Якшанбе, 22.06.2025, 17:59
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Мини-чат
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Статистика

Ҳамаги 2
Меҳмонон 2
Истифодабарандагон 0

Главная » 2016 » Октябр » 9 » Испанд
11:43
Испанд

Испанд

Испанд  баландиаш 20-80 см ва бўи сахти ба худ хос дорад. Решааш – тирреша буда, дарозиаш то 3 см ва ғавсиаш то 10 см мебошад. Баргҳояш – паҳанаки барги испанд бо 2-3 ќисм таќсим шудааст. Гулҳояш – ранги зарди паст ва ё сафедчатоб мебошанд. ҷойгиршавиашон яктогӣ бо думчаҳои кўтоҳ буда, косабаргҳояш 5-то, одатан ба 3 ќисм таќсимшудагӣ, дарозиашон 11-25мм, гулбаргаш 5-то дарозиаш 1,2-2,5 см мебошад. Мева – ќутичаи доирашакл, камтар пачаќи сеќисмаи сепалла, диаметраш 1-1,2 см мебошад. Тухмаш – ранги ҷигарӣ ва ё ҷигарии баланд дошта, кунҷдори камтар ноҳамвор буда, то 4 мм дар дарозӣ мебошанд. 18 Як растанӣ то 120 ҳазор тухм меандозад. Вазни 1000 дона тухмаш ба 2,5-3г баробар аст.

Макон

Испанд дар ҷойҳои офтобрўя, лаби ҷариҳои кўҳҳо, дар нишебиҳои кўҳҳо ва адирҳо вомехўрад. Моҳҳои май-август гул карда мева медиҳад.

Сифати доругӣ

Испанд аз даври ќадим ҳамчун растаниҳои дорувории машҳур маълум буд. Дар китоби ќадимаи форсу-тоҷик «Авесто» (асри XII-V пеш аз молод) ҳамчун растание, ки барои ором кардани системаи асаб ва ҳамчун моддаи барои хушбӯй кардан, яъне бўи бадро нест кардан истифода бурда мешуд. Бо испанд беморҳоро ва мурдаҳоро дуд карда му- олиља мекарданд. Олимони юнонӣ Диоскорид (асри 1) испандро ҳамчун даруворї барои табобати сустбинии чашмҳо истифода мебурд. Сион дар китоби худ «Алќонун» испандро ҳамчун доруворӣ барои табобати дарди узвҳо ва буғумҳо пешниҳод мекард. Барои истеҳсолоти фармокологї испандро дар ваќти гулкуниаш мечинанд, барои ин ќисмҳои болоии растаниро бо достҳо бурида, дар болохонаҳо ё ки дар таги соябонҳо бо ќабатҳои 7-10 см дар болои ќоғаз ё латта хушк мекунанд. Аз алафи испанд ва тухмаш моддаҳои алкалоидро (пегамин ва гармин) -ро ҷудо карда мегиранд. Тафтишотҳои фармокологї нишон доданд, ки обҷўши (настой) 1% ва 10  % аз алафи испанд тайёр кардагї зидди стафилакок муборизаи фаъолона бурда метавонад ва дар об љўшонида 1% ва 0,25% алафи испанд хусусияти сахти зидди микробиро дорад.
Просмотров: 906 | Добавил: hiradmand1996 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябр 2016  »
Дш Сш Чш Пш Ҷм Сб Яш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Copyright MyCorp © 2025