Статистика
Ҳамаги 5 Меҳмонон 5 Истифодабарандагон 0
|
Главная » 2016 » Октябр » 16 » Лавҳа дар васфи модар
19:01 Лавҳа дар васфи модар |
МОДАР, эй латифтарин гули бустони хасти! Эй богбони хастии ман. Нафасхои ту буи бихишт медиханд, ту худ аз чинси бихишти! Бихишт зери пои туст. Ту мехрубонтарин ситораи хасти, ки ман дорам. Намедонам, то кучои дунё метавонам аз мехрубонии ту бинависам!
Ту бо маниву ман бехабар зи худ. Ту ошнову ман дидаам гариб бо худ. Солхост мепарвари марову хар лахза мунтазири лабхандам хасти. Солхост,ки ман туро он кадар, ки лоики он хасти, нашнохтаам. Солхост, ки дар васфи ту дар мондаам. Худоё, ту васф кун, ки натавонам, ту бигу, ки ман безабонам. Зи васфи ин бандаи ту ман дар хайрату ачзам. Чи гуна васф кунам он шабхоро, ки ман хобу у бедор, ман хобу у дар фикри дунёи ман, дар фикри фардову фардохои ман. Ман гофил аз дунёи хешу у олим ба дунёи ман. Ман паи хатокориву у хар шаб паи покии ман. Гаштам миёни шеърхо, макоми ту зи шеърхо воло. Гаштам миёни богхо, Худованд бунёд карда бихишт зери пои ту.
Садои ту ошнотарин каломест, ки мешиносам. Ту рухи тамоми шеърхои ошикони, ки бояд бисароянд! Хама мехрубонихо ба лабханди ту меарзанд! Аллаи ту суруди нахустини зиндагии ман аст! Ман дилтангихоямро дар огуши гарми ту фаромуш кардам ва аз овони кудакиям бо садои нарму форамат, бо аллахои нозпарварат дар калби кучакам мехри сухан гуфтанро парвариди. Хануз дуст дорам соатхо дар огуши мехрубонихои ту гиристанро. Ту мисли он паррандае, ки ман тавонистам солхои сол пешониашро бибусам. Худо кунад, битавонам тамоми рузхо васфи туро бисароям.
Туи, ки худ бихишти! Ту аввалин ва бошукухтарин неъмати Аллох, ки ман дидаам. Сарчашмаи тамоми ПОКИХО ДОМОНИ ТУСТ! Аз домони туст, ки мард ба меъроч меравад. Рухат аз тамоми оинахо зулолтар аст. Гармии огушат бехтарин панохгохест, ки барои рузхои дилтангии кудакона сурог дорам. Буи исматат дилнавозтарин насимест, ки зимистонро ба бахор наздиктар мекунад. Ту вориси покдомании Марями! Ту аз тамоми гунчахое, ки мешиносам, поктари!
Модар, харчи дар китобхои лугат кофтам,ки калимае пайдо кунам, то битавонад, макому манзалати туро он тавр, ки шоистаи макоми болои ту бошад, бирасонад ва бузургии туро ситоиш кунад, наёфтам. Оё дар дунё бехтар аз модар шахсе вучуд дорад? Харгиз. Замоне, ки аз у меандешам, тамоми вучудам баробари захамоту машаккоти модар таъзиму такрим менамояд.
Зеботарин таърифе, ки дар васфи модар будааст, ин он кавли хабаби Худост, ки фармуд: « Бихишт зери кадамхои модарон аст».
Ба хок гуфтам, аз макоми модар, укёнусхоро нишонам дод. Ба об гуфтам, аз макоми модар, кахкашонро нишонам дод. Ба бод гуфтам аз атри огушаш, машоми бихиштро масти шамими хеш кард. Ба оташ гуфтам аз харорати ишкаш, араки шарм бар чабини хуршед нишонид.
Модар, яъне шамъ, яъне табассуми гаранбахо дар оинаи ишки илохи! Туро дуст дорам ба андозаи хамаи мехрубонихоят. Туро ошикам ба андозаи тамоми мехри модарият. Ту сапедатарин иттифоки дунёи. Ранчхоро ба худ харидиву анбуху дардхои токатфарсоро тоб оварди. Дар хар тапиши калбат дардхоро ба чон хариди, то солиму хушбахт ба воя бирасам.
Ту насиме хасти дар хаёли дилангези субх, парастуи сабукбол дар осмони хушбахти. Дастхои мехрубони туро он хангом, ки бар сарам мекашиди, дар ёд хохам дошт, дар тамоми пирузихоям, хамеша ёд хохам дошт, касе, ки нози маро мехарад, ту, модари! Касе, ки хеч гох бахонахои ман хастааш накардааст, ту, модари!
Модар, эй сояи алтофи Худо! Эй саросар хама мехр! Эй дилангезтарин маънии ишк! Эй, ки ёдат хама оромиши ман, эй вучудат хама хохиши ман. Дасти ту гармтарин гармии мехр, мехри ту поктарин маънии ишк! Нафасат роихаи райхон аст. Дидаи руи накуят, модар, хама дарди маро дармон аст. Хона бо будани ту бехтарин боги дилангези Худост. Поктар аз хама покихои, хубтар аз хама хубихои, босафотар аз хама дунёи, МОДАРАМ!!!
Сояи лутфи Худои, модар,
Маънии ишку вафои, модар.
Шеъри ман лоики тафсири ту нест,
Авчи мехриву сафои, модар.
|
Просмотров: 1258 |
Добавил: hiradmand1996
| Рейтинг: 1.0/1 |
|
|