Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии
организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, вазифаҳои
зеринро иљро мекунад: нақлиёти, нафаскаши, кимиёвӣ, хуморали,
ва ғайраҳо.
Таркиби хун. Дар организми одами калонсол қариб 5 литр
хун мавҷуд аст. Хун ҳамчун бофтаи пайвасткунанда аз ду
қисм иборат мебошад. Ҳангоми хунро ба пробирка гирифта ба
асбоби чархзананда (сентрифуга) давр занондан, ба ду қисм људо
шудани хунро дидан мумкин аст. Қисми болоии онро плазма
ва қисми поёнашро ҳуљайраҳои хун: эритроситҳо, лейкоситҳо
ва тромбоситҳо ташкил мекунанд. Таркиби плазмаи
хунро қариб 90-92% об ва 8-10% моддањои узви, сафедаҳо, чарбҳо,
глюкоза, ташкил мекунанд. Аз моддаҳои ғайриузви намакҳои
минерали, ба монанди натрий, калий, калсий, магний ва ғайраҳо
ба таркиби хун дохил мешаванд. Таркиби плазмаи хун доими
буда, дар ҳолати тағйирёбии он организм ба ҳалокат дучор
мешавад. Моддаҳои зиёдатие, ки дар организм ҳосил мешаванд,
тавассути узвҳои ихроҷ аз организм дур карда мешавад: хун дар
шуш аз гази карбонат ва дар гурда аз оби зиёдати ва намаки
минералии дар он њалшуда озод мешавад.
Лахташавии хун. Дар ваќти осеб дидани рагњо хун лахта
шуда, организмро аз хунравии зиёд эмин медорад. Хун оҳиста-оҳиста лахта шуда, ҷои зарардидаи рагро мебандад ва бо ҳамин
хунравиро боз медорад. Бо гузаштани вақт девори раги хун
сиҳат шуда, лахтаҳои хун нест мешаванд.
Сафедаи ҳалнашавандаи нахҳои фибрин асоси лахташавии
хунро ташкил медиҳад, ки вай аз сафедаи дар плазма ҳалшудаи
фибриноген таркиб ёфтааст. Барои ҳосилшавии нахҳои фибрини
омилҳои узви, сафедањо ва моддаҳои ғайриузви, хусусан ионњои
калий роли муайянро иљро мекунанд. Мўҳлати лахташавии хун
аз ҳарорати муњит вобаста аст. Масалан, дар ҳарорати гарми
хун дар давоми 3-5 даиқа лахта мешавад. Дар таркиби лимфа
фибриноген низ њаст.
Баъзе одамон бемории модарзоди доранд, ки хунашон умуман
қобилияти лахташави надорад, ки онро гемофилия меноманд.
Чунин одамон њангоми каме захмдор шудан аз сабаби хунравии
зиёд ба ҳалокат гирифтор мешаванд. Барои барқарор кардани
њолати муқаррари мањлулњои физиологї – NaCl, CaCl ва ѓайра
интиқол карда мешаванд. |