барои дур кардани катиони NH4+ истифода мебаранд.
     Миќдори зиёди катионҳои гурўҳи якуми аналитики дар об хеле нағз ҳал мешаванд. Реагенти гурўҳи надоранд.
 
                        Тавсифи катионҳои гурӯҳи аналитики I
катионҳо: K+, Na+, NH4+
реагенти гурӯҳӣ: надорад
Реаксияи хоси катиони К+
 
1. KCl + NaHC4H4O6____________ KHC4H4O6    + NaCl
сафед
2. 2KCl + Na3[Co(NO2)6]   __________  K2Na[Co(NO2)6]    + 2NaCl
  зард
3. рангнокшавии шӯъла:
                          K+                 бунафши паст
 
Реаксияи хоси катиони Na+
 
1. NaCl + KH2SbO4  ____________ NaH2SbO4    + KCl
                                                           сафед
2. рангнокшавии шӯъла:
                        Na+            зард
 
Реаксияи хоси катиони NH4+
 
1. NH4Cl + NaOH__________ NH3    + NaCl + H2O
 
2. реактиви Несслер
 
NH4Cl + 2K2[HgJ4] + 4KOH ____________ [OHg2NH2]J   + KCl + 7KJ + 3H2O
                                                                       норанҷӣ
       Ба катионҳои гурўҳи дуюми аналитики катионҳои Ag+,  Pb2+,  [Hg2]2+
дохил мешавад. Ин элементҳо дар системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев дар гурўҳи гуногун ҷойгир шудааст. Ионњои онҳо ќабати ҳаждаҳэлектронаи пуршуда  ё қабати 18+2 электрона дорад. Реагенти гурўҳи кислотаи хлорид-2н. HCl мебошад. Катионҳои Ag+,  Pb2+,  [Hg2]2+
ҳангоми таъсир бо кислотаи хлорид такшонии сафеди дар об кам ҳалшаванда ва дар кислотаи сероб такшони ҳосил мекунад.
 
AgNO3 + HCl __________ AgCl   + HNO3
   сафед
Pb(NO3)2 + 2HCl _________ PbCl2   + 2HNO3
       сафед                                                          
Hg2(NO3)2 + 2HCl ________   Hg2Cl2   + 2HNO3
 
     Ҳангоми таъсири кислотаи хлориди консентронида пайвастагии комплекси ҳосил мекунад.
 
AgCl   + HCl  _____- H2 [AgCl3]
 
Pb Cl   + HCl  ________ H2 [Pb Cl3]
 
Ҳалшавандагии хлоридҳо дар ҷадвали 1 оварда мешавад.
 
Ҳалшавандагии хлоридҳо дар ҳарорати 200С
Хлоридҳо ҳалшавандаги дар г.л
хлориди сурб 11,0
хлориди нуқра 1,8*10-3
хлориди симоб 2,0*10-4
   
     Дар ҳарорати оби 100 0С ҳалшавандагии хлориди сурб се маротиба меафзояд дар ин вақт ҳалшавии хлориди нуқра ва симоб  чун пештара боқи мемонад. Ин хосият барои ҷудо кардани катиони Pb2+ аз катионҳои  [Hg2]2+  ва Ag+ истифода бурда мешавад. Ҳангоми таъсири хлориди симоб  бо маҳлули аммиак хлориди димеркураммоний ва симоби металли,ки такшонии сиёҳ дорад, ҳосил мешавад.
 
        Hg2Cl2 + 2NH4OH   ________         [Hg2NH2]Cl + NH4Cl + 2H2O
         [Hg2NH2]Cl  ____________   [NH2Hg]Cl    + Hg
     
     Ин барои ҷудо кардани катиони [Hg2]2+  аз катиони Ag+,   истифода бурда мешавад.

 
Химияи таҳлили | Просмотров: 2116 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 21.10.2016 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025