Якшанбе, 22.06.2025, 16:32
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Мини-чат
Статистика

Ҳамаги 2
Меҳмонон 2
Истифодабарандагон 0

Каталог файлов

Главная » Файлы » Биология » Зоология

В категории материалов: 3
Показано материалов: 1-3

Асп

 

Асп (Euus caballys), асб, борагӣ, фарас, ҳайвони тоқсуми маъмул. Сарнасли асп эогиппус мебошад, ки тақрибан 70 млн сол қабл умр ба сар бурдааст. Ҷуссаи эогиппус баробари рӯбоҳ буда, пои пешаш 4 ва пои қафояш 3 ангушт дошт.

Аспро 10 ҳазор сол муқаддам дар даштҳои моварои Осиёи Марказӣ, Дон, Днепр ва Сибири Ҷанубӣ ром кардаанд. Алҳол аз аспҳои ёбоӣ фақат аспи  Пржевалский боқӣ мондааст, ки дар даштҳои Муғулистон дучор меояд

Дар устураҳои исломӣ оид ба мухолифати аспу инсон ривояте маъруф аст. Мувофиқи он нахустаспҳо бол дош­таанд ва вақте ки Офаридгор қолаби Одамро аз гил месозад, Иб­лис ба дили асп даромада, ӯро талқин мекунад, ки алайҳи бандаи хокӣ дар пархош бошад, зеро ба вай агар ҷон дароранд, аспро зин зада савор мешавад ва пару болашро мешиканад. асп тибқи нишондоди Иблис амал намуда, қолаби Одамро лагад зада мешиканад, вале бо хости Худо ба ҳоли аввал гардонида мешавад. Ниҳоят асп хатои худро фаҳмида, дастомӯзи инсон ва як воситаи зин­дагии ӯ мегардад.

Асппарварӣ шуғли қадимии мардуми тоҷик аст. Ниёгони мо оид ба асп, нигоҳубин ва бемориҳои он чандин «Фараснома» таълиф намудаанд. Дар китоби «Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоъа» омадааст, ки «...Асп шинохтан илме шариф аст, чун касе аспро нашиносад, ӯро аз ҷумлаи нодонон шуморанд. Шинохти асп бояд ва шинохти дандони ӯ ва хуҷастагӣ ва иллату айби ӯ дар дандонҳо ва нишонҳо, ки онро бувад, то ба ҳама чизҳо доно ва имом бошад». Яке аз бобҳои китоби мазкур дар бораи муолиҷаи иллати аспон аст. Чунончи, муаллиф қайд мекунад, ки «...Асперо, ки таб гирад, нишон он аст, ки дамақ гирад ва бинӣ паҳн боз кунад ва сар фуруд дорад ва паҳлу бизанад ва дами бинӣ гарм бошад, илоҷаш он аст, ки як рӯз беалаф дорад, дигарон рӯз се ман об ва ду ман мавизи сиёҳ ва бодрӯ ва гашниз ва шоҳтара аз ҳар яке як даста андар дег биҷӯшонад, то он об ба як ман боз ояд, пас биполояд, дар даҳани сутур резад, некӯ шавад». <br/>

 

280 зоти асп мавҷуд аст (2010).

 
Аспҳо

Аз қадимулайём дар ҳудуди ҳозираи Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистон) вуҷуд доштани асппарвариро табиатшиноси венгер А. Борнс (1848), тадқиқотчиёни рус Н. Бахметев (1870), А. Вилькинс (1875), А. Ф. Миддендорф (1882), Вл. Базилевский (1907), Д. Н. Логофет (1911) ва дигарон низ қайд кардаанд. Вл. Базилевский аспҳои Осиёи Миёнаро ба туркманӣ, қирғизӣ ва қуробоҳирӣ ҷудо мекунад. Ӯ аспҳои Истаравшанро аз ҷумлаи аспҳои қаробоҳирии беҳтарин мешуморад.  Бино ба ақидаи академик А. Ф. Миддендорф, Искандари Мақдуни аспҳои сарзамини суғдиёнро истифода бурда, лашкари савораи қариб 4 ҳазор- нафарае ташкил карда буд. Дар ҳудуди ҳозираи ВМКБ асосан аспҳои бадахшӣ парвариш мекарданд. Аспҳои бадахшӣ барои кор дар шароити кӯҳсор хеле мувофиқ буданд. Сифати аспҳои бадахширо сайёҳ ва нависандаи италиявӣ Марко Поло дар асарҳояш қайд кардааст. Д. Н. Логофет с. 1911 аспҳои хонии Бухоро ба 5 навъ ҷудо мекунад:

.

Зоология | Просмотров: 257 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

ГУРБА



ГУРБА (Felis ocreata domestica), пишак, пушак, синнавр, ҳирф, ҳайвонест дарранда. Сари лунда, гардану пойҳои боқувват, чанголи тез ва думи дароз дорад; якранг (сафед, сиёҳ, малла) ё гуно-гунранг (ало, рах-рах ва ғайра.) мешавад. Мӯи баъзе ГУРБАҲО дарози паҳмоқ, ва баъзеашон кӯтоҳу маҳин аст. Гурба ҳайвони чолок буда, ба девору дарахт ба осонӣ мебарояд. Ҳангоми роҳ рафтан нармаки панҷаашро ба замин мемонад ва садо намебарорад. Чанголи Гурбаро пайҳои чандир дарун кашида меистанд ва танҳо мавриди ба дару девор часпида баромадаи ё доштани тӯъма берун мешавад. Аъзои сомеааш нағз инкишоф ёфтааст.

Аъзои шоммааш суст буда, чашмонаш эҳтимол фақат наздикро мебинад. Гурба зуд калон мешавад. Дар 7—8-мохагӣ болиғ мегардад. Соле 2 маротиба (март ва аввали июн) ҷуфтӣ мешавад. Мӯҳлати хамлаш 8 ҳафта; то 5—6 бачаи нобино мезояд (чашмн гурбачаҳо дар 9-рузагӣ кушода мешавад). Гурба мушу калламуш ва дигар зараррасонҳои хоҷагии қишлоқро нобуд мекунад. Дар шароити хона ба Гурба асосан гушт ва шир медиҳанд. Дар аснои нағз нигоҳубин накардан Гурба ба борот, полиз ё дашту саҳро гурехта, ёбоӣ мешавад, мушу паррандаҳоро дошта мехӯрад, лонаи паррандаҳоро вайрон ва чӯҷаи онҳоро нобуд мекунад. Ин гуна Гурбаҳоро нест бояд кард, зеро онҳо паҳнкунандаи касалиҳои сироятӣ (кали-ё чараб, шукуфаи муйчин) ва паразитии (трихинеллёз, описторхоз, дифиллоботриоз ва ғайраро) одам ва ҳайвонот мебошанд.

Зоология | Просмотров: 297 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Гург



Гург, ё гурги хокистаранг, ва ё гурги муқаррарӣ (лотинӣ: Canis lupus) — навъ (зот)-и ҳайвоноти ширхор аз оилаи саг (Canidae). Қатори гурги даштӣ (Canis latrans) ва шағол (Canis aureus) наонқадар насли гургро (Canis) ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, чӣ тавре, ки натиҷаҳои таҳқиқоти последовательности ДНК ва дрейф генов нишон медиҳад, мустақиман аз насли сагҳои хонагист, ки муоинаҳояш ҳам одатан мисли ҷинси фаръии гург (Canis lupus familiaris) аст. Гург яке аз ҳайвони бениҳоят калони замонавӣ дар оилаи худ аст: дарозии танаш (бе ҳисоби думаш) мумкин то 160 см дароз шавад, дарозии думаш — то 52 см, қадаш то 90 см; вазни ҷасадаш мумкин то 80 кг. расад.

Махсусан узвҳои шомма сомеаи Гург нағз инкишоф ёфтаанд. Аз саг бо танумандӣ, сари дарозруя, гушҳои нуктези рост, ҷоғу дандонҳои калон, пойҳои боқувват ва думи фаххаи овезонаш фарқ мекунад. Гургҳо 10 - 12 навъ мешаванд. Дар Тоҷикистон гурги даштӣ ва гурги тибетӣ мавҷуд аст. Ҳангоми парвариши бачаҳояш дар лона зиндагӣ карда, дигар вақтҳо оворагардӣ мекунад. Хурокаш ҳайвоноти вахшӣ ва хонагӣ, аз қабили заргӯш ва дигар хояндаҳо, хазандаҳо, саг, парранда ва ғайраҳо мебошад. Гург 15 - 16 сол умр мебинад.

Зоология | Просмотров: 293 | Загрузок: 0 | Добавил: hiradmand1996 | Дата: 08.10.2016 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Copyright MyCorp © 2025