Якшанбе, 22.06.2025, 18:07
Приветствую Вас Гость | RSS

Хуш омадед!

Меню сайта
Мини-чат
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 116
Статистика

Ҳамаги 5
Меҳмонон 5
Истифодабарандагон 0

Главная » 2016 » Октябр » 9 » Бемории зуком
12:14
Бемории зуком
Бемории зуком
 
На ҳама бемории роҳи нафас зуком аст. Баробари пайдо шудани сулфа ё атса, дарди гӯшу  гулӯ ё рафтани оби чашму бинӣ  ҳатман ба ҳамдигар мегӯем, ки «зуком шудаӣ». Вале набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама нишонаи танҳо зуком нест ва метавонад бемориҳои шадиди роҳи нафас низ бошад.
  • Пас, зуком чӣ гуна беморист ва сабаби асосии гирифторӣ ба он дар чист?

Зуком (русси: грипп) бемории вирусӣ буда давомнокии он ду ҳафта, яъне 14 рӯз аст. Мо дар ин муддат онро табобат кунем ҳам мегузараду табобат накунем ҳам мегузарад, вале фарқияташ дар он аст, ки агар онро табобат кунем пурра нест мешавад, вале агар табобат накунем нишонаҳои аввал ё худи бемории зуком мегузараду оризаҳояш боқӣ мемонанд. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш, ки онро патит ҳам мегӯянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зукоманд, ки метавонанд шакли музминро гиранд. Сабаби асосии беморшавӣ суст шудани қувваи муҳофизатии организм аст. Чун қувваи муҳофизатӣ суст шуд, инсон ба ҳама гуна беморӣ, аз ҷумла ба зуком низ зуд-зуд гирифтор мешавад. Аз ин хотир, аввал бунияи инсонро бояд мустаҳкам кард. Зуком бештар дар ҳавои намӣ, фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Ҳамчунин шамоли дутарафа метавонад сабаби беморшавӣ гардад.

  • Тафовути зуком аз бемориҳои роҳи нафас дар чист ва чӣ нишонаҳо аз беморӣ дарак медиҳанд?

Дар ҳар ду ҳолат ҳам таби баланд, дарди сар, дарди гулӯ, обравӣ аз чашму бинӣ, гирифтани димоғ ва сулфа пайдо мешаванд. Фарқ дар он аст, ки ҳангоми зуком ҳамин дардҳо шакли вазнинтарро мегиранд. Ҳамчунин ҳангоми зуком дарди мушаку устухон ё буғумҳо авҷ мегиранд, ки ин нишона ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас дида намешаванд. Дар давоми 3-4 рӯзи аввал хуруҷи бемор ба назар мерасад ва пас аз рӯзи 4-5 - ум вазъияти бемор то андозае ба эътидол меояд ва боз дар рӯзҳои 10-11- ум як бори дигар беморӣ хуруҷ мекунад, вале нисбат ба рӯзҳои аввал каме сабуктар. Ва пас он ҳамаи аломатҳои беморӣ бартараф мешаванд. Барангезандаи зуком вирус аст, бемориҳои роҳи нафас бошанд вирусӣ нестанд. Зуком гузаранда аст. Ҳангоми гирифторӣ ба зуком сулфаи балғамдор пайдо мешавад, ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас бошад аксаран сулфаи хушк ба назар мерасад.

  • Зуком бо кадом роҳҳо мегузарад ва чӣ тавр онро пешгирӣ кардан мумкин аст?

Агар бемори гирифтори зуком худро нағз нигоҳубин кунад, дар давоми 7 рӯз бемориаш мегузарад. Зуком бо роҳи қатраӣ-ҳавоӣ аз нафари бемор ба каси сиҳат мегузарад. Аз ин хотир, аз рӯзи аввал нӯшокиҳои гарм, чун чой, чой бо лимӯ ва асал, бо мураббо, нӯшоба аз гиёҳҳои шифобахш шифобахш (гвоздика, коланхоэ, душица) метавонад пеши роҳи ин бемориҳоро гирад. Ҳамчунин ба оби гарми хокаи ҳардал (горчица) дошта то 10-15 дақиқа доштани дасту пойҳо манфиатбахш аст. Истеъмоли чойи хунук ё нӯшобаҳои хунуки дигар сабабгори гирифтор шудан ба бемориҳои вазнинтаре, чун илтиҳоби шуш, атити шадид (дарди гӯш) ва гайморит шуда метавонанд. Аз ин рӯ, ҳамаи нӯшокиҳоро дар шакли гарм истеъмол намудан лозим аст.

  • Вақти гирифторӣ ба зуком чӣ бояд кард?
Агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бояд бо беморӣ мубориза барад. Агар ҳамин нишондодро мо ба таври сунъӣ паст кунем, рафта-рафта ҷисм ба он одат мекунад ва минбаъд низ наметавонад бо он мубориза барад. Дар ин ҳолат агар ба бадани бемор маҳлули спирту обро омехта молед, табро паст мекунад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани таби бадан доруи паратсетамол ё дигар доруҳои дар таркибашон паратсетамолдошта барои кӯдакон ба миқдори 0,2 мг ва барои калонсолон ба миқдори 0,5 мг дар як рӯз 3 маротиба тавсия дода мешавад. Барои кӯдакон бештар кислотаи аскарбин ва витамини ревит тавсия дода мешавад. Бештар ҳангоми пайдоиши зуком, ки барангезандааш вируси навъи А мебошад, доруи ремантадинро тавсия додан мумкин аст. Онро дар рӯзи аввал 100 миллиграмм се маротиба, рӯзи дувуму сеюм 100 мл. ду маротиба, ва дар рӯзҳои 4-5-ум ба миқдори 100 мл. рӯзе як маротиба истеъмол кардан мумкин аст. Барои пешгирии зуком бошад, дар муддати то 2 ҳафта рӯзе 50 миллиграмӣ тавсия дода мешавад. Барои сари вақт паст кардани таби кӯдакон шамъчаҳои табобатии виферон низ кӯмак мерасонанд. Дар ибтидо истифодаи ҳаби аннаферон зукомро хуб пешгирӣ намуда, онро сари вақт бартараф месозад. Ба хусус барои кӯдакон хеле муфид аст. Дар рӯзи аввали беморӣ онро 8 маротиба ҳар ду соат додан мумкин аст. Ҳар ҳаби онро 15-30 дақиқа пеш аз хӯрок ё ним соат пас аз он истеъмол кардан лозим аст. Аз рӯзи дуюм то пурра шифо ёфтан рӯзе 3 маротиба тавсия дода мешавад
Просмотров: 1490 | Добавил: hiradmand1996 | Рейтинг: 2.0/2
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябр 2016  »
Дш Сш Чш Пш Ҷм Сб Яш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Copyright MyCorp © 2025