Душанбе, 23.06.2025, 01:24
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Мини-чат
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Статистика

Ҳамаги 9
Меҳмонон 9
Истифодабарандагон 0

Главная » 2016 » Октябр » 9 » Витаминҳо
09:17
Витаминҳо

 Витаминҳо

Витамини А (ретинол). Витамини А дар табиат васеъ паҳн шудааст. Маҳсулотҳои аз ҳайвонот ҳосилшуда, аз ҷумла ҷигари чорвои калони шохдор, зардии тухм, шир, ҷигари моҳи ва ғайра бо витамин бой мебошад. Инчунин сабзӣ, занҷабил низ манбаи витамини А мебошад.
Ҳангоми норасоии витамини А сабзиши устухонҳо суст шуда лоғарӣ ва камқувватшавии он, осеби махсуси пӯст  ва луобпардаҳо, хушкшавии пардаи чашм ба назар мерасад. Нишонаи аввалини норасоии витамини А шабкӯрӣ (дар шаб надидани ашё) мебошад

Витамини D (калсиферол). Витамини  D аз ҳама беҳтар дар таркиби маска, зардии тухм, ҷигар, равған ва равғани моҳӣ мавҷуд аст.
Ҳангоми норасоии витамини D дар организм ҷараёни ташаккули устухонҳо халалдор мешавад. Кӯдакон аз сабаби норасоии ин витамин ба касалии рахит гирифтор мешавад.

Витамини Е (токоферол) Манбаи муҳими витамини Е равғанҳои растанигӣ (пахта, офтобпараст, ҷуворимакка ва ғайра) инчунин дар карам ва ғалладонагиҳо низ мавҷуданд. Витамини Е  дар маска ва зардии тухм ҳам мавҷуд  мебошад.
Ҳангоми норасоии витамини Е инсон ба бемориҳои безурёти, дистрофияи мушакҳо  ва дегенератсияи ҳароммағз дучор мешавад.

Витамини К. Ба ин гуруҳ витаминҳо К1 ва К2  мансубанд.Растаниҳо, аз ҷумла карам ва каду аз ин витаминҳо бой мебошанд.
Ҳангоми норасогии витамни К дар  организм хунравии капилярӣ, камшавии лахтбандии хун ба назар мерасад.


 
Просмотров: 480 | Добавил: hiradmand1996 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябр 2016  »
Дш Сш Чш Пш Ҷм Сб Яш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Copyright MyCorp © 2025