Душанбе, 23.06.2025, 01:29
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Мини-чат
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Статистика

Ҳамаги 10
Меҳмонон 10
Истифодабарандагон 0

Главная » 2016 » Октябр » 9 » Зира
11:00
Зира

Хусусиятҳои доругии Зира


Зира растании бисёрсолаи алафии мансуби оилаи чатргулҳо мебошад.Пояи рост, барги пармонанд, гултӯдаи чатршакл ва гули майдаи сафеди дуҷинса, дони дарозруяи хушбӯй дорад.Зира дар кишварҳои Баҳри Миёназамин паҳн гаштааст. Дар Тоҷикистон зира дар доманакӯҳҳо, пасткӯҳҳо, дар нишебиҳои кӯҳ  600 то 2500м мерӯяд.
  • Зираро як шабонарӯз дар сирко тар карда,баъд дар бинӣ бирезанд ё он сиркоеро, ки зира тар карда шуда буд, дар бинӣ кашанд ва ё даруни биниро аз он зираи таркардашуда пур кунанд хуни биниро мебандад.
  • Зираро як шабонарӯз дар об тар карда, бад он обро дар чашм чаконанд, хунравии онро қат мекунад, пардаи дар он афтодаеро,ки чашмро торик мегардонад пок месозад, реши чашмро шифо мебахшад, нуқтаҳои сурхи даруни чашмро мебардорад,кабудии хуни дар шери пӯст мурдаро дафъ менамояд (барои охиринаш хусусан равғани зайтунро дар омехтаги чаконанд беҳтар аст).
  • Зираро бо намак хойида оби онро дар чашм чаконанд, қутӯри чашм ва сурхии онро бартараф мекунад; инчунин баъд аз бурида дур сохтани нохунак бичаконанд, баҳам часпонидани ҷойи онро манъ мекунад.
  • зираро бо сафедии тухми мурғ якҷо хойида бичаконанд, дарди чашмро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад.
  • • Зираро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, назлаҳоро мебандад ва дарди дандонро таскин медиҳад, хусусан бо кокутӣ ҷӯшонида бошанд, дар ин бобат қавитар мегардад.
  • • Зираро бо обе, ки сирко омехта бошанд, биёшоманд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас) ва дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш сардӣ бошад, шифо мебахшад.
  • • Хӯрдани зира ҷигар, меъда, гурда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад; иштиҳоро ба ҳаракат меоварад, бодҳои дохилиро таҳлил медиҳад; ҳикак (ҳиқичоқ)-и рутубӣ ва бодӣ, ҳазм ноёфта фуромадани таом, дарди рӯдаҳо аз бисёрии бод, варами сипурз, исҳоли рутубӣ (дар исҳоли рутубӣ хусусан бирёнкардаи он қавитар) – ҳамаашро шифо мебахшад; пешоб ва ҳайзи бандшударо меронад, чакмезакро ба ибро меоварад.
  • • Чун зираро бо намак якҷо хойида фурӯ баранд, равон шудани рутубатҳои бемавриди меъдаро қатъ мекунад.
  • • Агар зираро як шабонарӯз дар сирко парварда, яъне тар карда, баъд хушк намуда бихӯранд ва ба ин амал мудовамат намоянд, одати бади хок хӯрданро қатъ мекунад.
  • • Зираро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, бодҳои зарарноки рӯдаҳо, меъда ва гурдаро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад.
  • • Зираро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро қатъ менамояд.
  • • Кӯфтаи зираро бо равғани зайтун хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад.
  • • Зираро бо шароб биёшоманд, заҳри морро аз бадан дафъ мекунад.
  • • Зираро кӯфта, бо орди боқило сиришта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; бо мумравғани зайтунӣ ва бо орди боқило сиришта гузошта банданд, варами хояҳоро пас мегардонад.
  • • Агар зираи кӯфтаро ба захм ва ҷароҳатҳо пур кунанд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
  • • Зираро кӯфта, бо об сиришта бимоланд ё бо он бишӯянд, башараро пок мегардонад.
  • • Зираро бардавом бихӯранд ё арақи онро муттасил бинӯшанд, баданро лоғар ва рангро зард мекунад.
  • • Чун оби зираро бар бадани тифли навзод бимоланд, дар тамоми умр дар бадани ӯ шапуш пайдо намегардад.
  • • Вале хӯрдани зира ба шуш зарар дорад – давояш катиро хӯрдан аст.
  • • Миқдори як бор хӯрдан аз зира дар як рӯз то 7 грамм аст.
  • • Зира барои одамони хунукмизоҷ, пирон ва балғаммизоҷон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хӯришҳои хушбӯйи таом, масалан, бо шибит ва дорчинӣ, ҳангоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро сабукҳазм, қавӣ мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад ва бодҳоро таҳлилдиҳанда мебошад
Просмотров: 502 | Добавил: hiradmand1996 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябр 2016  »
Дш Сш Чш Пш Ҷм Сб Яш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Copyright MyCorp © 2025