Якшанбе, 22.06.2025, 18:31
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 9
Меҳмонон 9
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Химия » Элементҳои химияви

В категории материалов: 4
Показано материалов: 1-4

Гидроген - Н

Гидроген унсури аввали системаи даврии унсурҳои химиявии Д.И.Менделеев буда раками гартибиаш 1 ва массаи атомиаш ба 1,0079 баробар аст.

Гидроген аз калимаҳои юнонии «ҳидро генес» гирифта шуда маънояш «тавлидкунандаи об» мебошад.

Гидроген маротибаи аввал соли 1766 аз тарафи олими англис Г'.Кавендиш муайн карда шудааст. Ба ин унсур номи гидрогенро соли 1779 олими Фаронса А.Л.Лавуазе ниҳода, аломати «Н» аз чониби олими швед Я.Берселиус соли 1814 пешниҳод гардидааст.

Гидроген унсури аз ҳама паҳншудатарини олам ба шумор рафта аз се ду ҳиссаи массаи онро ташкил медиҳад. 73%-и массаи Офтоб аз гидрогени атомй иборат аст. Дар бадани одам ба 100 атоми гидроген ҳамагй 58 атоми дигар унсурҳо рост меояд.

Гидроген гази беранг ва бебӯй буда, ҳангоми сахт хунук кардан ба моей беранг габдил меёбад ва агар хунукй давом ёбад, ба шакли моддаи сахт мегузарад.

Гайр аз гидрогени муқаррарӣ ду изотопи дигари он низ маълум аст: дейтерий - Д ё 2Н (соли 1932 аз тарафи олимони америкой Г.К.Юри, Ф.Брикведде, Г.Мэрфи ҳосил карда шудааст) ва тритий - Т ё 3Н (соли 1934 аз тарафи олимони англис М.Л.Олифант, П.Гартек, Э.Резерфорд ҳосил карда шудааст).

Дар саноат гидрогенро бо усулҳои гуногун чй аз моддаҳои гайриорганикй ва чй аз моддаҳои органики ҳосил мекунанд.

Гидроген барои синтези аммиак, кислотаи хлорид, спирти метил, барои кафшер ва буридани филизҳо, барои гидрогенизатсияи сӯзишвориҳои сахт ва моеъ, чарбҳо ва пайвастагиҳои гуногуни органикй ба кор бурда мешавад.

Дейтерий ва тритий дар саноати атомй истифода бурда мешаванд.

Ионҳои гидроген Н+ дар организм роли муҳими биологиро мебозад.

Элементҳои химияви | Просмотров: 535 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 25.10.2016 | Комментарии (0)

Молибден

Молибден аз калимаи юнонии «molybdоs» гирифта шуда, маънояш сурб мебошад. Азбаски минералҳои ин ду металл ба якдигар монанд буданд, ба як гурўҳ мансубашон медонистанд. Аввалин бор кимиёшиноси швед П.Я.Гесли (с.1781), ки печи баландҳарорат дошт, бо таклифи К.В.Шееле металлро гудохт, вале пас аз 40 сол молибдени тозаро И.Я.Берселиус ба даст овард. Танҳо дар асри ХХ истифодаи молибден амалӣ гардид. Молибден металли сафеди нуқрагун буда, бо аксар хусусиятҳояш ба волфрам шабоҳат дорад, вазнин (зичиаш 10,2 г/см3), мураккабгудоз, дар 28900С гудохта шуда, дар 48850С меҷўшад, устувор, ёзанда, кашанда ва ноқил аст. Зиёда аз 90% металли истеҳсолшуда дар металлургия, чун масолеҳи рупушкунандаи пўлод ва хўлаҳои махсус истифода мешавад. Молибден на танҳо бо волфрам, балки бо хром, манган, никел, ниобий омехта шуда, гудохтаҳои устувор, часпак, фарсуданашаванда ва аз зангзанӣ устувории он ба кор бурда мешавад. Инчунин дар саноати кимиёвӣ барои истеҳсоли катализаторҳо, тоза кардани маҳсулоти нафтӣ, пигментҳои гуногун (барои чинӣ ва шиша) ва маводи рупушкунананда васеъ истифода мешавад. Яке аз маводи конструксионӣ, барои истеҳсоли лампаҳои равшандиҳандаи барқӣ, асбобҳои электровакуумӣ (лампаҳои радио, генераторҳо, қубурчаҳои рентгенӣ), симҳои печҳои гармкунанда хизмат мекунад. Дар 1 тонн пўлод 2-5 кг, дар таркиби хўлаҳои махсус то 10 кг молибден сарф шуда, асбобҳои тезбурранда то 80 кг, зангназананда – 70 кг молибден доранд. Хўлаҳои рупушкунии пўлодини молибден дар саноати автомобилсозӣ, тракторсозӣ, авиатсионӣ ва қубурсозӣ истифода мешаванд. Пўлодҳои обутобёфтаи молибден чун зиреҳпўши танкҳо, дар сохтани аслиҳаи ҷангӣ (милтиқ, тапонча) ва тайёр кардани гудохтаҳою пўлодҳои аз ҳад зиёд сахт (стеллитҳо) маводи асосӣ мебошанд. Хўлаи «комохром» (Co, Mo, Cr) дар бадани инсон безарар буда, буғуму устухонҳои осебдидаро иваз мекунад.
Элементҳои химияви | Просмотров: 343 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 25.10.2016 | Комментарии (0)

Тилло (Зар) (Au) — элементи гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д.И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тилло - метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.

Тилло яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо мӯҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тиллоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тилло, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тиллоро Офтоб «қурси калону дурахшони тилло» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тилло рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хизмат мекард. Парастиши тилло чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тилло истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тилло дар Русия (с. 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тиллоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тилло дар қишри замин ҳамагӣ 5•10-7%-ро ташкил мекунад. Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тилло сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тиллогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тилло ва маргниқоби тиллоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тилло ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тиллоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав - ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд. Дар давраи кашфиётҳои географӣ (с. 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар тӯҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тилло, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ – бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд. Ҳоло дар пойтахти Колумбия ш. Богото дар Осорхонаи тилло 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тилло дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тиллоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тиллоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шӯъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тилло сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тиллоиро гирифта ба осорхона супориданд. Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тилло бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд. Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тиллоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Кир огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тиллоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад. Дар асри XVII тангаҳои тиллоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд. Тилло металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 - 19,2 г/см3), мулоим (сахтиаш - 2,5-3), дар ҳарорати 10630С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тиллоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76% тилло, электроника 9%, стоматология 3%, сиқкакунии тангаҳо 4% ва дигар соҳаҳои 8%, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тиллоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд. Бо тилло мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тиллоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тиллоиро медавонанд, бо тилло рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тилло сарф мешавад.

Элементҳои химияви | Просмотров: 1006 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 25.10.2016 | Комментарии (0)

КАРБОН (C) КАРБОН (лот. Carboneum, аз carbo – ангишт), С, элементи химиявии гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев, рақами ат. 6, массаи ат. 12,011. Дар табиат ду изотопи собит 12С (98,892%), 13С (1,108%) ва як радиоактиви К 14С(Т1/2 = 5,6 • 103 сол) маълуманд. Дар асоси изотопи 12С ҷадвали ҳозиразамони массаҳои атомӣ тартиб дода шудааст. Моддаи зинда 18%, чӯб 50%, ангиштсанг 80%, нефт 85% ва антрасит 96% К. доранд. К. дар пайвастҳояш бештар чорвалента аст; дар шароити муқаррарӣ нофаъол буда, ҳангоми гарм кардан сӯхта оксиди карбон (II ва IV) ҳосил мекунад. Дар ҳарор. баланд К. барқароркунандаи қавӣ мебошад; бо металлҳо – карбид, бо сулфур – сулфиди карбон, бо нитроген – сиан ҳосил мекунад. К. элементи муҳими организм буда, асоси ҳаётро ташкил медиҳад. Ҳамаи он пайвастҳои органикӣ, ки дар таъмини қобилияти ҳаётии организмҳо иштирок мекунанд, асосан аз К. иборатанд. Қисми зиёди энергияи ба организм зарур бинобар дар ҳуҷайраҳо оксид гаштани К. ҳосил мешавад. Изотопи радиоактиви К. (14С) дар биология ва тиб истифода мегардад.
Элементҳои химияви | Просмотров: 500 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 25.10.2016 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025